Андропов, Наполеон, План Путина ба саломатӣ зарароваранд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Талабшоҳ Сангзода, сардори маркази ташхисии Агентии “Тоҷикстандарт”

Натиҷаи  як рейд дар Тоҷикистон нишон додааст, ки беш аз 50 намуди машруботи спиртӣ ба саломатии инсон зарар дорад.

Аз ҷумла, маҳсулоти спиртии  маъруф бо номҳои “План Путина”, “Андропов”,“Кремлин”, “Лондон” ва “Наполеон” бинобар ба талаботи истеъмолӣ ҷавобгӯ набудан, ки дар корхонаҳои машруботии кишвар  истеҳсол шудаанд, аз муомилот ва фурӯш боздошта шуданд.  Талабшоҳ Сангзода, сардори маркази ташхисии Агентии  “Тоҷикстандарт” зимни  суҳбат дар шарҳи мавзӯъ гуфт, ки амалиёт дар арафаи  ҷашни Соли нави мелодӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҳадаф аз ин рейдҳо  пешгирӣ  аз воридоти маҳсулоти пастсифати спиртӣ дар бозори дохилӣ мебошад.   Сангзода гуфт: Тибқи қонуни Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ин кори онҳо фиреби истеъмолкунанда мебошад. Дар борҷома нишон дода шудааст, ки таъсирноки арақ 40 дараҷа бояд бошад, аммо зимни санҷиш маълум шуд, ки 30-33 фоиз будааст. Дизайни ин маҳсулот хеле дилчасп аст, вале сифаташон паст аст”.

Ҳамин тариқ, тибқи  иттилои расмӣ, соли 2016 дар Тоҷикистон 266 ҳазор литр машруботи спиртӣ, ки асосан аз арақу коняк иборат будаанд, аз лиҳози тамғагузорӣ, ҳаҷм ва надоштани муҳлати нигоҳдорӣ аз фурӯш берун карда шуданд.  Баъди санҷиш, ки ҷараёни онро аз тариқи шабакаҳои давлатии телевизионӣ низ намоиш доданд, 8 тонна маҳсулоти спиртӣ аз фурӯш боздошта ва мусодира шудааст. Ин гуна маводи спиртӣ ба саломатӣ зараровар дониста шудааст.

Тафсилот дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply