Ҳамҷинсгароиро кӣ пешгирӣ мекунад?

ТОҶИКИСТОН, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

  Миллати тоҷик аз азал бо фарҳанг ва маданияти баланди хеш дар ҳама давру замон мавқеи хоса дошту дорад. Пайравӣ аз суннатҳои неки аҷдодон, маърифати оиладорӣ, одоби шарқиёна дар минталитети тоҷикон ҷойгоҳи махсус ва баландро касб намудааст.

Вале, вақтҳои охир ба маданияти фарҳангиву шарқиёнаи ҷомеаи мо омилҳои бегона рӯз аз рӯз таҳдидҳои ғайриинтизор намудаистодаанд, ки он нигароникунанда мебошад.

Бо вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, ривоҷу равнақёбии технологияи муосир, дастрасӣ ба интернет, робита бо хориҷиён, дар баробари ба даст овардани манфиат, ҳар гуна омилҳои ба оини миллати мо бегона ва ҳатто хатарзо низ таъсиргузор шудаанд. Яке аз чунин хатарҳо барои ҷамъият ва ахлоқи аҳолӣ ин гомосексуализм, ё ба таври дигар ҳамҷинсгароӣ маҳсуб меёбад.

Пушида нест, ки аксарияти давлатҳои Ғарб барои бо ном «демократикунонӣ»-и ҷомеа ва ба сатҳи хеле баландтару баландтарин бурда расонидани ҳуқуқҳои инсон маблағҳои ҳангуфтро равона карда, сари чандин лоиҳа-барномаҳои махсус кор мекунанд. Яке аз барномаҳои онҳо, ин шароити мусоид фароҳам овардан ба ҳамҷинсгароён, қонунӣ гардонидани ақди никоҳи онҳо ва ҳимояи онҳо аз фишору таъсиррасонии дигарон мебошад, ки ин ҳама ба менталитети мо на фақат бегона, балки нафратовару фалокатбор аст. Бо ин корҳо ба қавли худашон онҳо гӯё ҳуқуқҳои ҳамҷинсгароёнро пеш аз ҳама эътироф, риоя ва ҳифз менамоянд. Ба ақидаи ғарбиҳо инсон дар дунё чи тавре, ки худ мехоҳад зиндагӣ кунад ва талаботи худро ҳамон гунае, ки барояш қуллай аст, қонеъ гардонад. Аммо дар асл зери ин коса нимкосае ҳаст. Дар баробари дигар кишварҳои Ғарб, ниҳоят ИМА низ вақти роҳбарии президенти собиқ Барак Обама ин падидаи барои ҷамъият хавфнокро эътироф намуд. Инак, тайи чанд соли охир дар кишварҳои Ғарб ҳамҷинсгароён низ оила барпо карда, аз тамоми ҳуқуқҳои оилавӣ бархурдор ҳастанд. Дар ҳоле, ки ҳама динҳои ҷаҳонӣ ва махсусан дини мубини Ислом ин падидаи номатлубро шадидан маҳкум намудаанд.

Боиси таассуф ва бисёр ҳам ташвишовар аст, ки чунин омилҳо ба маданияти пурарзиши миллии мо бетаъсир намондааст. Имрӯзҳо тавассути сомонаҳои интернетӣ наворҳоеро дидан мумкин аст, ки баъзе аз ҷавонписарон сару либоси занона ба бар намуда, ба корҳои ношоиста даст задаанд, ки аз ҷониби атрофиён зери интиқоди шадид қарор мегиранд. Мавриди лату куб қарор гирифтани ҳамҷинсгароён на танҳо дар мо, балки дар дигар кишварҳои Осиё низ ба чашм мерасанд. Чунки ҷомеаи мо бардошти чунин бори маломат ва доғеро, ки ҷамъиятро сиёҳ мекунад, надорад. Бо ин навиштаҳо ман мақсади ҳуқуқҳои касеро сарфи назар кардан, ё поймол намуданро надорам. Балки, баҳри пешгирӣ намудани ин омилҳои бадномкунанда ва хатарнок дар ҷомеаи Ватани худ, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, водорам кард, ки масъалаи мазкурро мавриди таҳлил қарор диҳем.

Ҳамҷинсгароиро аслан падидаи нав гуфтан дуруст нест. Вале, имрӯзҳо хавф дар он аст, ки сафи чунин одамон рӯз аз рӯз афзуда истодааст.Ҳатто, ки дар давлатҳои Шарқ ва кишварҳои мусулмоннишин.

Вақтҳои охир тариқи ВАО-и хориҷӣ ва сомонаҳои гуногуни интернетӣ психологҳои ба қавле «баландихтисос» маводу маълумот паҳн карда, кушиш доранд, то ба инсоният исбот созанд, ки гомосексуализм низ падидаи муқаррарӣ ё муътадилест дар зиндагӣ ва муносибатҳои ҷинсии одамон. Чунки ҳамҷинсгароён гўё ҳамин гуна таваллуд шуда бошанду барои рафъи ин проблема дар ҷомеа коре карда намешавад. Лекин, хушбахтона ин ақидаи носолим тарафдорони зиёд надорад.

Аз нигоҳи тиб гомосексуализм – ҳолати равонӣ ё потологияе мебошад, ки шахс барои қонеъ намудани талаботи шаҳвонӣ ба ҳамҷинси худ майл пайдо мекунад. Сабабҳои чунин рафтори одамон ё ҳолати равонии онҳо куллан гуногунанд. Ҷарроҳатҳои вазнини рӯҳию равонӣ, зиндагӣ дар муҳите, ки ин омилҳо ҷой доранд, ташаккул наёфтани организм, дур мондан аз ҷамъият, стресс, тарс, тағйирёбии гормонҳо аз сабабҳои асосии ин омили манфӣ ба шумор мераванд. Дигар сабабҳо низ мавҷуданд. Аслан тиб гомосексуализмро ҳамчун беморӣ ва ҳамҷинсгароёнро бемор эътироф мекунад. Ҳамҷинсгароӣ ба чандин навъҳои дигар низ ҷудо мешудааст, ки инҳо бо хусусиятҳо ва аломатҳояшон аз ҳамдигар фарқ доштаанд. Лекин асоси зуҳуроти ҳама навъ ё нишонаи умумии ин беморӣ як аст. Майлу рағбат ба ҳамҷинси худ. Ба ғайр аз гомосексуализм, хатарҳои дигаре чун бисексуализм ва транссексуализм дар дунё доман паҳн кардаанд, ки онҳо низ хусусиятҳои худро дошта, ба насли инсонӣ зараровар мебошанд. Дар ҳоле, ки тарзи бурдани ҳаёти солим ва қонеъ намудани талаботи шаҳвонӣ бояд бо ҷинси муқобили худ (мард бо зан) бошад, ки онро гетеросексуалност  меноманд.

Сабабҳои ҳамҷинсгароии мардонаву занонаро Л.Гридковец дар муҳити оилавӣ, ки модар роҳбар аст, ҷарроҳатҳои вазнини психологӣ бардоштани шахс, тарғибу ташвиқот тариқи ВАО ва аз даст додани арзишҳои руҳонӣ мебинад. Ин олими психолог қисса мекунад, ки дар таҷрибаи кориаш одамони ба ин беморӣ гирифтор бударо дидааст, ки аслан аз дипрессия ва галютсинатсия азият мекашиданд, ё вобастагӣ доштанд аз машруботи спиртӣ ва дигар маводи мадҳушкунанда. Онҳо воқеан хоҳиши сиҳат шуданро дошта, пайваста табобат мегирифтанд ва аз ин дард комилан шифо ёфтанд.

Акнун саволе ба миён меояд, ки агар ин зуҳурот беморӣ бошад, пас чаро сафи чунин беморон зиёд шудаистодаанд? Ё барои чӣ давлатҳои Ғарб ин нафаронро табобат нею, балки дастгирӣ доранд? Чаро барои зиёдшавии онҳо замина мегузоранду маблағгузорӣ менамоянд? Магар хубтар намебуд, ки ба ҷои қонунӣ кардани муносибати маҳрамонаи ҳамҷинсгароён онҳоро ба табобат фаро мегирифтанд? Албатта хуб мебуд! Валекин мо чунин меҳисобем. Онҳо бошанд мақсадҳои дигар доранд.

Яке аз ҳадафҳои асосии Ғарб барои дастгирӣ ва ташаккули гомосексуализм ин коҳиш додани афзоиши аҳолии кураи Замин мебошад. Тибқи иттилои ВАО-и Русия Ғарб барои пешгирӣ кардани зиёдшавии одамони сайёра чандин барномаҳои махсусро тарҳрезӣ намудааст, ки яке аз онҳо дастгирии гомосексуализм мебошад. Бо зиёдшавии чунин афрод дар дунё албатта, ки афзоиши насли нави одамӣ кам гашта, оҳиста-ҳњиста таваллуди инсони нав аз байн меравад. Бо ҳамин мақсадҳо кишварҳои Ғарб аз тамоми роҳу усул ва воситаҳо, барномаҳои психологӣ, доруҳои махсус, маводҳои таблиғотӣ истифода бурда, паси пардаи “демократия” ва “гуманизм” чунин барномаҳои палидонаи худро дар ҳар гӯшаву канори дунё амалӣ менамоянд. Имрӯзҳо шумораи ашхоси мубталои ин беморӣ дар Амрикову Аврупо аллакай ба чандин ҳазорҳо расидааст. Бо чунин кору рафтор, ки арзишҳои инсонро дағалона поймол менамоянд, онҳо боз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ худро ончунон ба намоиш мегузоранд, ки гӯё дар кишварҳояшон одам аз тамоми ҳуқуқҳои инсонӣ озодона, бидуни ягон маҳдудият ва фишор истифода мебарад. Магар байни ду мард, ё ду зан оилаву ҳаёти солим вуҷуд дошта метавонад?  Ҳаргиз!

Ҷомеаи кунунии Тоҷикистон низ аз чунин хатарҳо эмин нест. Чунки шаҳрвандони мо ҳам аз ҳама намуди дастовардҳои асри навин бархурдоранд. Вале то куҷо аз технологияи муосир манфиатнок истифода мебарем, ин аз худи мо вобаста аст.

Бадбахтона, омилҳои берунӣ, аз қабили маълумоти «психолог»-ҳои ғарбӣ, маводу видеороликҳои фасоди тарғиботӣ, интернет ва монанди инҳо барои зиёдшавии чунин афрод дар ҷомеаи мо низ таъсири бади худро аллакай расонидааст. Дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ шумораи ҳамҷинсгароёне, ки саҳифа кушодаанд, хело зиёд шудааст. Бо мусоидати донишҷӯён, намояндагони соҳаи тиб ва психология нақшаи махсус тарҳрезӣ карда, бо чанде аз ҳамҷинсгароён тамос гирифта, тариқи интернет ва телефон дар ин бора суҳбат намудем. Албатта дар хусуси гузаронидани чунин таҳлил ва навиштани ин мақола онҳо намедонистанд. Боиси қайд аст, ки ҳар яки онҳо аз ҳамдигар фарқ доштанд. Умумияти ягонаи онҳо дар он буд, ки ягон нафарашон ба зан рағбат надошт. Баъзеашон аз зиндагии вазнину мураккаби худ шикоят карданд, ки ягон кас онҳоро фаҳмидан намехоҳад. Барои гирифтани маълумоти зарурӣ ҳама кушишро кардем, вале бо оддитарин шубҳа онҳо робитаро қатъ мекарданд, мегурехтанд, метарсиданд ва ҳатто дашном медоданд. Кушиши аз наздик суҳбат кардан бе натиља буд, чунки дарњол нопадид мешуданд. Бале, сахт метарсанд. Боиси таассуф аст, ки аз миёни онњое, ки њамроњашон суњбат кардем, ягон нафараш нагуфт, ки мехоњад табобат кунад, ё аз ин роҳ баргардад. Ё шояд беморӣ будани онро намедонистанд? Аммо дар байн буданд касоне, ки бо матраҳ намудани нангу номуси мардӣ худро беҳад бадбахт ҳис карда, аз ноилоҷии худ ҳарф заданд. Дар миён чандин гапҳои дигар ҳам буд, ки бо риояи этика аз навиштани он худдорӣ мекунем.

Инчунин, тибқи иттилои таҳлилгарон маълумот низ дарёфтем, ки баъзе аз онҳо бо мақсади куч бастан ба давлатҳои Аврупову Амрико худро ҳамҷинсгаро эълон карда, барои дифои “ҳуқуқҳояшон” садо баланд мекунанд. Хулласи гап, ин ҳама хатари мудҳиш аст ба генофонди миллати мо. Аз ин рў, корҳои пешгирӣ бар зидди ин омили расвокунандаро бештар бояд кард.

Маврид ба зикр аст, ки Худованд дар Қуръони Маҷид низ ҳамҷинсгароиро гуноҳи азим дониста, барои он азоби дарднок муқаррар намудааст. Меъёрҳои ҷомеаи шарқиёна ва тоҷикона низ пурра мухолифи ин падидаи номатлуб буда, он мавриди муҳокима ва танқиду ҷазо қарор дода мешавад.

Мувофиқи моддаи 139 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бачабозӣ, ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, тибқи моддаи 140 КҶ ҶТ бошад маҷбур намудани шахс ба чунин кирдорҳо ҷиноят эътироф гардида, бо таҳдиди татбиқи ҷазои ҷиноятӣ манъ карда шудаанд. Вале, чунин кирдор дар сурате ҷиноят ҳисоб мешавад, ки агар бо истифодаи зўроварӣ, маҷбурӣ, иръоб, таҳдид, заифӣ, ё дигар вобастагии ҷабрдида содир шуда бошанд. Яъне, дар ҳолатҳои ихтиёрӣ ва розигии тарафҳо ҷиноят будани ин кирдор истисно мегардад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод доштам, ки даст задан ба чунин кирдорҳо, новобаста аз розигии тарафҳо ҷиноят эътироф карда шуда, шахсони ба ин амали нангин дастзананда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Чунки ин омили нохуб ба фарҳангу оин, одобу ахлоқ ва менталитети мо зарбаи калон мезанад.

Бо мубориза бурдан бар зидди гомосексуализм ҳуқуқи инсонии касе (ҳамҷинсгароён) маҳдуд ва ё поймол намешавад. Баръакс ин иқдом аз чанд ҷиҳат манфиатбахш буда метавонад. Пеш аз ҳама ҷомеа солим монда, ахлоқи аҳолӣ вайрон намегардад ва дигар ин, ки нафарони ба ин беморӣ гирифторбуда табобат гирифта ва умед дорем, сиҳат шуда, ба ҳаёти солиму осудаи инсонӣ, ки дар пай ҳеҷ хатар надорад, бармегарданд. Зеро, ҷомеаи солим аз инсонҳои солим ташаккул меёбад.

Марди тоҷик ҳамеша бо ору нанг ва шарафу номуси худ ифтихор дошт ва ифтихор дорад. Барои ҳифзу ҳимояи давлату миллат, фарҳангу анъана, суннатҳои неки аҷдодон ва муқаддасоти миллӣ падарону бобоёни мо мардонавор мубориза бурда, ҷоннисориҳо карда ва мардонавор ҷонфидоиҳо намудаанд. Вақте, ки гузаштагони мо чунин бошанд, пас дар ҷомеаи мо реша давонидани чунин мавҷудоти расвои нохалаф оё шармандагӣ нест?

Ба ин масъала аҳамият надодан, ё сарфи назар кардани он бисёр кори хато аст. Мақомоти дахлдор, аз қабили ҳифзи ҳуқуқ, тартибот ва тандурустии кишварро зарур аст, ки сари ин масъала ҷиддӣ кор бигиранд.

Бо таҳлили ҳамаҷонибаи ин проблема ба хулосае омадан мумкин аст, ки гомосексуализм бемории табобатшаванда буда, бояд табобат карда шавад. Роҳҳои табобати онро мутахассисони соҳаи тиб чун қоида тавассути гузаронидани курсҳои методии психотерапевтӣ пешбинӣ кардаанд. Ҳамзамон, таълиму тарбия ва насиҳати дуруст ба манфиати кор хоҳад буд. Вале, барои решакан кардани он аз ҷамъият пеш аз ҳама сомонаҳои интернетиро аз ҳама гуна маводҳои таблиѓотии ҳамҷинсгароӣ ва баромаду тавсияҳои психологҳои таҳриккунандаи он ба пуррагӣ тоза намуда, шабакаҳо ва сомонаҳои онҳоро дар қаламрави кишвар бастан зарур аст. Барои ҳама намуди таблиѓ, ташвиқ, таҳрик ва машѓул шудан бо ин амалҳо дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар кардани меъёри махсус ҷиҳати мубориза бар зидди гомосексуализм ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани чунин ашхос аз роҳҳои дигари пешгирӣ намудани ҳамҷинсгароӣ мебошад.

Ҳамватани гиромӣ, ҷомеае, ки мо дар он зиндагонӣ мекунем, монанди оина аст. Аз ин рў, ҷомеаи мо, ақида, фаҳмиш ва тасаввуроти мо аз фаҳшу фасодӣ ва бадахлоқӣ мисли оина бояд пок бошад. Ва марди тоҷик бояд мард бошад ба ҳама маъно. Боқӣ, қазоват аз Шумо.

 Манучеҳр Ҳамидов, ҳуқуқшинос


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Ҳамҷинсгароиро кӣ пешгирӣ мекунад?

Leave a Reply