Ҷавоби Вазорати мориф ва илм ба «Озодӣ»

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Чанде пеш дар сомонаи радиои «Озодӣ» ва дигар расонаҳо навиштае зери унвони «Чормағзу оҳанпора-ба ҷои пули китоб»  чоп гардид, ки  сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард.  Вобаста ба ин  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот пахш намуда, зикр намуд, ки ҷамъоварии чормағзу оҳанпора дастури Вазорати маориф ва илм нест.

 Дар изҳорот ҳамчунин омадааст:

Маориф яке аз соҳаҳои муҳим ва серпаҳлӯ ба ҳисоб рафта, аз ин сабаб муваффақияту мушкилоташ низ зиёданд.

Яке аз самтҳои пурбаҳстарини соҳаи маориф миёни аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма таҳия, нашр ва таъмин намудани  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур қариб ҳар ҳафта як матлаб дар рўзномаҳои даврӣ нашр мешавад. Дар матлабҳо бештар норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ё пардохти маблағи иҷораи онҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Қабл аз баррасии масъала мехоҳем зикр созем, ки дар муассисаҳои таълимӣ дастури «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад, ки тибқи муқаррароти он китобҳои дарсӣ ба хонандагон дода мешаванд. Ҳамчунин барои ба роҳ мондани низоми шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ «Дафтари ба иҷора додани китобҳои дарсӣ» нашр ва ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрас гардонида шудааст. Дафтари мазкур тарзи ҷамъоварии маблағҳои гардони иҷораи китобҳои дарсиро аз синфи 1 то 11 дар муддати 3 сол дар бар гирифта, волидайн ҳангоми гирифтани китоби дарсӣ дар Дафтар имзо мегузоранд. Ин амал минбаъд бо нархҳои гуногун ба иҷора додани китобро пурра аз байн бурда, шаффофияти ба иҷора додани китобҳои дарсиро байни муассисаи таълимӣ ва волидайн таъмин менамояд.

Аз ин рў, Вазорати маориф ва илм ҳеҷ гоҳ дастур ё фармоиш дар хусуси ба ивази маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ҷамъоварӣ намудани чормағзу оҳанпора ё картошкаро надодааст. Ва вобаста ба маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ дар ноҳияи Рашт бояд зикр кард, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт то имрўз (санаи нашри мақола-20.10.2017) бояд 486 ҳазору 442,05 сомонӣ маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимиро пардохт мекард. Мутаассифона, ҳамагӣ 280 ҳазору 752 сомонӣ пардохт кардааст, ки ин 58 фоизи қарзи умумии иҷораи китобҳои дарсиро ташкил медиҳад. Яъне, масъулинро зарур аст, ки 205 ҳазору 650 сомонии дигар пардохт намоянд, то маблағи қарзи иҷораи соли равон пурра иҷро шавад.

Илова бар ин, шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт 382 ҳазору 804,24 сомонӣ аз солҳои 2001 то 31.12.2016 аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ қарздор аст, ки бояд онро низ пардохт намояд. Яъне, барои соли равон ва солҳои минбаъда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Раштро зарур аст, ки барои харидории адабиёти бадеӣ ва маводи таълимӣ (журнали синф, барномаҳои таълимӣ), ки аз ҳисоби хонандагон харида намешаванд, аз буҷет маблағҳои муайян ҷудо намояд. Ҳол он ки барои харидории ин номгўй мавод дар суратҳисоби муассисаҳои таълимӣ маблағ мавҷуд аст. Дар сурати дигар, қарзи маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ боз афзоиш меёбад. Агар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар солҳои қаблӣ маблағи муайян барои харидории адабиёти бадеӣ ва маводи таълимӣ (журнали синф, барномаҳои таълимӣ) ҷудо мешуд, шояд вазъ то ба ин ҳол намерасид.

Масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт дар ҷавоб ба навиштаи радиои «Озодӣ» чунин менависанд:

«Мо,  масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт гузориши шуморо хонда, онро беасос ва буҳтон ҳисобида, чунин ҷавоб мегўем: Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт оид ба ҷамъоварии картошка ва  сафарбар намудани хонандагони мактабҳои ноҳия супориш дода нашуда, ин навиштаҳо бофта ва беасосанд. Дар ноҳияи Рашт зиёда аз 2500 хоҷагии  деҳқонӣ мавҷуд буда, ҷамъоварии картошка ба таври оилавӣ сурат гирифта, ягон эҳтиёҷ ба ҷалби мактаббачагон вуҷуд надорад. Ба ҷамъоварии  картошка бурдани мактаббачагон ин суханҳои бофтаи худи рўзноманигор мебошанд, на дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Ҳамчунин зикр намудаанд, ки «ба қарзҳои иҷораи китобҳои дарсӣ нигоҳ накарда, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон мактабҳои ноҳияро ба маблағи  575 ҳазор сомонӣ бо китоб таъмин намуд. Агар журналист ҳақиқатҷӯ мебуд, дар сурати мавҷудияти далели асоснок оид ба ғайримақсаднок сарф гардидани маблағи иҷораи китобҳои дарсии мактабҳои ноҳияи Рашт ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои андешидани тадбирҳои дахлдор  муроҷиат менамуд. Айни замон яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолии деҳот- ин ба тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ супоридани маҳсулоти дар фасли тирамоҳ ҷамъоваринамуда мебошад. Ягона роҳи халосӣ аз мушкилоти ҷойдошта- ин ҷамъоварӣ намудани маҳсулот ва супоридани маблағи он тавассути «Амонатбонк» мебошад. Ин иқдом аз ҷониби волидайни мактаббачагоне, ки аз пули нақд танқисӣ мекашанд, пешниҳод гардида буд. Волидайне, ки пули нақд доранд, онро бевосита ба суратҳисоби дахлдор пардохт менамоянд».

 Бознашр аз АМИТ «Ховар»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply