Ҳавопаймои Дубай бе Наимҷони Сайдалӣ парвоз мекунад?

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

-Наимҷон, тавре ки мебинем, дар озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” шумораи овозҳоятон гоҳе баланд мешаваду гоҳи дигар паст. Магар мухлисонатон дудилаанд, ки ба ҷонибдории шумо овоз диҳанд ё не?

-Пеш аз ҳама саломи худро ба мухлисони хоболудам мерасонам, ки ин ҳафта дар хоб монда, овоз доданро фаромӯш кардаанд. Умед дорам, ки ин ҳафта аз хоб бархоста ба ҷонибдории банда даста-даста овоз мефиристанд.

-Магар қобилияти экстрассенсӣ доред, ки овоз додани мухлисонатонро пешгӯӣ мекунед?

 Робитаи ман бо мухлисонам наздиктар аст. Аксари мухлисонам “Наимҷон, чӣ хизмат кунем?” гӯён, дар атрофам парвонавор давр мезананд. Канӣ бинем, дағдағаашон хушку холӣ аст ё дар ҳақиқат мухлиси банда ҳастанд.

 -Сайёди Субҳон ва Ҷӯрабек Аҳмадҷонов бо дастгирии ҳаводорони ҳунарашон аз шумо пеш гузаштанд. Наметарсед, ки тайёраи Дубай бе Наимҷони Сайдалӣ парвоз мекунад?

-Ман аллакай дар чанд озмун дастболо гаштаам  ва боварии комил дорам, ки мухлисонам ин дафъа низ маро фаромӯш намекунанд.

-Дар ин озмун рақиби асосии шумо Шаҳриёри Давлат аст. Агар барои гран-при байни мухлисон ҷанг шавад, ба фикратон кӣ ғолиб меояд?

 Ман ба Шаҳриёр кор надорам, вале ҳамин қадарашро хуб медонам, ки мухлисони Наимҷон зӯртар ҳастанд ва албатта дар мухлисҷанг ғолиб меоянд.

-Шумо то ин дам ягон бор аз Дубай дидан накардаед?

-Аллакай аксари сарояндаҳои тоҷик Дубайро сайр карда омаданд, вале ман ҳанӯз аз ин шаҳри зебо дидан накардаам. Агар бо дастгирии мухлисонам дар озмун ғолиб омада, роҳхати сафар ба Дубайро ба даст биёрам, сарам ба осмон мерасад.

-Гран-прии озмун насибатон гардад, аз Дубай чӣ савғо меоред?

-Туҳфаи овозхон албатта суруд аст. Кӯшиш менамоям, ки ақаллан ду таронаамро дар он ҷо клип карда, хотири мухлисонамро шод созам.
-Раваду дар ин озмун шикаст хӯред, руҳафтода мешавед?

-Чаро ғамгин шавам, ин як шанс аст, бахти касе, ки баландӣ кунад, ҳамон ғолиб омада, соҳиби шоҳҷоиза мешавад.

-Наимҷон, ғамгин намешавам мегӯеду аллакай дар овозатон руҳафтодагӣ эҳсос карда мешавад. Зиқ нашавед, дар сомонаи “Тоҷикистонтаймс” ва газетаи “Оила” зери номи шумо аллакай қариб 800 овоз ҷамъ шудааст. Ин далолат аз он медиҳад, ки мухлисони ҳушёр ва зирак доред, ки ҳамеша шуморо дастгирӣ намуда, зери номатон  лайк мегузоранд ва анкетаи озмунро сари вақт ба идораи “Оила” мефиристанд. Дар охир ба ҳаводорони ҳунаратон чӣ гуфтаниед?

 -Сурудҳои “Ғарибӣ”  ва “Модар” муҳаббати мардумро нисбат ба банда афзун гардонд. Яке маро писархонд мегираду дигарӣ акахонд. Аз ҳамаи касоне, ки ҳунари бандаро қадр мекунанд, сипосгузорам. Ростӣ, ман фахр мекунам, ки чунин мухлисони содиқу вафодор дорам. Агар бо дастгирии ҳаводорони ҳунарам дар озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” комёб гардам, ваъда медиҳам, ки дар ҷавоби ин қадар меҳру муҳаббати мардум консерти зиндае хоҳам дод, ки мислашро ягон санъаткор барпо накарда бошад!

-Муваффақ бошед!

 Рустам Азимӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply