Акнун Маскав ба Душанбе меояд?

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҷониби Русия пешниҳод кардааст, ки музокироти навбатӣ барои ҳалли мушкили танзими парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия, дар Душанбе баргузор шавад.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон  гуфтааст, ки то ҳол вазорати нақлиёти Русия ба ин пешниҳод посухе надодааст. Вай гуфт: “Дар аввали моҳи ҷорӣ дар Русия таътил буд. Шояд ба ҳамин далел, барои баррасии пешниҳоди мо фурсат нарасидааст. Бовар дорем, ки ин музокирот дар ояндаи наздик баргузор шуда ва масоили мавриди баҳси ҷонибҳо баррасӣ ва ҳал хоҳад шуд.”

Ҳамзамон, ҷаноби Ганҷалзода таъкид кардааст, ки мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар заминаи анҷоми парвозҳои ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд побарҷо буда ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон пойфишорӣ мекунад, то ин парвозҳо бар асоси усули паритет ё баробарӣ сурат бигирад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply