Агар мактаббачаро роҳ диҳед, аз худатон гила кунед!

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Марказҳои бозии компютерӣ, букмекерӣ ва интернет-кафеҳо ҳушдор додаанд, ки мактаббачагонро ҳамчун муштарӣ ба коргоҳи худ роҳ надиҳанд. Дар сурати ҳузури хонандагони то синфи 11 дар ингуна марказҳо соҳибони муассиса ҷаримабандӣ мешаванд.

Масъулони марказҳои компютерӣ мегӯянд, дар пайи ҳодисаи кушта шудани ду ҷавон дар як занозании шаби 2 январ мақомоти Вазорати умури дохилӣ тасмим гирифтанд, ки ҳузури мактаббачаҳоро дар интернет-кафеҳо ва дигар марказҳои бозиҳои компютерӣ ва букмекерӣ маҳдуд кунанд. Насриддин Назаров, соҳиби як Маркази бозиҳои компютерӣ дар Душанбе,  гуфтааст,ки  ахиран ҳушдори нозирони пулис ба дасти онҳо ҳам расид ва дар он гуфта мешавад, барои роҳ додани хонандаҳои мактаб ба ин муассисаҳо ҷарима хоҳанд шуд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply