Арчаи солинавӣ дар Душанбе

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  дар маркази пойтахт ба сохтани пойдевор ва қолаби арчаи солинавӣ шурӯъ карданд. Дар назар аст, ки то 10 декабр ороиши пурраи он  ба анҷом расад. Арчаи идона  аз дарахти зинда   бо баландии 25 метр дар маркази майдони «Дӯстӣ»,  дар рӯ ба рӯи  Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  гузошта мешавад.

Тавре  муовини директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  Шарофиддин  Талабов  хабар додааст, арчаи солинавӣ бо  муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ  зебу зиннат дода шуда, аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ    фарқ хоҳад кард.  Номбурда ҳамчунин афзуд, ки барои   бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ  дар дигар гӯшаву канори  пойтахт низ арчаҳои идона гузошта мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки  ҷашни  Соли  нави мелодӣ  таърихи  куҳан дошта,   дар қисмати зиёди ҷаҳон  онро  таҷлил менамоянд.  Он  аз  дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то милод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум –Юлий Сезар  якуми январро ҳамчун рӯзи аввали соли нав қабул намудааст.

Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ  дар Тоҷикистон аз  даврони собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ  ибтидо мегирад.  Шурӯъ аз солҳои аввали  таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ  то  ҳоло  якуми январ  ҳамчун   оғози соли нави  мелодӣ  ҷашн гирифта мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply