Актиёри дайду шабҳо маъшуқабозӣ меравад

Рози ситораҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ин Дон-Жуани сонӣ маъшуқаҳояшро мисли дастпӯшак тез-тез иваз мекард, вале…

 Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Махмуд Бюлент Инал

Санаи тавлид: 19- 05-1973

Макони таваллуд: Шалиурфаи Туркия

Касб: Ҳунарпешаи синамо

Вазъи оилавӣ: Оиладор, соҳиби як фарзанд.

                                         Бачаи бетақдир

Ҳунарпешаи турк  Бюлент Инал 19 майи с 1973 дар шаҳри Шалиурфаи Туркия ба дунё омадааст. Овони наврасӣ ва илмомӯзии вай дар се шаҳри мухталифи Туркия, ки фарҳангу адаби гуногун доранд, гузаштааст. Ҳамин рангорангии муҳит ба Бюлент имкон дод, ки аз мардуми ҳар як минтақа чизе омӯхта, фарҳангу тафаккури шарқиро бо ғарбӣ дар худ синтез намуда, ҳаматарафа инкишоф ёбад. Ин ҷавони ҳунарманд айёми наврасиашро ба ёд оварда чунин мегӯяд: “Ман ҳамагӣ 13 сол доштам, ки падарам дар садамаи нақлиётӣ ҷони ҷавонашро аз даст дод. Ин фоҷиаи мудҳиш барои аҳли хонадони мо шикасти бузурге гашта, ҳаёти моро куллан тағйир дод…”

Касе, ки аз марги падар бештар аз ҳама шикаста шуд, ин Бюлент буд. Падар аз сар рафту хандаву шодиву нишоти Бюлентро гӯё бо худ ба зери хоки сард бурд. Аз даст додани қиблагоҳ ва пушту паноҳаш ин писарбачаи 13-соларо руҳан шикаста, дамдузду озурдаю хаёлӣ кард.  Дигар аз он Бюленти шӯху бебок ному нишоне намонда буд, акнун ӯ худро ба гӯшаи танҳоӣ кашида аз одамон мегурехт. Вай дар мактаб худро аз ҳамсолонаш ду мегирифт, дар хона низ дари ҳуҷраи хобашро аз дарун қулф зада, соатҳо намебаромад, ҳатто ҳангоми хӯрок хӯрдан ба дунёи хаёлоти худ ғарқ шуда, гоҳо атрофиёнашро фаромӯш мекард. Модараш тамоман вайрон шудани авзои ӯро дида, маҷбур шуд, ки ба шаҳри дигар кӯч бандад, то Бюлент аз ин макони пур аз хотироти падар дур шуда, андаке ҳам бошад, ба худ биёяд…

 Йигити ҳамакора

Пас аз хатми мактаби миёна Бюлент ба факултаи санъати тасвирии Донишгоҳи  Eylül дохил шуда, тӯли як сол нозукиҳои ҳунари рассомиро аз худ намуд, вале ба қавле дилаш аз ин пеша об нахӯрду аз баҳри таҳсил гузашта, ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи адабиёт ва илми Донишгоҳи Игей супурд. Бюлент маҳорати баланди қироати шеъру ғазалро дошт ва дар як муддати кӯтоҳ мояи ифтихори устодон гашт, аммо ин шуғл низ ба назараш дилгиркунанда намуд ва таҳсилро ба охир нарасонида тарки донишгоҳ намуд…

 Пайроҳаи пурпечутоби ҳунар

Пас аз ин ҳама талошҳои бенатиҷа дар оҳи омӯхтани касбу ҳунар Бюлент ба худ қарор дод, ки минбаъд танҳо бо амри дил кор мекунад. Оташаки меҳре, ки ҳанӯз аз замони кӯдакӣ нисбати синамо дар дилаш шуълавар буд, ӯро ба курси омӯзиши ҳунари актёрӣ бурд. Устодони ин даргоҳи ҳунар дар аввал ба Бюлент чандон бовар надоштанд ва ба ӯ танҳо нақшҳои дуюму сеюмдараҷаро медоданд, вале ин хунукназарӣ дили ин ҷавони ташнаи шуҳратро аз санъат хунук намекард. Бюлент ҳатто ҳамин нақшҳои хурду назарногирро чунон моҳирона мебозид, ки тамошобинон моту мабҳут мегаштанду даҳони баъзе коргардон ва ҳунармандони собиқадор воз мемонд.

Роҳ ба кӯйи шуҳрат

Истеъдоди воло ва хоксориву меҳнатдӯстиаш боис гашт, ки Бюлент ба дили коргардонҳои машҳури синамои турк роҳ ёбад. Аз соли 1998 сар карда, коргардонҳои номдори синамо ба ин ҷавони бомаҳорат бо чашми дигар нигоҳ мекардагӣ шуданд. Онҳо барои санҷиш ба Бюлент дар ду-се филм нақшҳои асосиро доданд. Ин ҷавони ҳунарманд бо тамоми ҳастӣ ба образ даромада, нақшҳоро ончунон пуртаъсир мебозид, ки тамошобинон ба риққат омада, ҳангоми тамошои филмҳои Бюлент дар толор оби дида мерехтанд.

Зиндагӣ-чархи гардон

Филмҳо бо тиражи калон ба фурӯш рафта, синамогаронро ҳисоби ҳунари пурҷозибаи ин ҷавони хушсурату бомаҳорат миллионер кард. Бюлент Инал дар як муддати кӯтоҳ чунон машҳур гашт, ки коргардонҳо ба ӯ ҳаққи интихобро медодаанд, ки дар кадом филм кадом нақшро мебозад. Аҷаб гардишҳое дорад зиндагӣ, замоне Бюлент аз паси коргардонҳо медавид, то ки ба ӯ ақаллан ягон нақши хурдакаки дуюм ё сеюмдараҷа диҳанд, акнун бошад, синамогарон мисли селаи занбӯри асал, ки бо дидани гули хушбӯй ба он мечаспанд, аз паси ин ҳунарманди ҷавону хушсурат ва боистеъдод медавиданд, то розигии ӯро барои дар филмҳои нав ба навашон нақш бозидан гирифта, ҳамроҳаш шартномаи ҳамкорӣ бубанданд…

Дон-Жуани сонӣ

Ҳаёти шахсии Бюлент Инал рангоранганд ва бисёр ҷолиб аст.  Ӯ бо  зеботарин ҳунарпешагони синамои турк муносибатҳои пуршӯру шари ошиқона дошт. Сароғоз Бюлент бо актрисаи зебову ҷавон Белгин Эрдоган нарди ишқ мебохт, вале ишқу муҳаббати эшон дер напоид. Пас аз ду соли ишқу ошиқиҳо Бюлент ба Белгини нозанин хиёнат карда, домони Туба Бюйюкюстюнро гирифт, ки дар сериали “Оси” нақши Оси ва дар силсилафилми “Пули сиёҳ” Илифро офаридааст. Барои он ки ин ду ситора ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар шаванд, коргардонҳо Бюлент ва Тубаро якҷоя ба филмҳояшон даъват менамуданд, вале ин зебосанам низ натавонист ин ҷавони булҳавасро ба каманди ишқаш маҳкам печонад. Дере нагузашта Бюлент аз баҳри Туба гузашту ба серхаридортарин ҳунарпешаи турк Берен Соат часпид, ки ҳамон шабу рӯзҳо дар ду сериали машҳур нақш мебозид. Берен Соатро мардум дар сериалҳои “Фотимагул” дар нақши Фотимагул ва дар “Ишқи мамнӯъ” дар нақши Самар дида, ончунон волаю шайдояш гашта буданд, ки ногуфтанӣ. Ҳазорон-ҳазор ҷавонмардон тайёр буданд тамоми дороияшонро ба пеши пойи ин фаришта бирезанд, вале ба Бюленти духтарбоз муяссар гашт, ки ҳама талабгорони ин нозанинро бо як нӯл зада, бо суханҳои аз асал ҳам ширинтар ва ваъдаҳои осмонӣ дили зебосанами машҳурро ба даст орад ва ӯро волаю шайдои хеш гардонад. Аз соли 2007 то 2009 ин ду ситора бо ҳам буданд ва бисёриҳо мегуфтанд, ки Фотимагули оқилаю зебо тавонистааст дили Бюлентро тасхир намояду онҳо бо ҳам никоҳ шаҳвандӣ доранд, аммо….

    

Оташи рашк

Охири соли 2009 Бюлент Инал аз Берен Соат ҷудо шуд. Сабаби ин ҷудоиро намояндагони ВАО дар рашки Бюлент маънидод мекарданд. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки Бюлент  бӯсобӯсии арӯсаш Берен Соатро бо ҳунарманди ҷавону зебо Киванч Татилуг  ҳангоми ба навор гирифтани филми нав таҳаммул карда натавониста, ҷангу ҷанҷол бардоштааст ва бар асари ҳамин моҷарои аз пушти рашк бархоста ду ситора аз ҳам ҷудо шудаанд. Рашки Бюлент бе сабаб набуд, Киванч чандон ҳунарманди машҳур набошад ҳам, бо чашмони сабзи баҳоргуна ва қаду қомати базебаш дили садҳо зебосанамро тасхир намуда буд. Беренти духтарбоз аз он метарсид, ки ин ҷавони қавиҳайкали хушбурут  маъшуқаи ӯро низ аз роҳ бароварда ба бистар мекашад, аз ҳамин сабаб дар майдончаи наворгирӣ дар пеши назари мардум ҷангу ҷидол бардошта, Берени нозанинро дашному таҳқирҳои зиёде кард. Рафтори ошиқи бадрашк боиси он гашт, ки дили нозанин аз ӯ мисли оби дарё сард гашта, аз баҳри ишқу муҳаббати Бюлент гузарад….

Дӯзандаи дилрабо

Бюлент баъди шикасти навбатӣ дар ишқ ба хулосае омад, ки дигар аз паси ягон нозанин надавида, худро пурра ба кор мебахшад, аммо тақдир бо ин ситора бозии аҷибе када, ӯро ба Мелис Тюйсюз, ки масъули либоси ҳунармандон буд, ошиқи зор гардонд. Ин ҷавони дар духтарбозӣ беустухон ҳунарпешаҳои зебоеро, ки олиҳаи ҳақиқии ҳусну ҷамол буданд, партофта, як дӯзандаи одиро ба занӣ гирифт. Бюлент дар як мусоҳибааш гуфтааст:

-Ман тавонистам беҳтарин ва зеботарин дилҳоро ба даст биёрам, вале ҷуз Мелис касе натавонист лаҷоми “дили дайду”- и маро ба даст гирифта, маро ба маънии томаш ошиқ гардонад.

Маросими арӯсии Бюлент ва Мелис дар яке аз тарабхонаҳои номдори шаҳри Истамбул баргузор гашта, дар он машҳуртарин ситораҳои синамои турк, аз ҷумла собиқ маъшуқаҳои домод иштирок доштанд. Имрӯз ин ҷуфти хушбахт соҳиби як писарчаи зебо гаштаанд, вале то ҳол тавассути интернет ба ҳамдигар номаҳои ошиқона менависанд…

Таҳияи Шаҳло Ниёзова


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply