Ахунов танзимро риоя накарду 25000 сомонӣ ҷарима шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Директори ҶДММ «Зумрадшоҳ» Ахунов Иззатулло талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро вайрон намуда, санаи 11 августа соли 2017 барои гузаронидани туйи домодию арӯсии шаҳрванд Шодиев Меҳроҷҷон бо шаҳрванд Муродзода Мадина бо оростани зиёфат ва ҷойи нишаст барои зиёда аз 165 нафар, аз ин чор нафар ҳофизон дар туйхонаи ҶДММ «Зумрадшоҳ» иҷозат додааст, ки мувофиқи қонуни амалкунанда бояд аз 150 ҷойи нишаст зиёд набошад.  

Аммо Ахунов бо вуҷуди борҳо тариқи ВАО, ба хусус телевизион тайғироту иловаҳоро ба қонуни мазкур эълон доштан ва кетегорияҳои онро фаҳмонидан, дидаю дониста танзимро вайрон кардааст. Маҳз ин амали номбурда боис шуд, ки ӯ бо қарори суди шаҳри Исфара бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 500(панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 25000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Ахунов ба  қарори суди ноҳия  розӣ нашуда ба суди вилоятӣ шикояти кассиатсионӣ бурдааст. Шикояти ӯ чӣ шуд? Ахунов ғайр аз меҳмононро зиёд даъват кардан боз чи қонуншиканӣ кардааст? ба ин ва дигар саволҳои худ аз  шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҷавобро мутолиа намоед.

                                                                                         Нурализода Сӯҳроб, судияи суди вилояти Суғд

                                                                                                                                Фарзона Муродӣ 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply