Ғалабаи нахустини 18-солаҳои Тоҷикистон

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар мусобиқаи байналмилалиии ёдбуди аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки дар шаҳри Санкт-Петербург шурӯъ шудаст, 8 январ мунтахаби ҷавонони 18-солаи Тоҷикистон ба ҳамсолонащон аз дастаи Юнон бо ҳисоби 1:0 дастболо шуданд.
Сомонаи ФФТ меафзояд, ки шогирдони сармураббӣ Виталий Левченко бозии хуб нишон дода, тӯби аввалинашонро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонданд. Ин гол дар мусобиқаи соли 2017 низ аввалин маҳсуб ёфта, ба ҳамлагари тоҷик Эҳсони Панҷшанбе тааллуқ дорад.
Инчунин, Эҳсони Панҷшанбе бозигари беҳтарини вохӯрии мазкур эълон шуда, доиркунандагони мусобиқа ба ӯ футболка туҳфа оварданд.
Акнун сешанбеи 10 январ мунтахаби Тоҷикистон бозии дуюмашро бо ҳамсолони худ дастаи Булғористон мегузаронанд.
Э. НАЗАРОВ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply