Афсарони ғоратгар 250 ҳазори муҳоҷиронро ғорат карданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

     Ду муҳоҷири тоҷик афсарони ФСБ дар вилояти Маскавро ба тамаъҷӯӣ ва ғорати 250 ҳазор рубл аз ҳисоби якеи онҳо айбдор кардаанд. Афсарони ФСБ баъди фош шудани ин роҳзанӣ ваъда додаанд, ки пули муҳоҷиронро бармегардонанд. Вале Бахтиёр Хидиров, ки шоми 15 июл барои гирифтани пулаш рафт, то ҳол бедарак аст.

Иззат Амон, раҳбари созмони мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони Маркази ҳуқуқи инсони Русия дар як номаи расмӣ ба номи Александр Бортников, раиси ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – аз ғоратгарии ду афсари раёсати ФСБ дар вилояти Маскав нисбат ба муҳоҷирони тоҷик хабар дода, хостори ба ҷавобгарӣ кашондани онҳо шудааст.

Дар ин нома, ки Иззат Амон дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст, гуфта мешавад, ки рӯзи 14 июл, соати тақрибан 10 ду корманди раёсати ФСБ дар вилояти Маскав вориди манзили иҷораи шаҳрвандони Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимович Хидиров, соли таваллудаш 1995 ва Беҳрӯз Тоҳировия Соҳибназаров, соли таваллудаш 1993 дар ноҳияи Балашихаи вилояти Маскав шудаанд.

Иззат Амон рӯзи 16 июл дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” давоми қазияро чунин қисса кард: «Кормандони ФСБ Беҳрӯзу Бахтиёрро ба батарея баста, давоми се соат онҳоро таҳқир мекунанд. Чекистҳо дар ҷустуҷӯи пул тамоми хонаро тагурӯ карда, баъди онки чизе наёфтанд, бачаҳоро ба шӯъбаи корҳои дохилии Балашиха бурданд. Дар шӯъбаи пулис чекистҳо ба латукӯби муҳоҷирон идома додаанд. Видеокамераҳои назоратӣ дар ҳуҷраҳои шӯъба лаҳзаҳои латукӯб ва таҳқири муҳоҷиронро сабт кардаанд. Кормандони бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ низ шоҳиди ин бедодгариҳои кормандони ФСБ шуданд.”

Ба кормандони ФСБ дар ниҳоят муяссар шудааст, ки пин-коди ҳисоби бонкии Бахтиёр Хидировро аз телефонаш пайдо кунанд. Иззат Амон мегӯяд: «Ва онҳо 250 ҳазор рубл, беш аз 4 ҳазор долларро аз ҳисоби бонкии Бахтиёр дар Сбербанк ба ҳисоби як шиноси худ гузаронданд. Ин «ҳомиёни Ватан” тамоми маоши яксолаи Бахтиёрро аз худ карданд.”

Аммо азоби муҳоҷирони тоҷик ба ҳамин тамом нашудааст. Кормандони ФСБ рӯзи дигар нисбат ба Бахтиёр Хидиров ва Беҳрӯз Соҳибназаров протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҳардуро ба додгоҳ бурдаанд, ки бо ҳукми додгоҳ онҳоро аз Русия ихроҷ кунанд ва касе дигар даъвои пул карда натавонад. Вале дар додгоҳ коре рух дод, ки ин афсарони ФСБ аслан интизорашро надоштанд.

Иззат Амон мегӯяд:»Ба таври ҳайратовар, додраси додгоҳи Балашиха як зани бовиҷдон ва пок баромад. Азбаски ин муҳоҷирон дар қаламрави Русия қонунӣ зиндагӣ мекарданд ва тамоми иҷозатномаҳои лозимро доштанд, додрас аз ихроҷи онҳо сар кашид ва ҳардуро озод кард.”

Бахтиёр Хидиров ва Беҳрӯз Соҳибназаров баъди раҳоияшон ба Иззат Амон муроҷиат кардаанд. Ӯ мегӯяд, бо шӯъбаи корҳои дохилии Балашиха дар тамос шуд ва дар онҷо гуфтаанд, ки он ду нафар аз ФСБ буданд ва рабте ба шӯъбаи онҳо надоранд. Сардори пулиси Балашиха ба Иззат Амон ваъда додааст, ки дар баргардондани пули аз муҳоҷирон рабудашуда кумак мекунад.

Баъди ин кормандони пулис бо он ду афсари ФСБ дар тамос шуда, хостаанд, ки ба оромӣ пули муҳоҷиронро тоҷикро баргардонанд: «Онҳо гуфтаанд, ки пулро алакай байни се нафар тақсим кардаанд ва баргардонданаш вақт мехоҳад. Ваъда додаанд, ки то бегоҳи 15 июл пас медиҳанд.”

Бегоҳи 15 июл Бахтиёр Хидиров ба вакилаш Иззат Амон занг зада, мегӯяд, ки афсарони ФСБ бо ӯ дар тамос шуда, хостаанд, ки омада пулашро бигирад. Бахтиёр барои гирифтани пул рафта, бо ҳамин аз соати 17:30-и 15 июл бедарак шудааст.

Иззат Амон дар номааш аз раиси ФСБ Александр Бортников хостааст, ки нисбат ба он ду корманди раёсати ФСБ дар вилояти Маскав бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, Бахтиёр Хидировро таҳти ҷустуҷӯ бигузоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ метарсанд, ки афсарони ФСБ барои пӯшондани изи ҷинояти рӯирости худ метавонанд бо ин муҳоҷири бесоҳиби тоҷик ҳар коре бикунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply