Ашт: Гилеми сеҳрнок директорро бардошта бурд

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Посух ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, №43(1241) аз 25 октябри соли 2017

Дар мақола сухан дар бораи ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ, ки гӯё бе мувофиқа бо волидон барои синфхонаҳо гилем харидорӣ карда шуда, аз 110 нафар кормандони мактаб 22 сомонгӣ маблағ ҷамъ намудаанд ва он баробар ба 2420 сомон шудааст, сухан мерафт. Инчунин гуфта мешуд,ки аз 33 синф, ки дар онҳо беш аз 700 нафар хонандагон таҳсил доранд, ба миқдори аз 13 то 17 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст. Ба ғайр аз ин, дар бораи ҷамъоварии маблағҳои дигар низ гуфта шуда буд. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маълум менамояд, ки чопи ин мушкилотҳои муассисаи таълимӣ саривақтӣ мебошад, ки барои пешрафти таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ ва корҳои ободонию созандагӣ кумак мерасонад. Баъди нашри қисми аввали мақола дар сайти интернетӣ бо супориши раиси ноҳияи Ашт, гурӯҳи корӣ таҳти сарвари муовини раиси ноҳия омода гардида, рӯзи 18.10.2017с дар муассисаи №47 санҷишро оғоз намуд.
Гурӯҳи корӣ бо иштироки директори муассисаи таълимӣ суҳбат баргузор намуд. Бо иштироки омӯзгорони мактаб барои муайян намудани вазъи иҷтимоӣ оиди боварии коллективи омӯзгорони муассиса ба директори мактаб пурсиши сотсиологӣ ташкил карда шуд. Баъди анҷоми пурсиши сотсиологӣ натиҷаи он дар иштироки гуруҳи корӣ ва масъулони мактаб расмӣ гардонида шуд.
Ҳақиқатан ҳам баъди ба вазифа таъин гардидани М. Икромова, аз 12.12.2016 бо розигии коллективи омӯзгорони мактаб, якҷоя бо Ассотсиатсияи волидони мактаб барои обод намудани синфхонаҳо,
даромадгоҳ ва фасади бино, барои аз чангу ғубор тозаву озода нигоҳ доштан ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, таъмири дохили бино 20.12.2016 ҷамъомади васеи волидон баргузор карда шуд ва дар он ҳайати нави кумитаи падару модарон интихоб гардида, вазифаҳо муайян карда шуданд. (Протоколҳо вуҷуд дорад). Дар ин ҷамъомад бо таклифи волидон барои харидории журнал, лавозимоти асосии муассиса ба миқдори 35 сомонӣ аъзоҳаққӣ аз ҳисоби волидон қарор қабул карда шудааст.
Барои харидорӣ намудани либосҳои ягонаи мактабӣ, ки ин кор дар ҳама мактабҳо ҳатмӣ шудааст, бо соҳибкор аз шаҳраки Шайдон, Негматова Гулнора шартномаи тарафайн баста шуда, дар он миқдор ва нархи сарулибосҳо муайян гардидааст. Баъди бастани шартнома ба ҳамаи роҳбарони синфҳо тавсия дода шудааст, ки ба миқдори 50 фисади маблағи сарулибос аз волидон маблағ ҷамъ карда шавад. Дар баъзе синфҳо бо назардошти он ки баъзе волидон маблағи кофӣ надоранд, ба миқдори 50 фисад нею ба миқдори 35-40 сомонӣ маблағ ҷамъ намуданд.
Бо назардошти он, ки муҳлатҳои муқаррарӣ барои пешниҳоди сарулибос аз тарафи соҳибкор кашол дода шуданд ва нархи сарулибоси мактабӣ аз нархи шартномавӣ баланд гардид, падару модарон норозигӣ баён намуда, талаб намуданд, ки нарх пасттар фароварда шавад. Баъди суҳбат бо соҳибкор ӯ розигӣ додааст, ки нархро паст карда наметавонад ва илова як донагӣ фартук медиҳад. Баъди якчанд рӯз соҳибкор ба мактаб омада, либосҳои мактабиро пешниҳод карда, нархи онро паст накардааст ва аз додани фартуки иловагӣ даст кашидааст. Дар натиҷа, директори мактаб аз иҷрои шартнома даст кашида, аз падару модарон хоҳиш намудааст, ки аз бозор харидорӣ намоянд. Баъзе падарону модарон худашон бо соҳибкор маслиҳат намуда, ба миқдори 140 дона сарулибос, аз 140 то 160 сомонӣ либоси мактабиро харидорӣ намудаанд. Дар давраи фаъолияти роҳбарии директори мактаб М. Икромова, аз 12.12.2016 сол дар муассиса ягон маротиба супориш барои баргузории консертҳо, кинофилмҳо, дигар чорабиниҳои фарҳангӣ маблағ ҷамъ карда нашудааст ва ин гуна чорабиниҳо баргузор нагардидаанд. Маблағе, ки аз тарафи Фирӯза Мадумарова (Ҳаитова) бо хоҳиши худ барои рангубори синфхонаи фарзандаш додааст, солҳои хониши 2015-2016-ро дар бар мегирад. Кабудӣ ва норасогиҳои дар мақола чопгардида дар фаъолияти маъмурияти муассиса ҷой доранд ва он ба солҳои пештар дахл дорад. Шахсони аризадиҳанда бо мақсади андешидани чораҳо моҳи марти соли ҷорӣ ба прокуратураи ноҳиявӣ аризаи коллективона ирсол карда буданд. Аз тарафи прокуратура санҷиш ба итмом расидааст, барои содир кардани камбудиҳо, сарфи нодурусти маблағҳо, вуҷуд надоштани ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва тасдиқкунанда маводҳо ба суди ноҳиявӣ ирсол гардидааст, ки дар муддатҳои кӯтоҳтарин баррасӣ мегардад ва шахсони гунаҳкор ба ҷазо кашида хоҳанд шуд.
Бо назардошти он, ки камбудиҳо дар фаъолияти муассисаи таълимӣ, ки дар он М. Икромова, сарварӣ дошт, ҷой дорад ва дар асоси фармони мудири шуъбаи маориф № 186 аз 2.11.2017 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 М. Икромова, аз вазифааш озод карда шуд.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд намегузорад, ки чунин норасогиҳо ва камбудиҳо пайдо ва такрор гарданд, дар ҳамкорӣ бо ҳайати таҳририяи рӯзномаи “Тоҷикистон”барои вусъати корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани таълиму тарбия ҳамкорӣ хоҳад кард.

М.Ҳайдарзода,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply