Амнияти Кӯлобро тарконида парчами ДИИШ-ро афрохтанӣ буданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Додгоҳи Хатлон чор сокини ин вилояти ҷанубии кишварро барои қасди таркондани биноҳои пулису амният ва талоши боло кардани парчами гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» аз 12 то 15 сол зиндонӣ кард. Мақомоти додгоҳ рӯзи 30 ноябр гуфтанд, се сокини ноҳияи Хуросон – Беҳрӯз Файзалиеви 23-сола, Маҳмадсаид Забирови 24-сола, Сангалӣ Ёрназарови 34-сола ва сокини Кӯлоб Раҷҷо Умарови 24-сола дар мурофиа ба гуноҳи худ иқрор кардаанд.

Дар тафсири ҳукми додгоҳи чор сокини вилояти Хатлон гуфта мешавад, айбдоршудаҳо рӯзи 1 апрели соли равон дар ҳудуди вилоят боздошт шуданд ва аз онҳо, далели шайъии нияти содир кардани ҷиноят, аз ҷумла сабти навору акс ва сӯҳбатҳои телефонӣ мусодира шудааст.

Чуноне муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва ҳамзамон қозии парванда,Сайфиддин Муҳиддинзода  гуфтааст, ин чаҳор ҷавон нақшаи ҷиноятро дар шаҳри Самараи Русия, дар замони дар муҳоҷирати корӣ буданашон кашида, баъдан мехостанд дар Тоҷикистон амалӣ кунанд.

Номбурда афзудааст, «инҳо мехостаанд, ки пайкараи Ленин дар Кӯлоб, пайкараи «Моҳу ситора», Идораи амният ва идораи пулиси ноҳияи Хуросонро битарконанд. Аз Русия фармоиш гирифтаанд. Худашон нишондод доданд, шоҳидон низ ҳастанд. Дар Русия ҷойи истиқомати онҳо рӯшан аст. Ин тайёрӣ ба ҷиноят аст, барои ҳамин ҳам бо чӣ таркондани ин биноҳоро гуфта наметавонем. Дар ҷои таркиш мехостаанд, парчами «Давлати исломӣ»-ро гузоранд


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply