Ҷавонон — 2017 5  дастоварди беназири ҷавонони тоҷик

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Соли 2017 (соли маймун), дар кишвари мо ҳамчун Соли ҷавонон эълон шуда буд.  Барои таҷлили ин сол дар сатҳи ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор гардид. Аммо дар ин матлаб мехоҳем аз дастовардҳои фароҷумҳурӣ ва ҷаҳонии ҷавонони тоҷик ёдовар шавем.   

Махсуд Саидаминов ва 2 кашфиёти ҷаҳонӣ дар химия

Махсуд Саидаминов зодаи ноҳияи Исфара аст ва ҳамагӣ 29 сол дорад. Ин ҷавони тоҷик бо ду кашфиёти нодираш дар илми химия дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ ҳамчун як олими ояндадор эътироф шудааст. Махсуд, ки ҳоло дар Донишгоҳи Торонтои Канада кор мекунад, аз ангуштшумор олимони тоҷик аст, ки мақолаҳои илмиаш дар маҷаллаҳои муътабари «Nature» ва  «American Chemical» чоп шудааст. Ӯ бо беш аз 450 гурӯҳи илмии пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи химия аз ҷумла бо гурӯҳҳои Оксфорд, Нотрдам, Торонто MIT(ИМА) ETH (Сюрих, Шветсария) ҳамкории зич дорад. Сабаби чунин таваҷҷуҳ ба ин олими тоҷик кашфиётҳои илмии ӯст.

Махсуд аввалин шуда, ҳалшавии баръакси первоскитҳоро дар маҳлулкунандаҳои гуногун муайян кард ва дар асоси ин кашфиёт роҳи ҷидди кристалликунонии перовскитҳоро кашф кард. Ин кашфиёт, ки барои такмили батареяҳои офтобӣ муҳим аст, ҳоло аз ҷониби гурӯҳҳои илмии пешқадами дунё истифода мешавад. Кашфиёти дигари  ин олими ҷавони тоҷик соргенти магнити нафт аст, ки дар ҷамъоварии маводи нафтии дар пайи садамаҳо ба дарёву кӯл ва уқёнус рехта зарур мебошад. Як грамм сорбенти кашфкардаи Махсуд Саидаминов барои аз об ҷудо кардани то 80 грамм нефт кофист. Ин кашфиёт, бахусус дар пасманзари фалокатҳои экологие, ки ҳангоми истихроҷи нефт аз умқи баҳру уқёнус зиёд рух медиҳад, аҳамияти зиёд касб мекунад.

Махсуд Саидаминов, ки айни ҳол дар Канада зиндагӣ мекунад,  соли равон аз байни беш аз 1000 довталаб дар қатори 23 олими ҷавони дунё сазовори ҷоизаи Бантинг гардид.

Ин олим дастпаравари литесйи маъруфи Абдулҳафиз Азизов, хушномтарин устоди фанни химия дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ 23 марти соли 1988 дар оилаи олими шинохта, профессор Исматбой Саидаминов ба дунё омада, хатмкардаи факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Маскав мебошад.

Манижа Тошболтаева – «духтар радар»

Хонандаи  синфи нуҳуми мактаби русӣ-тоҷикии шаҳри Душанбе, ки дар Академияи математикаи зеҳнии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад, дар шабакаи телевизионии «Россия 1» маҳорати худро намоиш дода ҳайати доваронро дар ҳайрат гузошт.

Манижа Тошболтаева дар барномаи телевизионии «Одамони ғайриодӣ» бо чашмонаш суръати худрави дар ҳаракатбударо аниқ гуфта, тамошобинонро дар ҳайрат гузошт. Доварони барнома аз рӯи ин қобилияташ ӯро «духтар-радар» ном доданд.

Манижа дар мактаби назди донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ 15 сол дорад.

Муддати як сол аст, ки Манижа дар Академияи математикаи зеҳнии «Империя знаний» дар пойтахти Тоҷикистон ба машғулият фаро гирифта шудааст. Ин ҷо кӯдакони аз 5 то 17-сола таҳсили илм мекунанд.

Ёсуман Исмонзода – «духтар калькулятор»

Ёсуман Исмонзода, низ як математики ҷавони дигар мебошад, ки дар барномаи «Одамони ғайриодӣ ширкат кард ва мардуми Русияро шигифтзада карду, ширкаткунандагони барнома аз ҷо бархоста ӯро истиқбол гирифтанд.

Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқулодаи зеҳнии худ доварони барномаро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман ба осонӣ метавонад рақамҳои дурақамӣ ва серақамиро зарбу тақсим кунад.

Ёсуман чун духтарони Тоҷикистон бо мӯйҳои бофтаи дароз ба саҳна баромаду доваронро на бо зебоии зоҳирӣ, балкӣ бо тавонмандии зеҳнии худ дар ҳайрат гузошт.

Ёсуман ба осонӣ аз уҳдаи ҳама вазифаҳое баромад, ки муҷрии барнома Александр Гуревич мегузошт.

Ба ифтихори Ёсуман ширкаткунандагони барнома аз ҷо бархоста, ӯро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифтанд.

Ҳамчунин аз 20 то 23 ноябри соли равон як гурӯҳ математикҳои ҷавони тоҷик-шарикдарсони Манижа ва Ёсуман ба Сингапур барои ширкат дар Олимпиадаи байналмилалии IMSO-2017  сафар намуданд. Дар озмуни ҷаҳонӣ 486 нафар намояндагони зиёда аз 41 давлати дунё иштирок намуданд.

Илова бар ин Ёсуман, Манижа ва дигар шогирдони ин омӯзишкадаи «Империя знаний» дар олимпиади байналмилалии риёзии зеҳнӣ дар Маскав 12 медал, аз ҷумла 5 медали тилло, 5 нуқра ва 2 биринқӣ ба даст оварданд.

Ҷйҳаун Насимӣ – аввалин филми тоҷикӣ дар Голливуд

Соли 2017 бори нахуст режиссёри ҷавони тоҷик Ҷайҳун Насимӣ дар «Ҳоливуд» — бузургтарин майдони киноистеҳсолкунии ҷаҳон филмеро бо номи «Unfallen” («Шикастнопазир”) ба навор гирифта, пешкаши тамошобин намуд.

Ин филм аз рӯзгор ду бародари дугоник — Рустам ва Сӯҳроби тоҷик, нақл мекунад, ки дар ошӯбҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Тақдир якеро ба Амрико бурду дигаре дар зиндагӣ роҳгум зад ва ба гурӯҳи тундрави Толибон пайваст.

Ҳар ду нақши асосӣ – Рустам ва Сӯҳробро дар филм худи муаллиф Ҷайҳун Насимӣ иҷро кардааст. Ҳамчунин, дар нақшҳои дигар панҷ ҳунарманди тоҷики муқими Амрико нақш офаридаанд. Дар баробари  ин ду нафар аз ҳунармандони машҳури “Ҳоливуд” Майкл Мадсен ва Ҷеймс Ҳонг низ дар филм ноқшҳои асосиро бозӣ кардаанд. Коргардонҳои филми «Шикастнопазир” ду тан аз режиссёрҳои ҳирфаӣ Данте Ҷо ва Ҷош Ҳодҷинс мебошанд, ки ҳар яке дар муҳити “Голивуд” маъруф буда, даҳҳо филм ба навор гирифтаанд.

Барои банаворгирии филм 250 ҳазор доллари амрикоӣ масраф шудааст, ки он бо кумаки Сироҷиддин Мирзоев, продюссери филм ҷамъоварӣ шудааст. Ба гуфтаи Ҷайҳун Насимӣ, ба ӯ дар ҷамъоварии маблағи филм, чанде аз тоҷикон дар Амрико ва ду студияи филмбардорӣ дар Лос-Анҷелес кумак кардаанд. Ӯ умед дорад,  ки филм хароҷоташро мепӯшонад ва фоида ҳам ба даст меорад. Нахустнамоиши филм дар Душанбе ҳам баргузор шуд.

Ҷайҳун Насимӣ соли 1984 ба дунё омада, риштаи таърих ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи славяниии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст. Соли 2009 ба муқими Амрико шуда, ҷиддӣ ба омӯзиши санъати кино пардохтааст.

Ҷайҳун дар муҳити синамои Амрико одами нав нест ва пеш аз ин дар филмҳои  “Қисми 8” (“Section 8” ) , “Дар зери сояи Ӯ” (“In His Shadow”), “Гули ваҳшӣ” (“Wildblume”), “Падар” (“Father”) ва ғайра нақшҳои ҷолиб офаридааст. Дар Тоҷикистон низ ду филми ӯ “Никотин” ва”Фариштаи бебол” рӯйи навор омада, манзури тамошобин гардидааст.

Анна Муъминова — зеботарин духтари дунё

Модели тоҷик Анна Муъминова зеботарин духтари дунё шинохта шуд. Дар баробари ин, тоҷикдухтар, Татяна Фомичова аз Маскав унвони «Муовини аввали зебосанами ҷаҳон-2017» ва Мария Демидова аз Новокузнетск унвони «Муовини дуюми зебосанами ҷаҳон-2017»-ро соҳиб шуд.

Бо гирифтани мақоми аввал Муъминова ба ҳайати доварони озмуни «Зеботарини ҷаҳон-2018», ки моҳи сентябри соли 2018 дар яке аз зеботарин казиноҳои ҷаҳон Monte Carlo Las Vegas дар Лас Вегаси ИМА баргузор мешавад, ворид шуд.

Таҳияи О.Соҳибзода


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply