Арвоҳи модарам маро аз марг наҷот дод

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Соат тақрибан дуи шаб буд, ки якбора аҳволам бад шуд. Фарзандонам маҷбур шуданд, ки дар ҳамон нисфи шаб «»Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват намоянд.

Фақат ҳамин қадарашро ёд дорам, ки чӣ хел духтурҳо аз дар даромаданд, дигар чӣ шуд, намедонам. Як вақт худамро дар байни куҳу дара дидам. Пойи луч бо сад ранҷу азоб бо роҳи пурпечутоби куҳӣ боло мебаромадам. Якбора поям лағжиду аз қуллаи кӯҳ ҷар шудам. Ҷисмам ба сангҳои хоро зада, хуншор мешуд. Дар поён ғори сиёҳи  бетаге буд. Қариб ба қаъри ҳамон ғор расида будам, ки якбора аз фазо дасте пайдо шуда маро маҳкам дошт. Чашмонамро кушодам. Модарам малеҳ табассум карда, сару рӯйи маро бо меҳр сила мекард. Дар танаш либоси сап-сафед ва дар сараш рӯймоли абрешимин дошт.

Аввал хурсанд шудам, вале баъд ба ёдам расид, ки модарам чанд сол пеш аз дунё гузашта буд. Ба баданам вараҷа дамид. Хостам пурсам, ки «оча, ту чӣ хел зинда шуда аз он дунё баргаштӣ», аммо фурсат наёфтам. Модарам якбора мисли ғубор нопадид гашт. Рӯямро ҷониби дигар гардонда дидам, ки ду одами хилъати сафед пӯшида дар канори кати ман рост истодаанд. Дар дасти яке аз онҳо сӯзандорӯ буд. Фаҳмидам, ки ман дар беморхона ҳастам ва ин ду нафар духтурҳоянд. Бо як азоб лаб ба сухан кушода он чӣ дидам будам, ба онҳо гуфтам. Табибон маро тасаллӣ дода «ин галютсинатсия аст» гуфтанд, вале ду рӯз пас ман боз шабаҳи модарамро дидам. Ин дафъа вақти аз ҳоҷатхона баромаданам, сиёҳии азиме маро думболагирӣ намуда, қариб бӯғӣ када мекушт, вале рӯҳи модарам боз ба имдодам расида, маро аз он халос кард.

Намедонам галютсинатсияаш чист, вале акнун ман боварӣ дорам, ки руҳу арвоҳҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд ва баъзан азизони худро ҳатто ҳимоя када метавонанд. Духтурҳо мегӯянд, ки ҳамон шаб дар сарҳади байни маргу зиндагӣ қарор доштам ва зинда монданам худаш як муъҷиза аст. Кӣ медонад, агар рӯҳи модар ба имдодам намерасид, шояд ба ҳамон ғори бе таг, ки нестӣ ва марг аст, фурӯ мерафтам.

Хонандагони азиз, мехоҳам ба шумо боз як ҳодисаи аҷибро аз ҳаёти худ нақл кунам. 20 сол пеш ҳазрати Муҳаммад (с.с) –ро хобам дидам. Кӯдаки парпечеро ба бағалам дода гуфт: «Духтарам, Руҳафзоро гир!» Вақте парпечи тифлро кушодам, як ангушти пояш набуд. Пас аз чанд рӯз духтарча таваллуд кардам. Ҳама ҷояш бутун, вале як ангушти пояш дар ҳақиқат аз буғум набуд. Духтурҳо гуфтанд, ки тифли ман модарзод маъюб аст ва ҳеҷ гоҳ роҳ гашта наметавонад, вале дар якунимсолагиаш Руҳафзои мо роҳгардон шуд. Имрӯз вай 20- сола шудааст ва ягон айб надорад, ҳатто пояш намелангад. Дар ҳақиқат дар дунё муъҷизаҳое ҳастанд, ки одамизод дар шарҳ доданаш ҳанӯз оҷиз аст!

Н, ш. Ваҳдат

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply