Ҳабси мудире,ки ба ятимон раҳм накард

НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

 Мудири анбори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Вазорати маориф ва илмро Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав барои додани ғизои пастсифат ба ятимон ва пешниҳоди пора ба прокурор ба 5 солу шаш моҳи зиндон маҳкум кардааст.

 Дар Додситонии кулли Тоҷикистон аз маҳкумшуда Низомов Б.М ном бурдашудааст, ки ба ҳайси мудири анбори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Вазорати маориф ва илм кор кардааст.

Ба иттилои манбаъ санҷиши мақомоти прокуратураи Шаҳринав дар мактаб-интернат муайян кардааст, ки Низомов маҳсулоти хӯроквории муҳлаташон гузашта ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набударо дар анбор нигоҳ дошта, моҳи январи соли ҷорӣ аз ин маҳсулот барои кӯдакони ятим ғизо омода намудааст.

Манбаъ афзуд, дар пайи ошкори ин қазия Низомов барои раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба ёрдамчии прокурори ноҳия 3 ҳазор сомонӣ пора пешниҳод намудаааст: “Ӯ 3 март ҳангоми додани пора дастгир гардид”.

Додситонии кул мегӯяд, Низомов бо моддаҳои 209 қисми 1 ва 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии кишвар ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply