Ҳарорат ба 35 дараҷа баробар хоҳад шуд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири ҳафта дар кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад. Ҳарорати ҳаво дар шимолу шарқи ҷумҳурӣ номуътадил гашта, баландшавии ҳарорат дар ин мавзеъҳо дар назар аст. 

Ба гуфтаи мутахассисони Агентии  обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи ҳаво то охири ҳафта боқӣ монда, дар умум дар фасли тирамоҳ ҳавои кишвар тағйирёбандаи хушк дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои ин Агентӣ, аз 12 то 17  сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Имрӯз ҳарорати ҳаво дар ин минтақа рӯзона ба 36  дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, гармӣ дар водиҳо шабона ба 13-18 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа хоҳад расид.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шуда, дар ғарби ҳамин вилоят ҳавои тағйирёбанда ва то 2 дараҷа баланд гардидани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят 26-31 ва дар шарқи он ба 14 — 19 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ мекунанд. Инҷо дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.

Дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Рӯзона ҳарорат ба 35 дараҷа баробар хоҳад шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply