Арӯси бачадор

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Сарнавишти духтаре, ки ба фарзанди мардум модар шудааст

Нигора дар яке аз деҳаҳои дурдасти Панҷакент зиндагӣ мекард ва рӯзгори қашшоқонаеро ба сар мебурд. Онҳо ягон шароити зиндагӣ надоштанд, шавҳараш дар ягон ҷо кор намекард, худи зан низ бе кор ва ба як бурида нон зор буд, аммо ба ин нигоҳ накарда, қариб ҳар сол таваллуд мекард. Вақте ки шумораи фарзандон ба 5 нафар расид, ҳоли Нигора тамоман табоҳ гашта, ҳушаш ба сараш зад. Акнун вай роҳи аз тифлаки навзодаш Некрӯз халос шуданро мекофт…

                        Рӯ ба пойтахт

Нигора дар ҷустуҷӯйи кор ба шаҳри Душанбе омада, дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» дар хонаи Нурулло ном марди неке иҷоранишин гашт. Аҳли ин оила ҳамагӣ одамони покдилу покният буданд ва «мусофир аст, савоб мешавад» гӯён, ҳамеша дар парастории фарзандаш ба Нигора кӯмак мерасониданд, махсусан духтари акои Нурулло-Наргис нисбати Некрӯзи хурдакак меҳрубон буд. Нигора бо гапи хуш дили ин духтараки ҷавонро ба даст оварда, зорию илтиҷо мекард, ки то аз кор баргаштанаш писарчаашро парасторӣ намояд ва Некрӯзи ҳаштмоҳаро ба дасти Наргис дода, соатҳои дароз гум мешуд. Аксар вақт Наргиси ҳанӯз бе шавҳар ва бе таҷриба намедонист шиками кӯдаки бечораро бо чӣ сер кунад, зеро Нигора ҳатто ҳавсала намекард, ки барои фарзандаш шири сунъӣ харад. Дар чунин ҳолатҳо модараш Руқиямоҳ ба имдоди Наргис мерасад ва очаю духтар илоҷе карда, шиками кӯдакро сер мекарданду ӯро алла гуфта мехобониданд…

                       Модари фарзандбезор

Як саҳар Нигора «Наргисҷон, илтимос, Некрӯзро як-ду соат нигоҳ кун, ман зуд бармегардам» гӯён, кӯдакро ба дасти Наргис дода, бо баҳонаи як кори зарур баромада рафт. Саҳар нисфирӯзию чошт намози шом шуд, вале аз модари Некрӯз ҳанӯз дарак набуд, кӯдак бошад, дасту почак зада бо як овоз мегирист. Наргис чанд маротиба шири сунъӣ тайёр карда ба ӯ хӯронд, вале бача ҳамоно аз гиристан намемонд. Холаи Руқиямоҳ, ки зани зиндагидида буд ва чанд фарзанд калон карда, таҷрибаи фаровон дошт, шиками тифлакро бо дастонаш маҳс карда истода дарёфт, ки модари бераҳмаш ба ҷойи шир ба кӯдак ҳар хел хӯрокҳои сахт додаасту бача гирифтагии рӯда дорад. Вай бо дорую дармонҳои халқӣ гирифтагии рӯдаҳои кӯдакро фароварду Некрӯзи хурдакак ниҳоят нафаси осуда кашида, ба хоби ширин рафт…

                  Бачаи худодод

Шаб саҳар шуду аз модари Некрӯз дарак нашуд. Аҳли оила гумон доштанд, ки шояд ягон кори зарураш баромада, Нигора дар ягон ҷо банд шуда мондааст, вале ин модари фарзандбезор аллакай тарки пойтахт карда буд….

Ҳамин тавр рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо гузаштанду дигар Нигора пою қадамашро ба остонаи дари онҳо нагузошт. Некрӯзи хурдакак дар оғӯши гарми Наргис калонакак шуда, роҳгардию гапзаниро ёд гирифт. Наргис, ки аллакай духтари қадрасу зебое гашта буд, талабгорони зиёде дошт. Хостгорҳо пушти дари хонаи амаки Нуруллоро охурча карда буданд, аммо ҳар дафъа Наргис ягон чизро баҳона карда, ба шавҳар баромадан намехост. Волидони дилогоҳаш хуб медонистанд, ки сабаби тамоми хостгоронро рад намудани духтарашон Некрӯзи хурдакак аст. Дили Наргис намешуд, ки ин тифлаки маъсуми аз модар зиндаҷудоро партояд. «Очаи бераҳмаш партофта рафт, ман ҳам ӯро партоям, ҳоли ин кӯдаки бечора чӣ мешавад?!» андеша мекард худ ба худ Наргис…

                Вохӯрӣ ва фирори Нигора

Нигора бо шавҳару бачаҳояш дар Панҷакент зиндагӣ мекард ва заррае парвои Некрӯзи хурдакак надошт. Вай ҳатто ба ёд овардан намехост, ки Некрӯз ном писараки зебое дошту ӯро дар шаҳр ба дасти одамони бегона дода омадааст. Беҳуда зиндагиро чархи гардон намегӯянд, боре ба шаҳри Душанбе ба тӯй омада, Нигора тасодуфан бо Наргис рӯ ба рӯ шуд. Духтарак аз ӯ хоҳиш кард, ки омада фарзандашро барад, зеро ӯ ҳанӯз ҷавон аст ва бояд ба шавҳар барояд. Нигораи бераҳму шафқат, ки дар бораи фарзандаш чизе шунидан намехост: «Камтар сабр кун Наргисҷон, ман ҳозир як ба ҳоҷатхона даромада бароям, баъд гап мезанем» гӯён, баҳона пеш овард ва бо роҳи дигар аз тӯйхона баромада фирор кард.

Наргис қариб як соат дар пушти дари ҳоҷатхона нишаста, билохира дарёфт, ки модари Некрӯз боз ӯро фиреб карда гурехтааст ва қарор дод, ки кӯдакро бурда ба хонаи бачаҳо месупорад, аммо…

                    Беҳтар аз модар

Наргис се маротиба бо нияти ба хонаи бачаҳо супурдани Некрӯз аз хона баромада бошад ҳам, аз нимаи роҳ баргашт. Ҳар дафъа ба чашмони пур аз дарду маҳзуни ин писарчаи гул барин зебо нигариста, ҷигараш пора-пора мешуд ва дилаш намешуд, ки ин кӯдаки очадори бе очаро ба ятимхона супорад. Чандин одамони бефарзанд қиссаи Некрӯзро аз ҳаққу ҳамсояҳо шунида ба хонаашон омаданд ва пули калон пешниҳод карданд, аммо холаи Руқиямоҳ ва Наргис Некрӯзро ба ягон кас додан намехостанд. Худованд гӯё бо ин писарак Наргисро имтиҳон кардан мехост…

                          Шарти арӯс

«Апаҷон, агар ту шавҳар кунӣ, маро мепартоӣ?»-бо овози гиряолуд мепурсид Некрӯз Наргисро оғӯш карда.

Бо шунидани ин суханони кӯдаки бегуноҳ дили Наргис обу адо мешуд ва сари Некрӯзро силакунон ӯро ба синааш пахш карда мегуфт: «Ман ҳаргиз туро намепартоям бачаҷон, натарс!»

Хостгорон ҳамоно меомаданду мерафтанд, синну соли Наргис бошад, торафт болотар мерафт. Дугонаҳои Наргис кайҳо ба шавҳар баромада, соҳиби хонаю дару фарзанд гашта буданд. Модараш ҳамеша ӯро маломат карда мегуфт:

-Оқибат аз рӯйи ин бача ту пирдухтар шуда мемонӣ!

Наргис хеле фикр карда, ниҳоят ба хулосае омад, ки дар назди хостгорон шарт мегузорад. Ӯро мехоста бошанд, Некрӯзро ҳам қабул кунанд!

               Ҷонфидо

 Бо шунидани шарти арӯс хостгорон китф дарҳам кашида баромада мерафтанд, вале Наргис ҳамоно ноумед намешуд. Билохира баъди чанд моҳ марде пайдо шуд, ки шарти ин арӯси бачадорро қабул кард.

Ба тақдири Наргис шавҳараш одами хуб  баромад. Шавҳараш  «ҳељ гап не, бигзор Некрӯз писари калониамон бошад» гӯён, дар тарбияи писарак ба ӯ ёрӣ мерасонад ва барои Некрӯз ҷойи падарро гирифтааст, аммо мушкилоти манзил онҳоро азият медиҳад. Азбакси ҳамсараш хона надорад, Наргис маҷбур аст, ки ҳамроҳи Некрӯз ва писарчаи худаш Юсуфҷон дар хонаи падараш зиндагӣ кунад. Шавњараш барои пули хонаро кор кардан ба муњољират рафтааст, вале бо чунин нарху наво ба гумон аст, ки онҳо хона харида тавонанд.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, як рӯз дар мактаб ҳуши Некрӯз рафту ӯро ба беморхона бурданд. Маълум шуд, ки писарак нуқсони модарзодии дил дорад. Наргис имконияти иқтисодии табобат кардани Некрӯзро надорад ва дарун ба дарун худро мехӯрад, ки худо накарда бо писари калониаш ягон ҳодисаи нохуш рӯй диҳад, худро ҳаргиз бахшида наметавонад.

              Агар мизу курсӣ мебуд…

Хонаводаи бобои Нурулло (падари Наргис) дар мањаллаи Ҳаёти нав, хонаи № 13 зиндагӣ мекунанд. Наргис нисбати бачаи худододаш Некрӯз ва писараки хурдиаш Юсуфҷон бисёр меҳрубон аст, аммо дасташ намерасад, ки ниёзҳои онҳоро бароварда созад. Тавре ки гуфтем, Некрӯз нуқсони модарзодии дил дорад ва бояд ба қалби бемораш фишори зиёд наорад, аммо онҳо мизу курсие надоранд, ки писарак нишаста дарсҳояшро тайёр намояд. Кӯдаки бечора аз ночорӣ дар болои қолин дароз кашида дарс тайёр мекунад.

            Дунё ба умед

Наргис умед дорад, ки одаму одамгарӣ дар кишвари мо ҳанӯз фаромӯш нашудааст ва шояд афроди некхоҳе пайдо мешаванд, ки дар табобати писараш Некрӯзҷон ба ӯ дасти мадад дароз карда, шароити зиндагии ин писараки беморро беҳтар месозанд. Мо низ ба ин умед баста бо ин байтҳои машҳури Рӯдакии бузург ба нақламон хотима мегузорем:

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Шањлои  Наҷмиддин, журналист

Р/S

Ба хотири ба иззати нафси модари аслии Некрӯз нарасидан, мо номи ӯро тағйир додем. Дигар тамоми номҳо ва саргузашти қаҳрамонон воқеӣ мебошад. 


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Иншоаллоҳ ки бо сабру кушиш аз ин мушкил ҳам бар меояд, то инҷо ки хуб тавонистааст барояд аз паси ин мушкилот!

Leave a Reply