Ғалабаи «Имрӯз» дар tajikistantimes.tj

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Тӯли чанд моҳ аст, ки сомонаи tajikistantimes.tj озмуни “Ягона аз даҳгона”-ро роҳандозӣ намудааст. Ҳадафи озмуни мазкур муайян намудани маҳбубияти ровиён, сарояндагон, ҳаҷвнигорон, ҳамчунин васоити гуногуни ахбори омма дар байни мардум мебошад.

Даври панҷуми озмуни “Ягона аз даҳгона” дар байни 10 шабаки радиоӣ доир гашта, дар он Радиои Ховар, Радиои Ватан, Радиои Азия-Плюс, Радиои Хатлон, Радиои шаҳри Панҷакент, Радиои Бадахшон, радиои Озодӣ, радиои Садои Душанбе ва Радиои Имрӯз ширкат варзида, дар байни шунавандагон то куҷо маҳбубият доштани худро санҷиданд. Дар байни ин 10 шабакаи машҳури радиоӣ Радиои Имрӯз бо гирифтани 4190 овоз ғалаба ба даст овард.
Санаи 9-уми октябр Директори генералии ҶММ “Оила”  Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтаномаи “ Оила” Фирӯза Сатторӣ ва банда, Маҳинаи Давлат ба табрики ғолиби озмун рафта, кормандони радиоро дар сари дастгоҳҳои корӣ, саргарми фаъолияти пурсамари эҷодӣ дарёфтем.
Директори Радиои “Имрӯз” Худоёри Валӣ моро бо чеҳраи гарм ва самимияти хоса истиқбол гирифта, бо рафти кори идора шинос намуд, сипас дар ҳузури ҳайати эҷодии радио дипломи ғолиби озмуни “Ягона аз даҳгона” ба ҷоизадор супурда шуд.
Шариф Ҳамдамов зимни супурдани дипломи ғолиби озмуни “Ягона аз даҳгона” ба Директори радиои Имрӯз дар боби масъулияти баланди журналистони радио сухун ронда, аз ҷумла чунин гуфт:
-Вақте ки сомонаи tajikistantimes.tj озмуни “Ягона аз даҳгона”-ро эълон кард, бисёриҳо бар он ақида буданд, ки радиоҳои дигар ҷойи аввалро мегиранд, вале воқеиат ин аст, ки радиои Имрӯз миёни даҳ радиои машҳур ғалаба кард. Ин ифтихори бузург аст! Пурсиш ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз зиёда аз 56 фоизи аҳолии кишварамон радиои Имрӯз гӯш мекунанд. Албатта дар пешравии кори радиои Имрӯз саҳми Худоёри Валӣ бузург аст, зеро ӯ ҷавони бисёр далер, ҷасур, нотарс ва серғайрату кордон буда, мавзӯъҳоеро мебардорад, ки баъзан ҳатто мо, журналистони таҷрибадор ҷуръат намекунем, вале заҳматҳои роҳбар натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд, агар дар атрофаш кормандони касбӣ ҷамъ нашуда бошанд. Аз ҳамин сабаб ман мегӯям, ки муваффақияти радио аз шумо, кормандони одии радио вобастагӣ дорад. Маҳз заҳмат, касбият, матонат ва ҷуръати шумо аст, ки радиои Имрӯз дар байни мардум мавқеи худро пайдо кард. Ман Шумо ва дар симои Шумо тамоми кормандони радиоро самимона табрик мегӯям ва аз ин ҳам муваффақияту пешравиҳои бузургтарро бароятон таманно дорам. Муборак бошад!

Худоёри Валӣ ба Шарифи Ҳамдампур ва дастандаркорони сомонаи tajikistantimes.tj барои шаффоф гузаронидани озмун изҳори сипас намуда, гуфт:

-Вақте ки мо аз ин озмун хабардор гаштем, кормандони радио пешниҳод карданд, ки “Имрӯз”-ро реклама кунем, то шунавандагон ба ҷонибдории мо овоз диҳанд, вале ман қасдан ин корро накардам. Мақсади ман ҳамчун роҳбар он буд, ки дар байни мардум то куҷо маҳбубият доштани радиои “Имрӯз”-ро фаҳмам ва самти минбаъдаи фаъолияти радиоро муайян намоям. Ҳеҷ бовар надоштем, ҳатто умед ҳам надоштем, ки мо ба ин мақом сазовор мешавем, вале шунаванда “Имрӯз”-ро интихоб кард. Ин ғалаба масъулияти мо, кормандони радиои “Имрӯз”-ро дар назди шунавандагон дучанд месозад…

Фирӯза Сатторӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Оила”, ғолибонро табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки радиои “Имрӯз”-ро маҳз ошкоргӯӣ ва ҳамеша бо мардум ҳамдард буданаш маҳбуби ҳамагон гардонидааст. Номбурда афзуд, ки туҳфаи асосӣ, яъне кубоки ғолиби озмуни “Ягона аз даҳгона” ба радиои “Имрӯз” дар арафаи соли нави мелодӣ, пас аз ҷамъбасти даври навбатии озмун, ки байни 10 шабакаи телевизионӣ мегузарад, супорида хоҳад шуд.
Дар чеҳраи ҳар як кормандони радиои Имрӯз шуълаи ифтихору шодмонӣ ва меҳру муҳаббати бепоён нисбати касбашон баръало намоён буд. Аз ҳамин хотир, мо аз чанд нафар кормандони радио хоҳиш намудем, ки ба хонандагони “Оила” дар бораи кори худ каме ҳам бошад, маълумот диҳанд.

Саидэҳсон Солиҳов, муалиф ва барандаи барномаи “Минбар”:
-Рафтанам аз радиои “Имрӯз” ба хотири коллектив буд. Аз он ки мо як тан будем, вақте ҳамкоронам тасмим гирифтанд, ки мераванд, ман низ шомили ҳадафҳояшон гаштам. Як муддат дар радиои Ватан, радиои Ховар, радиои “Паёми Шаҳринав”, ки аз тарафи ҳукумати ноҳияи Шаҳринав таъсис дода шуд, фаъолият кардам, вале минбаре, ки мушкилоти давр гуфта шавад, воқеият инъикос ёбад, барои мани журналист, ки мехостам ба ин мавзӯъҳо даст занам, набуд. Аз ҳамин хотир, дубора ба радиои “Имрӯз” баргаштам. Имрӯз ҳамон ҳадафҳоро дар барномаи “Минбар” роҳандозӣ карда истодаам.

Бароҳатбону, муаллиф ва барандаи барномаи табрикотии “Барои ҳам”:
-Пеш аз ман ин барномаро Дурахшони Ортиқ ва Далери Эмомалӣ пеш мебурданд. Бо тақозои замон имрӯз ровигии онро ман бар уҳда дорам. Мақсад аз таҳияи ин барнома болида гардонидани табъи шунавандагон аст. Ровӣ бояд ҳамеша омода ва сухандон бошад, то ҳар лаҳза ба мухлис ҷавоби саҳеҳ дода тавонад. Барномаи мо барномаи фароғатӣ аст. Ба хотири болидагии хотири шунавандагон соати 8-и субҳ рӯи мавҷ мебарояд.
Саъдии Зикрихудо, муаллифи барномаи Радиобозор:
Барномае, ки феълан ба мавҷ мебарорам, моли ман нест, то омадани ман дигарон ин барномаро пеш мебурданд. Ҳадаф аз таҳияи барнома расидагӣ кардан ба мушкили мардум мебошад. Чанд рӯз қабл як зан 1500 доллар ёфта буд. Бо воситаи барномаи мо ин маблағ ба соҳибаш баргардонида шуд. Ду рӯз пеш низ дар бораи гум шудани 25 ҳазор сомонӣ хабар додем. Бисёриҳо мехостанд онро бо роҳи фиреб ба даст оранд, вале ин кор ба онҳо муяссар нагашт. Ин пул моли як зани танҳо будааст, ки хонаашро чанде пештар фурӯхтааст. Пас аз дақиқ кардани тамоми ҳолатҳо маблағи мазкур ба соҳибаш супурда шуд. Ин ҳам як некӣ аст дар ҳаққи ҳамватанон. Шодии чунин одамон ҳадду канор надорад…

Омодасоз: М. Давлат

Мо, аҳли қалами ҳафтаномаи “Оила” кормандони Радиои “Имрӯз”-ро ба ғолибияташон дар озмуни “Ягона аз даҳгона” самимона шодбош гуфта, барояшон фатҳи қуллаҳои нав ба навро таманно менамоем!

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply