Аз кор мондани Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа – маркази вилояти Хатлон – аз кор бозмонда, беш аз 120 нафар кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристодааст. Дар ин фурудгоҳ то 200 нафар фаъолият мекарданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 12-уми сентябр  гуфтанд, ягона ширкати русие, ки дар масири Қӯрғонтеппа-Маскав-Қӯрғонтеппа парвоз анҷом медод, аз ин масир ҳам даст кашид. Ин парвоз ягона манбаи даромади фурудгоҳ буд.

Шамс Исоев, яке аз муҳандисони Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа  гуфтааст, “то моҳи майи имсол ширкати русии “Вим Авия” дар масири Маскав-Қӯрғонтеппа ва Қӯрғонтеппа-Маскав парвоз анҷом медод. Аммо ин ширкат парвозҳояшро қатъ кард ва маъмурияти фурудгоҳ бинобар набуди даромад ва қарздорӣ аз андоз маҷбур шуд аксарияти коргаронро ба рухсатии бемузд фиристад.”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply