Аз 1 октябр барқ 15% қиммат мешавад

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 октябр нархи як киловатт нирӯи барқ 15 дарсад барои аҳолӣ боло бурда шуда, 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Нархи барқ танҳо барои корхонаи ТАЛКО дар сатҳи пешина – 7,20 дирам дар мавсими тобистон ва 11,80 дирам дар фасли сармо – ҳифз шудааст.

Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки президент Эмомалӣ Раҳмон 29 август имзо кардааст, аз 1 октябр дар кишвар нархи нирӯи барқ боло бурда мешавад.

Аҳолӣ аз моҳи оянда барои ҳар киловатт нирӯи барқ 16,85 дирам пардохт хоҳанд кард, ки назар ба 14,65 дирам нархи кунунии барқ дар Тоҷикистон 15 дарсад бештар аст.

Корхонаҳои буҷавӣ, хоҷагии коммуналӣ ва варзишгоҳҳо барои ҳар киловатти нирӯи барқ мисли аҳолӣ 16,85 дирам пардохт хоҳанд кард. Аммо корхонаҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ бояд аз 1 октябр барои ҳар киловатт нирӯи барқ 40,99 дирам бидиҳанд.

Нархи як киловатт нирӯи барқ барои дастгоҳҳои обкашии Агентии обёрӣ дар фасли гармо (аз 1 апрел то 30 сентябр) 5,86 дирам ва дар фасли сармо(аз 1 октябр то 31 март) 16,85 дирам муқаррар шудааст.

Аз ҳама бештар барои истифодаи ҳар киловатт нирӯи барқ барои гарм кардани биноҳо ва таъмини оби гарм таъйин шудааст. Истифодаи барқ барои таъмини гармӣ дар биноҳои буҷавӣ 30,15 дирам ва барои корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 101,54 дирам муқаррар шудааст.

Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон нархи нирӯи барқ танҳо барои корхонаи алюминсозии ТАЛКО – бузургтарин корхонаи саноатии кишвар – дар сатҳи қаблӣ ҳифз шудааст. ТАЛКО ҳамчунон барои ҳар киловатт нирӯи барқ дар фасли сармо (аз 1 октябр то 30 апрел) 11,80 дирам ва дар фасли гармо (аз 1 май то 30 сентябр) 7,20 дирам пардохт хоҳад кард, ки назар ба нархи аҳолӣ 220 фоиз арзонтар аст.

Мирзо Исмоилзода,раиси ширкати «Барқи тоҷик” моҳи август тасдиқ карда буд, ки ин ширкат аз ҳукумат хостори боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон шудааст.

Исмоилзода гуфт, «Барқи тоҷик” барои нигоҳдории иншооти энергетикӣ ва беҳбуди вазъи молию техникӣ ниёз ба болобарии нархи барқ дорад:«Лекин зиёд намудани нархи нерӯи барқ аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои дигар бо қарори ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ҳозир ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Агар бо қарори ҳукумат нарх зиёд шавад, мо ҳамчун иҷрокунанда ин қарори ҳукуматро амалӣ мекунем”.

Бино ба оморҳо, қарзи аҳолӣ ва корхонаҳо аз «Барқи Тоҷик” барои истифодаи нирӯи барқ ҳудуди 1,5 миллиард сомонӣ, ё 180 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар айни замон қарзҳои худи «Барқи Тоҷик”-ро қариб 10 маротиба бештар — ҳудуди 14 миллиард сомонӣ, ё тақрибан 1,7 миллиард доллар баровард мекунанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply