Андӣ ба Зулайхо чӣ пешниҳод кард?

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАТЛОН

Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи попи тоҷик бо суруду таронаҳои дилнишинаш дунёро тасхир намудааст. Консертҳои Зулайхо дар Аврупо, Шветсия ва Москва баргузор гашта, ин зебосанам бад-ин васила санъати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Дӯстдорони ҳунараш аз гӯшаву канорҳои гуногуни олам ба ин бонуи фариштахисол ва булбуловози тоҷик аҳсан хонда каф мекӯбанд.

Дилбохтагони садояш Зулайхоро ба озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пешбарӣ намуданд ва мо ба ин зебосанам занг задем, то аз навигариҳои ҳаёташ бохабар гардем.

    

Духтари роҳ

-Салом, бону Зулайхо! Ман Рустам, аз ҳафтаномаи “Оила” шуморо ташвиш медиҳам.

-Салом Рустамҷон! Кайҳост, ки бо шумо суҳбат накарда будем, акнун маро саволборон мекардагистед… (механдад)

ил гувоҳи ҳақ аст!

Хӯш, гӯш мекунам!
-Вақтҳои охир шумо духтари роҳ шуда мондаед. Имрӯз дар як давлат консерт доред, пагоҳ ба кишвари дигар сафар мекунед. Дӯстдорони санъататон дар хориҷа шуморо ба қавле “закас” мекунанд ё барои  тарғиби ҳунари худ  меравед?

-Бе  даъват намеравам! Шахсоне, ки консертҳои маро дар хориҷи кишвар мегузоранд, масъалаи толор, декоратсия, фурӯши чиптаҳоро худашон ҳал карда, баъдан маро даъват менамоянд, то бо суруду таронаҳоям хотири мардуми форсизабонро шод гардонам.

-Дар замони имрӯза роҳ ёфтан ба хориҷа кори саҳлу осон нест, чӣ гуна ба Зулайхои ҷавон даст дод, ки муҳаббати мардуми хориҷиро ба даст орад?

ақте маро ба Шветсия ба базми Наврӯзӣ даъват карданд, дар андешаи он будам, ки мардум маро чӣ гуна қабул мекарда бошанд. Дар он базм санъаткорон аз 35 давлати дунё иштирок доштанд. Вақте ки навбати банда расиду баранда “Зулайхо аз Тоҷикистон” гуфт, аҳли толор якбора аз ҷояшон бархоста фарёдзанон кафкӯбӣ намуданд. Бовар кунед, бо дидани ин манзара ман шок шуда мондам ва беихтиёр аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд. Ин ашкҳо ашки шодӣ буданд.

-Ва албатта ифтихор кардед, ки шуморо мешинохтаанд…?

Ман аз худам не, аз қудрати санъати тоҷик ифтихор намудам, ки метавонад ба осонӣ марзҳоро убур намуда, асолати худро собит созад.

-Бо кадом ҳунармандони хориҷӣ дӯстию ҳамкорӣ доред?

Дар ҳар консерт ва чорабиние, ки дар хориҷа мегузарад, мо, сарояндагон бо ҳампешагонамон аз мамолики гуногуни олам шинос шуда, риштаи дӯстӣ мебандем. Туфайли чорабиниҳои фарҳангӣ дар хориҷи кишвар дӯстони зиёде пайдо кардам. Ба наздикӣ бо оғои Андӣ Мададиён дӯст шудам. Аҷибаш он, ки Андӣ ба ман пешниҳод кард, ки якҷоя бадеҳа сароем.

-Шумо рад кардед?

-На, ба ҷону дил қабул кардам.

         

Клипҳои тиллоӣ

-Шумо аз зумраи сарояндагони ангуштшумори тоҷик ҳастед, ки таронаҳоятонро берун аз Тоҷикистон наворбардорӣ мекунед, агар махфӣ набошад, бигӯед, ки барои як клип сохтан дар хориҷа чӣ қадар пул сарф мешавад?

ар хориҷа як клип омода кардан хароҷоти калонро талаб мекунад. Шахсан ман вақте ягон таронаамро берун аз Тоҷикистон ба навор мегирам, барои 6 нафар чиптаи ҳавопаймо мехарам, ба ғайр аз ин, хароҷоти буду боши меҳмонхона ва хӯрду хӯрокро ба зимма мегирам. Кӯшиш мекунам, ки ҳамсафаронам беҳтарин хӯрокҳоро хӯрда, нағз дам гиранд ва аз таҳти дил кор кунанд, чунки сифати клип аз табъи касоне вобаста аст, ки онро ба навор мегиранд. Дигаронро намедонам, вале ман барои як клип ба навор гирифтан аз 20 то 25 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мекунам.

Консертҳое, ки дар хориҷа медиҳед, ба шумо чӣ қадар фоида меоранд?
-Пештар, вақте ки чандон шинохта набудам, фикр мекардам, ки пул муҳим аст, вале бо мурури замон андешаам тағир ёфт. Акнун бароям аҳамият надорад, ки барои дар Олмон ё Амрико консерт доданам, ба ман чанд пул медиҳанд. Муҳим он аст, ки ҳунари маро қадр карда, маро даъват намудаанд ва ман имкон меёбам, ки санъати тоҷикро берун аз марзҳои кишварам нишон диҳам. Санъаткор, агар ба пул дил бандад, дар ҷодаи ҳунар дур рафта наметавонад, вале санъатро дар ҷойи аввал гузорӣ, пул худаш ба суроғи ту меояд.

-Рост аст, ки Зулайхо душман дорад ва ҳамеша бо телех мегардад? Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки душманатон кист ва аз шумо чӣ мехоҳад?

Дар ин замона дӯстро аз душман фарқ карда намешавад. Бахилӣ ва душманӣ на танҳо миёни санъаткорон, балки дар байни мардуми одӣ низ зиёд ба чашм мерасад.

Зу-зу ба Олмон мекӯчад?

-Дили язна чӣ хел мешавад, ки чунин зебосанамро тез-тез ба хориҷа фиристад? Магар рашк намекунанд?

Аз рашк сухан накунед, ки дилгирам! Ман маҳз бо ҳамин сабаб аз баҳри чандин сафарҳои хориҷӣ гузаштаам. Вақте маро ба хориҷа барои консерт додан даъват мекунанд, аввал бо шавҳарам маслиҳат мекунам, ки фалон ширкат ё шахс таклифнома фиристодааст, чӣ кор кунам? Шавҳарам розигӣ диҳад, меравам, надиҳад сафари тиллоӣ бошад ҳам, аз баҳраш мегузарам, чунки намехоҳам аз рӯйи саҳна шуда муносибатҳои оилавиам вайрон шаванд.

-Мегӯянд, ки Зу-Зу дар Олмон хона харидааст ва ба наздикӣ ҳамроҳи шавҳару писарчааш ба ин кишвар мекӯчад?

-Ин овозае беш нест. Ман нияти дар хориҷа зиндагӣ кардан надорам. Тоҷикистон ва миллати тоҷик маро Зулайхо карда, машҳури олам гардониданд, ман ҳеҷ гоҳ ба нону намаки халқам туф карда, ба кадом як кишвари дигар кӯч намебандам.

-Дар ҷаҳони имрӯза кори ҳунарманд бе сарпараст ба таври дилхоҳ пеш намеравад. Зулайхо спонсор дорад?

-Спонсори ман шавҳарам аст ва ҳамеша дастгириам мекунад.

-Шавҳаратон чӣ кора аст?
Соҳибкор.

-Ситораҳо тобистонро дар курорт ва истироҳатгоҳҳои хориҷӣ мегузаронанд.  Шумо имсол ба  кадом истироҳатгоҳ дамгирӣ рафтаниед?

Мо аллакай Анталияи Туркия рафта баргаштем, чунки дар Ватан корҳо зиёд буданд. Аниқтараш бачаҳои мардума зан додан лозим, аз ҳамин хотир баргаштем. (механдад)

Зулайхо, шумо хеле ҷавон ҳастед, вале ба ҷавониатон нигоҳ накарда, пай дар пай ба муваффақият ноил гашта истодаед. Сирри комёбиву муваффақиятҳоятонро ба хонандагони “Оила” мекушоед?

икр мекунам, ки комёбиҳои ман ҳама аз назари неки Худованд аст. Дили соф дорам, бо ягон кас душманию кинаварзӣ намекунам, то ҷое, ки аз дастам меояд, ба одамони муҳтоҷ ва ниёзманд кӯмак мерасонам, ба кӯдакону пирони барҷомондае, ки аз ночорӣ гадоӣ мекунанд, хайру саховат менамоям, шояд барои ҳамин Худо пеши роҳамро кушода, маро азизи дили мардум гардонидааст…

  

Дар боби ҷарроҳии пластикӣ ва…

-Боз як сирри дигарро аз шумо пурсиданияму…

Бемалол пурсидан гиред, аз гиребонатон намегирам….

Аксари ҳунармандон аз хизмати ҷарроҳони пластикӣ истифода мебаранд. Шумо ягон бор ҷарроҳии пластикӣ кардаед? Умуман, назаратон нисбати ҷарроҳии пластикӣ чӣ гуна аст?

Ҷарроҳии пластикӣ ҳар хел мешавад, баъзеҳо ба хотири зеботар шудан ба ҷарроҳии пластикӣ рӯ меоранду бархи дигар аз зарурат. Ман аз хурдӣ мушкилоти бинӣ доштам ва ҳангоми нафаскашӣ азоб мекашидам, аз ҳамин сабаб биниамро ҷарроҳии пластикӣ кардам.

-Шумо ягона ҳунарманде ҳастед, ки қомати мавзуну зебоятонро ҳамеша нигоҳ медоред. Парҳез мекунед ё зебоии Зулайхо ягон сири дигар дорад?

Сираш дар ҷавон буданам аст. Кӣ медонад, шояд чанд сол пас чунон фарбеҳ шавам, ки дигар аз дари утоқи корӣ даромада натавонам! (Механдад) Ба варзиш машғул мешавам, чунки хуб медонам, ки санъат зебогиро талаб мекунад.

-Косметикаи кадом фирма ба ҳусну ҷамоли Зулайхо ҳусни тоза зам мекунад?

Муштарии ширкати аврупоии МАК ҳастам. Маҳсулоташ қимат, вале бе зарар аст. Як бор аз маҳсулоти МАК истифода бурда, ду-се рӯз гул барин зебо мегардӣ, аз ҳамин хотир, ман маҳз ҳамин ширкатро интихоб намудам.

-Атри дӯстдошта, гули дӯстдошта, ширинии дӯстдошта ва хӯроки писандидаи Зулайхо?

Атри дӯстдоштаам Гучӣ, садбарги голландиро меписандам. Ширинии  дӯстдоштаам ҳама намуди шириниҳо. Аз хӯрокҳо бошад, оши бурида ва оши палови тоҷикӣ. Ман мухлиси таомҳои тоҷикӣ ҳастам.  

-Аксари ҳунармандон шабҳоро дар тарабхона ва дискотека саҳар мекунанд. Шумо ба кадом тарабхона ё дискоклуб меравед?

Ман ба тарабхонаҳо танҳо ба хотири гузаронидани тую маъракаи мардум рафта, базми мухлисонамро обод мекунем. Соатҳои 10- и шаб  хаставу беҳол ба хона бармегардам ва мадору имкони ба чунин ҷойҳо рафтанам намемонад.

                 

Муҳаннад додарча мехоҳад, аммо…

-Субҳи Зулайхо аз чӣ оғоз меёбад?

Рӯзҳое, ки холӣ бошам, хоб мекунам ва хандаи кӯдакам маро аз хоб бедор мекунад….

-Писарчаатон Муҳаннад боғчаравак шудагист? Ба ман додарча ё хоҳарча кунед, намегӯяд?

қлаш ҳанӯз ба ин чиз намерасад, лекин як гапаки ширин дорад “Очаҷон, ба мара додарча бхар!”

Зулайхо, чанд рӯз пас воздиҳӣ ба ҷонибдории довталабони  озмуни”Оҳанги ҷавонӣ” оғоз меёбад. Ба онҳое, ки шуморо ба ин озмун пешбарӣ намуданд, чӣ гуфтаниед?

Аз меҳру муҳаббаташон мамнунам. Ваъда медиҳам, ки ҳафтаи ҷорӣ албоми сурдҳоям, ки саропо эҷоди дасти хонуми қашангу зебо ва устоди ҳунарам Манижаи Давлат аст, ба мухлисон пешкаш менамоям.

-Боварӣ доред, ки дар озмун ғолиб меоед?

-Иштирок кардан дар ин озмун боиси ифтихори ман аст, вале кӣ ғолиб меояд, инро вақт нишон медиҳад! ”

-Муваффақ бошед!

 Суҳбаторо: Рустам Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply