Ҳасани Чилла ба ҳофизон тӯмори шуҳрат медиҳад? (Аксҳо)

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

 

 Ҳасани Чилла бо ҳазлҳои намакинаш дар дили халқ маъво гирифтааст. Ин марди шӯхтабъу зарофатгӯйро на танҳо мардуми одӣ, балки сарояндагону навозандагон низ сахт дӯст медоранд. Бо мақсади фаҳмидани сиру асрори ин ҳаҷвнигори дар ҳила гум дар арафаи Соли нав мо ба зиёрати Ҳасани Чилла рафтем.

              

 -Мегӯянд, ки ситораҳои тоҷик бо тӯмори домулло Ҳасани Чилла машҳур мешаванд, агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки нархи як тӯмори шуҳрат чанд доллар ё евро аст?

-(Механдад). Ба гуфтӣ Ҳоҷӣ Афзалшоҳ, вақте ки ба ту пул медиҳанд, агар нагирӣ, заволи неъмат мешавад. Барои ҳамин чанд суме диҳанд, Худоро шукр гуфта, ба киса мезанем.

-Шумо дар он тӯморҳои сеҳрнокатон кадом сураҳоро менависед?

-Сураҳоеро, ки ман менависам, ягон муллои пеш-пеши Тоҷикистон намедонад, чунки он сураҳо дар китобҳои заминию осмонӣ нестанд. Он сураҳоро ана ҳамин бандаи ҳозиру нозир, домулло Ҳасани Чилла аз фикри худаш, бо хуни ҷигар эҷод мекунад.

-Сура нею суруд гӯед, домулло!

-Суруд ҳам сура аст, вале сураи  фарҳангию маънавӣ, сураи ишқу муҳаббат, сураи одаму одамгарӣ…

-Солҳои охир мардумфиребӣ зиёд шудааст. Тӯморҳои сеҳрнокатонро гирифта, шуморо “кидат” намекунанд? 

-Баъзе ҳунармандони беинсофе ҳастанд, ки баъди суруди тайёрро гирифтан, думашонро хода карда мегурезанд, лекин дур намераванд.  Дасти муллоро сафед, ки накардӣ, корат барор намегирад!

-Кадом сарояндаҳои тоҷик бо тӯморҳои шумо машҳур шудаанд?

-Дасти ман бисёр сабук аст. “Ҳасани Чилла, дорад сад ҳила” гуфта, як куфу суф мекунам, дар як дам сароянда чунон машҳур мешавад, ки ҳатто ситораҳои осмон ба ӯ ҳасад мебаранд. Суруди “Бачаи фархорӣ”-ро навишта, ба Фирӯза Ҳафизова додам, маликаи саҳна шуда монд. Садриддини Наҷмиддин, Рустами Нур, Зулайхо Маҳмадшоева, Файзалӣ Фозилов, Нигора Холова ва боз даҳҳо сарояндагони дигар сурудҳои ана ҳамин бобои Ҳасанатонро хонда, машҳур шудаанд. Чашм нарасад, кадом сурудеро, ки нависам, дар як дам “ХИТ” мешавад.

-Шунидем, ки шумо барои сарояндаҳои хориҷӣ ҳам шеъру оҳанг эҷод мекунед. Ин гап рост аст ё воҳима мекунанд? 


-Гуфти Ташриф ягон майда дурӯғ нест! Вақте Андӣ ба Тоҷикистон омад, зуд суруди “Ҳамзабонон”-ро навишта пешниҳод кардам. Аслан ин сурудро бояд Рустами Нур, Фарҳоди Дарё ва Андӣ месуруданд. Азбаски Фарҳоди Дарё дар хориҷа буд, ба ҷои ӯ сарояндаи дигари афғон, оғои Эшон ҳамроҳи Рустами Нур ва Андӣ ин сурудро хонд. Баъди консерт ост аст?

Андӣ маро ба оғӯш гирифта гуфт, ки сурудҳоятро дар сомонаи расмии ман парто, аз ин пас бо ту ҳамкорӣ мекунам.
Мегӯянд, ки шумо бо Шоҳрух-Хон ва Салмон-Хон ҳам ҷӯраед? Бо ин ситораҳои Болливуд чӣ хел шинос шудед?

шқи ҳунари ҳамин ду ситора маро соли 2014 кашон- кашон ба Ҳиндустон бурд. Аз хурдӣ ҳавас доштам, ки боре Шоҳрух-Хон ва Салмон-Хонро аз наздик бубинам. Бо дили пур аз меҳру муҳаббат ба кишвари Ҳинд сафар кардам, вале…

-Наход, ки Шоҳруху Салмон шуморо писанд накарда бошанд-а?

Албатта писанд мекарданду лекин ба бахти бади ман ҳамон вақт ҳардуяшон дар хориҷа будаанд. Посбонҳои манзилашон гуфтанд, ки ба сабти филми нав рафтаанд.

Ноумед баргаштед?
-Чаро ноумед шавам?! Худо хоҳад, ягон вақти дигар боз ба ин кишвар сафар карда, ба дидори Шоҳрух ва Салмон мушарраф мегардам.  Муҳимаш ман Ҳиндустони афсонавиро аз наздик дидам. Мардуми ҳинд шоҳона зиндагӣ намекунанд. Ҳаёти камбағалона доранд, вале дилашон васеъ ва бисёр самимию меҳрубонанд. Ба ман махсусан Мумбай писанд омад. Ин шаҳри афсонавиро хуб тамошо карда, ҷойҳоеро дидам, ки филм ба навор мегиранд. Аз Ҳиндустон бо як ҷаҳон таассуротҳои ширин баргаштам.

-Боз кадом кишварҳоро дидаед?

-Ман аслан корманди театри “Аҳорун” ҳастам. Дар ҳайати ин театр ба Афғонистон, Белгия, Фаронса, Ӯзбекистон ва Русия сафарҳои ҳунарӣ намуда, оламу одамро фаровон дидаам.

-Мегӯянд, ки дар байни санъаткорони тоҷик Ҳасани Чилла аз ҳама бойтар аст ва ҳар моҳ як мошини нав мехарад…?

Бале, ман дар ҳақиқат миллионер ҳастам. Ҳар моҳ не, ҳар ҳафта як мошини нав мехарам. Худоро шукр мегӯям, ки ба ман чунин давлату сарвати бебаҳоро насиб гардонидааст.

-Наметарсед, ки дуздон ин суҳбати мову шуморо хонда, ба боигариатон чашм ало мекунанд?

-Дузди беақлтарин ба хонаи Ҳасани Чила медарояд!

Магар шумо пулҳоятонро дар даруни болишт пинҳон намекунед?

-Эҳ каллаварам, наход дар чунин замона ман пулҳоямро дар даруни болишт пинҳон кунам?!

-Пулҳоятонро дар бонк нигоҳ медоред?

-Давлату сарвати банда на дар бонк асту на дар хонаам, боигарии ман дар ана ҳамин каллаам пинҳон аст ва ягон дузд онро дуздида наметавонад. Боигарии ман аз ҳисоби эҷодкориам аст.

-Ба ғайр аз ҳаҷвнигорӣ боз чӣ ҳунарҳо доред? 

-Панҷ панҷаи бобот аз ҳунар аст, Рустамҷон! Шеър менависам, оҳанг эҷод мекунам, дар саҳначаҳои ҳаҷвӣ нақш мебозам, клип месозам…

Суруде доред бо номи “Дигар мада занг назан”,  идеяи ҳамин суруд аз куҷо пайдо шуд?

Ману Исмоили Шарифзод оҳанги як суруди машҳури ҳунарманди узбек-Озодбекро гирифта суханҳояшро тоҷикӣ кардем, вале ҳар кадомамон бо сабки худ, яъне яке ҳаҷвию дигарӣ лирикӣ-ишқӣ. Мардум ин таронаро хуш қабул карданд, вале Исмоил як шаб занг зада гила кад, ки акаи Ҳасан, ин чи кори кардаатон буд, охир суруди маро шунавандааш каму аз шумо зиёд аст. Ӯро дилбардорӣ карда  гуфтам, ки братишка” чиликбачата ғам набошад. (Механдад)

Соли гузашта дар базми солинави шумо “Эмануэла”-и Фаридуни Хуршедро бо ҳаҷв сурудед. Чанд сол пеш ҳаҷвнигори театр-студияи  “Хандинкамон” Сулаймон Саидғозиев як суруди Шабнами Сурайёро “пародия” карда буд ва барои ин кораш мурданивор шатта хӯрд. Фаридун шуморо барои “Эмануэла”  таги шатта нагирифт?
-(Механдад)  Дар телевизиони “Сафина” барномае буд бо номи “Ҳазлниюш”. Ман чанд суруди ҳаҷвӣ тайёр карда, ба барнома пешниҳод намудам, вале директори ҳамонвақтаи телевизиони “Сафина” Лутфулло Давлатов гуфтанд, ки ҳаҷваш кам аст, дигарашро эҷод кун. Нохост аз даҳонам “Эмануэла”-и Фаридуни Хуршед баромад. Акаи Лутфулло мешавад гуфтанд. Ба Фаридун занг задам, ӯ бо як шарт розигӣ дод, ки бар ивази ин тарона барои як оҳанги наваш шеър менависам. Ҳамин хел “Эмануэла”-ро тариқи бартер гирифтам.

-Гуфтагӣ барин, чаро вақтҳои охир дар телевизион кам баромад мекунед?

-Барои он, ки моро суроғ намекунанд. Саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва намоишҳои зиёди театрӣ дорем, вале ягон телевизион барои сабт ба дарамон намеояд. Мардум аз ҳаҷвнигорон гила карда мегӯянд, ки барои чӣ дар телевизион ҳаҷв кам аст, охир, моро даъват накунанд, ба пушти дари телевизион рафта гиря кунем, ки монед дароем?! Телевизион мароқ зоҳир намекунад, барои ҳамин маҳсули эҷодамонро дар дискҳо ба фурӯш мебарорем, то ки мардум аз ҳаҷву ханда бе баҳра намонанд.

-Дар оғози фаъолиятатон шумо бештар бо “Ғарибшо-компания” баромад мекардед, баъдтар Ҳасани Чилларо бо Ташриф Халилов дар саҳначаҳо ҳамроҳ медидем. Чаро муносибататонро аз ин ду ҳаҷвнигори шинохта якбора кандед? Аз байнатон пишаки сиёҳ гузашт ё гапатон барои пул гурехт?

Муносибатҳои мо канда нашудаанд, вале бо сабаби серкорӣ ҳамдигарро зуд-зуд дида наметавонем. Ман аз Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф Халилов миннатдорам, ки маро бо худ ба саҳна бароварданд ва ба қавле чашмамро кушода, ба мардум шиносониданд. Ҳамкории мо имрӯз ҳам идома дорад. Ба наздикӣ ҳамроҳи Ташриф як суруди ҳаҷвӣ тайёр кардем, ки “Мегум, ки гиря кунум” ном дорад. Ин суруд шиква аз камбағалӣ аст ва ман боварии комил дорам, ки ба мухлисон хуш меояд.

-Чанд мисраашро ба мо намехонед?
Чанд сол шудай маълимум,
Медонӣ дарди дилум.
Надоданд як манзилум,
Мегум, ки гиря кунум.
Ташриф мехонад:
Бачаҳом дар Русия,
Намедонум кай мия.
Дорум як рӯзи сияҳ,
Мегум, ки гиря кунум…

-Як чизи дигарро аз шумо пурсиданӣ будам. Ҳамон мошине, ки дар озмуни ҳаҷвнигорон гурӯҳи “Ғарибшо-компания” бурд карда буд, насиби кӣ шуд?
айни ҳаҷвнигорон озмун эълон шуда буд ва мардум тариқи СМС овоз медоданд. Гурӯҳи “Ғарибшо-компания” аз ҳама зиёдтар овоз гирифту мошини базеби ВАЗ 07 туҳфа гирифтем, лекин он ба зудӣ аз даст рафт…

-Чаро?
Ман, Ташрифҷон, Саидаҳмад Холов ва Оятуллоҷону Абдуҷаббор  мошин буридем гуфта, то намози шом дар кӯчаҳои шаҳр чарх задем. Ногоҳ Бахтиёрҷон занг зада пурсид, ки мошин канӣ? Гуфтем, ки ҳамакаса ба мошин савор шуда, сайругашт карда истодаем. Он кас бо як ҳазли нешдор гуфтанд, ки вақтакотона хуш гузарондед, хумори дилакотон шикаст, акнун мошина гирифта тез пешаки ман биёред, хеле мошинчабозӣ кардед, бас аст! Мо бо лабу лунҷи овезон мошинро оварда ба дасти бобоямон Бахтиёри Раҳим додем. Акнун аз паи кору бори худатон шавед, гуфта он кас ба мо як дуои сафед доданду ба мошин нишаста ғиррӣ карда рафтанд!

-Барои ҳамин шумо ҳамкориро бо ҳаҷвнигорон бас карда, продюсери Садриддини Наҷмиддин шудед?

ошин, пулу мол, ин чизҳо ҳамааш чирки даст аст, меояду меравад, вале дӯстию бародарию рафиқӣ мемонад. Ман то имрӯз бо Бахтиёрҷон ва дигар аъзоёни гурӯҳи Ғарибшоҳ муносибати бародарона дорам. Дар мавриди Садриддин бошад, ҳаминро мегӯям, ки ман продюсери ин ситораи №1-и тоҷик нестам, вале ӯ ба кадом маҳфиле, ки наравад, бе ман намеравад, чунки ман ровияш ҳастам. Байни мо муҳаббати акаву додарӣ аст. Ман ба Садриддин маслиҳат додам, ки ба Амрико рафта бо Коҷӣ Задорӣ клип ба навор бигирад. Вай ҳайрон шуда пурсид, ки ту он одамро аз куҷо мешиносӣ? Гуфтам, ки Коҷӣ Задорӣ клипмейкери машҳури эронитабори Амрико аст ва Муину Мансурро маҳз ӯ машҳур кардааст. Он вақтҳо сафари Амрико бисёр қимат буд, вале Садриддин гапи маро гирифта, ба назди Коҷӣ Задорӣ рафт ва чанд сурудашро он ҷо клип карда, машҳуртар гашт.

-Рост аст, ки бар ивази ҳамин некиатон Садриддини Наҷмиддин ба шумо хона харида додааст?

-Садриддин ҳамчун эҷодкор бисёр сахтгиру серталаб аст, дар матн ё оҳанг ягон камбудӣ ёбад, онро мегардонад ва то суруд табъи дилаш набарояд, қабул намекунад. Росташро гӯям, ҷояш меомад, ки ман аз Садриддин мегурехтам, чунки мисли муаллими сахтгир ин ҷояшро ислоҳ кун, он ҷояшро аз нав навис гуфта, маро бисёр азоб медод, вале ҳамчун инсон ҷавонмарди асил аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ дӯстонашро дар мушкилӣ танҳо намегузорад. Вақте ман хона хариданӣ шудам, пулам нарасид. Садриддин инро фаҳмида консерт монд ва сарояндагонеро даъват кард, ки эҷодиёти маро суруда буданд. Ҳамин хел аз ҳисоби консерт пули хонаро ҷамъ кардем ва ман соҳиби як манзили қашангу зебо гаштам.

Чанд сол шуд, ки дар рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекунед?

-Аз давраи мактабхониям бо ҳазлу шӯхӣ муаллимонро ба дод меовардам, вале расман аз соли 1995 тақдирамро бо санъат пайвастам. Зиндаёд Фарух Қосимов маро дар театри “Аҳорун” ба кор гирифтанд, баъдтар бо “Ғарибшо-компания” ошноӣ пайдо кардам. Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста роҳи ман дар ҷодаи ҳунар кушода шуд ва соҳиби ному нон гаштам. 20 сол аст, ки ба мардум хизмат карда истодаам.

-Хонумҳо мардони машҳур ва олиҳиммату дасткушодро дӯст медоранд. Мо хуб медонем, ки Ҳасани Чилла ин хислатҳоро дорад. Росташро гӯед, чанд зану чанд маъшуқа доред?

-Ман як зану се фарзанд дорам. Барои маъшуқабозӣ вақт намерасад.
-Агар вақт пайдо шавад…
-Хайр, “Движенӣ” мекунем  (Механдад)
-Мегӯянд, ки Ҳасани Чилла бо пули андак-мандак ба тӯй намеравад…?

-Медонед, агар дар як рӯз се нафар маро ба тӯю маъракаҳояшон таклиф кунанд, коре мекунам, ки маҳфили ҳарсеро рафта обод кунам. Хислати мағрурию худпарастӣ надорам, намехоҳам ягон кас аз пушти дари хонаи ман ноумед равад.

-Санъат бе рақобат вуҷуд надорад. Рақиби шумо дар саҳна кист?

Агар Месӣ намебуд, Роналдо соҳиби тӯби тиллоӣ намешуд ва баръакс Роналдо намешуд, Меси ин қадар машҳур намегашт. Дунё чунин сохта шудааст, агар рақобат набошад, кор пеш намеравад. Рақиби Ҳасани Чилла шояд Ташриф Халилов бошад, вале рақобати эҷодӣ ба дӯстии мо халал намерасонад. Мо дӯстони беҳтарин ҳастем.

-Суҳбати мову шумо дар арафаи соли нав сурат гирифта истодааст. Дар охир ягон ҳодисаи аҷиби солинавиро ба хонандагони мо нақл мекунед?

-Як сол дар шаби ид ману Ташриф ҳамроҳи дигар аъзоёни гурӯҳи “Ғарибшо-компания” дар хонаи Бахтиёр Раҳимов нишаста будем, ки коргардон Набӣ Ҷалол занг зада гуфтанд, бачаҳо, ман шуморо дар Кохи Ваҳдат интизорам. Зудтар расида биёед! Бахтиёр тамоку кашида истода буд, ин гапро шунида тамоку аз дасташ афтид. “Соҳиби хона мана мекушад, охир ман ин ҷо иҷора нишастагӣ, агар мебелош сӯзад, вай занак мана суд мекунад” гӯён, Бахтиёр қиёматро қоим кард. Ҳамакаса тамоми хонаро такорӯ кардем, вале тамокуи нимсӯхтаро наёфтем. Нохост аз поён садо омад, ки мағозаи фалонӣ сухт. Тамокуи Бахтиёр дар шамол парвоз карда, рост ба болои попкорни зани фурӯшанда рафта задаасту оташ аланга гирифтааст. Ана ҳамин ҳодиса ҳеҷ аз хотири ман фаромӯш намешавад.

-Дар Соли нав ба шумо парвозҳои тозаи эҷодиро таманно дорем. Ҳамеша чунин шӯх, серҳаракат ва азизи дили мардум бошед!

-Ман ҳам соли навро ба шумо ва ба тамоми хонандагони “Оила” муборакбод гуфта, маслиҳат медиҳам, ки бештар бихандед, чунки ханда умри одамро дароз карда, пеши корашро мекушояд.

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply