Аз берун ба тоҷикон санг назанед, хонум! (Видео)

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар сомонаи «Оrien.info» муроҷиати як хонумро тамошо кардам, ки худро шаҳрванди Тоҷикистон ва истиқоматкунандаи Туркияву таҳсилдидаи Эрон муарриффӣ мекунад. Ин хонум бо лаҳҷаи хеле гӯшхароши эронӣ (ба қавли худаш форсӣ) мо мардуми тоҷикро ба бахилӣ айбдор намуда мегӯяд, ки агар як нафар пулдор шавад шумо бахилӣ мекунед.

Барои ҳамин ба хизматгори каллазардҳо шудаеду, «Худо накунаду Руссия як шатта андохта бадаратон кунад». Баъдтар ин хонум мегўяд, ки тоҷикон дар «коментарияҳояшон» Эмомалӣ Раҳмонро суханҳои ҳархела мегўянду ҷанги бародаркушро фаромўш кардаанд. Ман ҳамчун як тоҷик натавонистам таҳқирҳои як зани ҳарзабофи нотоҷикро нисбат ба миллати хеш нодида бигирам, зеро ӯ тамоми тоҷиконро ба носипосӣ нисбат ба Сарвари давлаташон гунаҳгор мекунад…

Хонуми муҳтарам, аввал ин ки ҳеҷ боварам намеояд, ки шумо тоҷикед, зеро симои тоҷикӣ надоред. Абруву мижгонҳои ороиятию рангу боратон низ натавонистааст симои шуморо тоҷикӣ кунад. Рўймолаки ғалатии сиёҳи тори саратон, ки дар даҳ дақиқа онро бист бор дуруст мекунед, анъанаи кадом миллат аст номаълум. Баъд ин ки тоҷики асил ман таҳсилдидаи Эронам гуфта забони модарии худашро ба лаҳҷаи Теҳрон, ки шумо форисияш меномед иваз намекунад. Хонуми гиромӣ, дар бораи он ки мо миллати бахилем, номаъқулро сад бор кардед!!! Миллате чун тоҷик қаноатпешаю дасткушод ва покният ками дар кам аст, вале беҳуда бародарони русамон нагуфтаанд:-«Семья без уродов не бывает». Ҳамонҳое, ки аз бекорию бахилию ҳасад шабу рўз дар чатҳо нишаста ба сӯйи Пешвои миллати мо санги маломат мезананд, мисли шумо эронипарасату туркдӯстдоранд. Як мақоли халқиест, ки «Кулӯх ба девор намечаспад», агар Исмоили Сомонӣ худро девори Бухоро мегуфт, девори баланду маҳками атрофи Тоҷикистон имрӯз Президенти мост. Ва он кулухакҳои ба сӯйи ӯ партофта ҳеҷ таъсире ба меҳру муҳаббати халқи оддӣ надорад.Ман шахсан худам як чизро мушоҳда кардаам, ки Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадорест, ки ҳатто душманонаш оҳиста-оҳиста ба бузургию хирадмандияш тан дода ба ӯ дӯст мешаванд. Чӣ олимони тарафдори мухолифин буданду дар амрико паноҳанда, имрӯз дар сояи давлати ин марди бузург зиндагӣ доранд, чӣ шоироне аз он сӯйи уқёнус ба сӯйи ватан санги маломат афканда, дар шеърҳояшон аз Президент ва сиёсташ эътиқод мекарданду имрӯз дар ҳаққаш маҳдияҳо эҷод намуда аз мурувваташ баҳравар мегарданд, чӣ душманони сарсахташ, ки равзанаи ғайбат кушода мисли занҳои аламдида ғайбат мекарданду ғайбат мекарданд, имрӯз мехоҳанд бо ӯ вохӯранду ба Тоҷикистон биёянд…

Шумо низ шояд аз ҳамон камтаринҳо ҳастеду ба хотири манфиати шахсӣ хешро дар назари Президенти мо ширин карданӣ ҳастед? Марҳамат агар ватанро пазмон шудаед ё ба қавли худатон туркҳои «шатта андохта бадаратон карданиянд» биёед, халқи тоҷик низ мисли пешвояшон бахшандаю меҳрубон аст, вале миллати моро таҳқир накунед! Чӣ аз ҳамон «Истомбул»-е ки имрӯз ватани шумост, миллионҳо нафар дар Руссия муздурӣ намекунанд?! Ё Эрдоган ба дастбӯсии ВладимирПутин беҳуда шитофт?! Аз хотир набароред, ки миллати рус ҳамдину ҳамзабони мо набошад ҳам, дар ҳама сахтиҳо пушту паноҳ ва бародари тоҷикон аст, бовар кунед ин миллат ҳеҷ гоҳ сӯйи мо шатта намеандозад. Мо аз шаттаҳои охундҳои эронӣ ва оққоҳои турк зиёдтар метарсем, зеро душманони миллати моро ҳамеша паноҳгоҳ медиҳанд. Куҷо терористу эктиримист, хоину ватанфурӯше набошад, баъди баромадни бӯйи ифлосияшон сӯйи Эрону Туркия медаванд. Хоса ба Эроне, ки шумоҳо онҷо таҳсил кардаед!Ва он ҷабре, ки таҳсилдидаҳои Эрон ба сари ин миллати бечора оварданд, онро ҳам медонем!

Хонуми муҳтарам. Пешвои миллати мо ифтихори мост, ӯ пуштибони миллат ва ҳар тоҷики баномус- дар маҷмўъ МИЛЛАТ пуштибони ӯст. Шумо чандин сол боз дар ким-куҷоҳо гашта аз куҷо медонед, ки миллати тоҷик ба Президенти маҳбуби худ чӣ гуна меҳр дорад?! Ман бо боварии том ба шумо мегўям, ки Эмомалӣ Раҳмонро аз кӯдак то мӯйсафедон дӯст медоранд ва дуои ҷонашро мекунанд. Миллати тоҷик пайрави Пешвои худ ҳастанду зери роҳбаладии хирадмандони ӯ ба қуллаҳои баландтарини мақсуд мерасанд, зеро нияташон пок аст. Дар охир як хоҳиш дорам, ки илтимос дигар бо вазъҳои ба ҳазёни девона монандатон милати моро паст назанед, Президенти мо ба пуштибонии шумо ниёз надорад!

Маҳваши Баҳодур, омӯзгор

Видеое, ки дар сомонаи «Ориён-инфо» нашр шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • «Омузгор»-и мухтарам, мо хам гуш кардем ин суханрониашро. Ин ки дар кучо тахсил кардаву дар кучо зиндаги мекунад, маънои онро надорад, ки уро аз сафи точикон хат занед ва ин хакро хам надоред. Хангоми мурочиат маълум аст, ки кихоро дар назар дорад ва манзураш баъзе аз нафароне аст, ки аз берун сангандози мекунанд. Маълум аст, ки харчанд дар хорич зиндаги мекунад,аммо ватанашро дуст медорад. Ободию озодии инчоро васф мекунад. Даррав айбчуи мекунед, хол он ки агар худи шумо аз кудаки дар ончо бузург мешудед, хамин гуна лахча медоштед. Омузгореду мафкураатон танг. Бо дили пок ба дигарон бингаред.

Leave a Reply