Арӯси шикамкалонҳо шудам, мегӯяд хонандаи мо бо чашмони гирён

Номаҳо, НТМ, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Шояд баъди хондани мактубам маро рӯсиёҳ ва шарманда хонда, маломат намоед, вале ба ҷуз гуфтани дарди дилам дигар чора надорам, зеро қалбам аз зардоби ғам пур шудаасту нагӯям, мекафам.  Ҳар чизе мегӯед, қабул дорам, вале хоҳиш мекунам манзури маро дурусттар фаҳмед!

Модарам маро ба писари дугонааш ба шавҳар дод, вале бо Даврон шаш сол зиндагӣ карда бошем ҳам, кӯдакдор нашудем. Духтурон иллатро дар ман дида гуфтанд, ки шавҳарам солим аст, агар зани дигар бигирад, соҳиби фарзанд мешавад, вале Даврон маро талоқ надод. Модарам маслиҳат доданд, ки кӯдакеро ба фарзандӣ қабул карда, ба воя расонем ва ҳатто аз куҷое як тифлаки навзодро ёфта оварданд, вале шавҳарам “сағераи ҳаромии каси дигар ба ман лозим нест!” гӯён, ҷанҷол бардошту маҷбур шудем, ки кӯдакро ба соҳибаш баргардонем. Даврон ҳанӯз умед дошт, ки мо, худамон бачадор мешавем ва маро ба Русия барои табобат бурд. Табибони рус низ иллатро дар ман дида гуфтанд, ки фарзанддор шуданам имкон дорад, аммо табобати тӯлонӣ лозим аст. Мо қариб як сол дар Русия мондем. Ҳар дафъаи ба назди духтур рафтанам маро муоина карда мегуфтанд, ки нишонаҳои шифоёбӣ дар ман аллакай пайдо шудаанд ва албатта соҳиби фарзанд мешавам. Дилам аз ин суханони табибон боғ-боғ мешукуфт, вале як бегоҳ зани кӯдакдоре ба хонаамон даромада омад ва дунёи орзуҳои ширин маро зеру забар кард. Вақте фаҳмидам, ки кӯдаки он зан аз шавҳарам аст, дилам аз оламу одам монд ва қаҳр карда, чиптаи ҳавопаймо харидам. Шавҳарам зориву тавалло намуда гуфт, ки барои худро санҷидан бо ин зан никоҳ кардааст ва ҳамин ки ман бачадор шудам, аз ӯ ҷудо мешавад, аммо ман ба рӯяш туф карда, баромада омадам. Баъди ба Ватан баргаштан модарам барои аз ғаму ғӯса раҳо шудан маро ба Хуҷанд фиристод. Дар истироҳатгоҳи Зумрад бо марде вохӯрда барқасди шавҳарам бо ӯ ишқварзӣ кардам. Он мард раис буда, ду зан доштааст. Вай маро зани сеюм карда гирифт. Мо ҳамагӣ як сол зиндагӣ карда ҷудо шудем. Пас аз ин даст ба дасти мардони булҳавас мегаштам. Ба худам нафрат дорам, ки шавҳари ҷавону зебоямро партофта, худро чунин хору зор кардам ва аз ночорӣ арӯси пирсолуқҳои пулдор шуда мондам, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, аз ин роҳи бад баргашта наметавонам. Кадом як қувваи ноаёне маро мисли гови дар гарданаш банд баста ба сӯйи хиёнату зино мекашонад. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ гуна худро аз  ин ботлоқи гуноҳу бадномӣ берун созам?

Хонандаи беном

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

12 комментарий

  • Э дига ягон кор карда намешава ҳамин роҳба рафтан гиред.

  • Salom.

    Ман як гуфтание дорам нисбати ҳамин духтар. Худованд Шуморо ба роҳи сиротал мустақим ҳидоят кунад. Агар ки дар дилатон каме ирода дошта бошен бе ягон мамоният Шумо аз ин роҳ мебароед. Агар ки набошад Шумо идома медиҳен ҳамир рафторатонро. Лекин Шумо имрузро фикр накунен Шумо бояд баъди 15 сол ё 20 ро фикр кунед, ки Шумо дар он вақт ба ягон кас дар кор намешен барои ҳамин аз роҳат ҳамин дақиқа ба гард………

  • Шумо худ намехохед аз ин рох гаштан, агар шахс худ нахохад аз коре даст кашидан маслихат ё ин ки ёрдами ягон нафари дигар самара намебахшад.

  • Тавба кун ва иродаатро мустахкам гир. Бас кун ин кори палидро. Ба шаъни духатри мусулмон ва зани точик зебанда нест. Худо хидоят кунад Шуморо. Агар хохед хатман аз ин рох баргашта метавонед. танхо иродаи кавии худаи Шумо лозим аст

  • Агар маслихати равони(психологи) лозим бошад, ман маслихат медихам, аммо хози ман дар Кирfизистон, раками телефонам +996554404696 занг зан, агар маслихат лозим бошад.

  • Худованд тавба кунандагонро дуст медорад тавбаи насух кунен Бад як шавхари мусалмон кунен иншаАллах хамаш хуб мешавад.

  • Иншоаллох тавба кунен хохар Худованд Шуморо аз ин рох мегардонад. Мо хамакаса дуъо мекунем, ки Аллохи мехрубон Шуморо тавики рохи рост ато фармояд, Омин!

  • ба шумо равоншинос даркор аст баро аз рохатон гаштан равоншиноси хуб хастам дарачаи оли дорам мархамат ракамои телефонам ман дар шахри Душанбе карор дорам +
    992919013036

  • Хамаги ду се бор равоншиносии ман ба Шумо кумак мекунад!!! ман Шуморо аз ин холати ногувор мебарорам !!! Машварат ройгон !!! +992 92 768 22 77

  • эхе и ракамтиира бинан равоншинос хастан нестан иша Худо медона !

Leave a Reply