Аз Душанбе ба Тошканд автобусу қатораҳо низ мераванд?

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, Узбекистон

Рӯзи 26 декабр дар шаҳри Душанбе иҷлоси навбатии кумиссиюни ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон доир мешавад. Ин нахустин чунин музокироти сатҳи баланди ду кишвари ҳамсоя баъди расман ба мақоми президенти Узбекистон нишасти Шавкат Мирзиёев мебошад.

Бино ба маълумотҳо дар ҳукумати Тоҷикистон, ҳайъати Тошкандро дар музокироти ҳафтаи оянда дар Душанбе муовини сарвазири УзбекистонРустам Азимов ва ҳайъати Тоҷикистонро муовини аввали сарвазири ин кишвар Давлаталӣ Саид раҳбарӣ мекунанд. Интизор меравад, дар ҷаласаи навбатии кумиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон як силсила масоили муҳими ҷамъшуда дар равобити ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шавад. Аз ҷумла интизор меравад, ки Душанбеву Тошканд дар ин нишаст пиромуни аз сар гирифтани равуои нақлиёти заминӣ, бо шумули автобусҳо ва қаторҳои роҳи оҳан ба тавофуқ даст биёбанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply