АФВИ 1020 МАҲБУС ПЕШ АЗ ШАБИ ҚАДР

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ТОҶИКИСТОН, ҲУҚУҚ

Тибқи иттилои сомонаи Ахбор.комм президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо як амраш ба муносибати Шаби Қадр беш аз 1000 маҳбусро афв кардааст.

Дафтари матбуоти президенти Туркманистон гуфт, бар асоси фармони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов  «Дар бораи афви маҳбусон ба муносибати Шаби Қадр” 1020 нафар аз зиндонҳо ҷавоб дода хоҳанд шуд. Дар иттилоияи дафтари матбуоти Бердимуҳаммадов гуфта мешавад, ки «президент бар асоси арзишҳои инсондӯстиву шафқат ва ба хотири таҳкими минбаъдаи ваҳдату иттиҳоди ҷомиаи Туркманистон ва ҳар хонавода иқдом ба афв кардааст.”

Бердимуҳаммадов ба мақомоти интизомӣ дастур додааст, ки раҳоии ҳарчӣ зудтари маҳбусони афвшударо таъмин кунанд, то онҳо битавонанд алакай иди Фитрро, ки ҳафтае баъд фаро мерасад, дар хона дар ҳалқаи наздиконашон таҷлил кунанд.

Ҳамин тавр ба мақомоти маҳаллӣ амр шудааст, ки ба маҳбусони озодшуда дар мавриди пайдо кардани ҷои кор кумак бирасонанд, «то ки онҳо бо меҳнати поквиҷдонона гуноҳи худро бишӯянд ва дар рушди кишвар саҳми арзандаву фаъолона бигузоранд.”

Мақомоти Туркманистон ҳар сол дар остонаи Шаби Қадр ва иди Фитр дастикам 1000 маҳбусро афв мекунанд.

Бо ин вуҷуд, шумораи маҳбусон дар Туркманистон яке аз баландтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад. Бино ба омори Маркази байналмилалии таҳқиқоти зиндонҳо (ICPS), Туркманистон аз лиҳози теъдоди маҳбусон ба сари 100 ҳазор аҳолӣ дар ҷаҳон бахди ҷазираҳои Сейшел, Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Салвадор дар ҷои чорум қарор дорад. Дар зиндонҳои Туркманистон, бино ба гузориши имсолаи ICPS, 30 568 маҳбус адои ҳукм мекунанд.

Дар Тоҷикистон низ имсол интизор доштанд, ки мақомот ба муносибати солгарди 20-уми имзои Созишномаи сулҳ афви навбатӣ эълон мекунанд. Вале ба муносибати ин 20-солагии сулҳ чунин иқдом нашуд. Ба гуфтаи мақомот, охирин афв дар кишвар тоза дар моҳи августи соли 2016 ба муносибати 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон эълон шуда буд ва ба ие далел, имсол эълони боз як афви дигарро зарур нашумурданд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply