Ҳабибулло Табаров аз олам гузашт

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Ҳабибулло Табаров, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон дар синни 79 вафот кардааст. Ҷанозаи Ҳабибулло Табаровро рӯзи 24 октябр дар шаҳри Душанбе ба хок супурдаанд. Табаров ҳамагӣ се моҳ қабл аз ҷашни 80-солагиаш ва се ҳафта қабл аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки ӯ раисӣ карда буд, даргузашт.

Ҳабибулло Табаров 2 феврали соли 1938 дар деҳаи Песмуллои ноҳияи Восеъ ба дунё омада, аз соли 1958 узви ҳизби коммунист буд. Табаров солҳои 1958-1962 котиби якуми комсолмоли ноҳияи Фархор, солҳои 1965-1967 мудири шӯъбаи райкоми Восеъ ва солҳои 1967-1970 котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Фархор буд ва сипас ба мақоми раиси кумитаи иҷроияи Фархор расид. Солҳои 1974-1978 Табаров котиби якуми ноҳияи Москва ва солҳои 1982-1986 котиби якуми ноҳияи Восеъ, солҳои 1986-1987 раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд.

Дар даврони бозсозӣ ба далели исрофкориҳо дар буҷаи шаҳри Кӯлоб мавриди таъқиб қарор гирифт ва ба хоҷагии чорводории Ховалинг «бадарға” шуд.

Ҳабибулло Табаров соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки дар Қасри Арбоб доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат овард, Табаровро ба унвони кӯҳансолтарин вакили парлумон раиси он иҷлосия интихоб карда буданд.

Дар солҳои 90 дар мақоми вазири кишоварзӣ ва сипас мудири комбинати гӯшти Душанбе кор кардааст. Солҳои охир ӯ муовини мудири комбинати шири Душанбе буд.

Табаровро як раҳбари сахтгир ва ҳатто дар бисёр масоил зиёдарав ва дар ақида коммунистмаоб ба қалам медоданд. Бархе манобеъ мегӯянд, ки ӯ дар даврони Шӯравӣ дар таъқиби равшанфикрони минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла Одинаи Ҳошим даст дошт.

Ҳабибулло Табаров дар охирин мусоҳибааш, ки ҳамагӣ ҳафтаи гузашта дар нашрияи «Тоҷикистон” чоп шуд, хотироташ дар бораи ҳаводиси соли 1992 ва чигуна ба мақоми раҳбари аввали кишвар расидани Эмомалӣ Раҳмонро қисса карда буд.

ҲАБИБУЛЛО ТАБАРОВ: ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО МАН БА РАИСӢ ПЕШБАРӢ КАРДАМ

«Инро шунида, ҳамсари Раҳмон Набиев ба гап ҳамроҳ шуд:

-Шумо дар ҳама ҷо мегуфтед, ки барои ҳукумати қонунӣ мубориза мебаред. Ҳукумат, ки барқарор шуд, чаро намегузоред Набиев ба ҷояш баргардад? Монед, ақаллан се-чор моҳ кор кунад.

-Вақте мардуми Кӯлоб ва мардуми дигар навоҳӣ мубориза мебурд ва хун мерехт, чаро Раҳмон Набиев натавонист, ки аз Ленинобод гурӯҳеро ба кумак фиристонад?»

Ҳабибулло Табаров, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон дар як мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон” хотироташ дар бораи ҳаводиси соли 1992 ва чигуна ба мақоми раҳбари аввали кишвар расидани Эмомалӣ Раҳмонро нақл кардааст.

http://tajikistantimes.tj/tajikistan/dar-intihobi-duborai-nabiev-hato-kardem/

Дар интихоби дубораи Набиев хато кардем

Бо гузашти чоряк аср пас аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Дар кишварамон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ шоҳидем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои беназири сиёсию иқтисодӣ ва таърихию фарҳангӣ ноил гардид. Заминаи комёбию дастовардҳои бузурги кишварамонро Ҳукумати навбунёд аз иҷлосияи мазкур ба гузоштан шурӯъ карда, халқро ба сулҳу ваҳдат ва марҳилаи бемисли бунёдкорӣ расонд. Иҷлосияи сарнавиштсози Хуҷанд он рӯзҳо ба халқи тоҷик фидоиёни Ҳукумати конститутсиониро бармало муаррифӣ намуд.

Яке аз онҳо муҳтарам Ҳабибулло Табаров раисии Иҷлосияи XVI-ро бар дӯш дошт. Мавсуф таъкидан мегӯяд, ки «Ба андешаи ман, агар ба ҷойи РаҳмонНабиев соли 1991 мо дигар касро роҳбари давлат интихоб мекардем, ба манфиати ҷомеа мебуд.

Набиев барои тезутунд шудани мухолифат дар ҷомеа имкон дод. Мардумро сарҷамъ карда натавонист. Ба вазъияти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони онрӯза сарфаҳм нарафт, зеро андешааш карахту куҳна буд. То ҷое ки ман огоҳӣ доштам, Набиевро дар доираҳои баланди роҳбарии Ӯзбекистон нағз намедиданд. Ӯро бояд мо дубора роҳбар таъин намекардем. Ҳамин хатои худро дар Хуҷанд ислоҳ кардем”, — ин андешаҳои пири рӯзгордида ва яке аз арбобони шинохтаи сиёсати давлатию ҳизбӣ дар Тоҷикистон Ҳабибулло Табаров касро ба андеша водор менамояд.

Ҳамзамон, аз Ҳабибулло Табарович хоҳиш кардам, дар арафаи 25-солагии Иҷлосияи сарнавиштсоз, ки соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифта буд, саҳифаҳои хотираҳояшро варақ занад.

Ба раисӣ Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ кардам

— Дар Кӯлоб масъалаи интихоби раиси Комиҷроияи вилоят ба миён омад. Бо ҳузури вакилони Шӯрои Олӣ аз Кӯлоб, пиронсолони хирадманду рӯзгордида Худоёр Раҷабову Мирзо Бекматов, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Тағай Раҳмонов, собиқ котиби якуми Комитети партиявии вилоят Султон Мирзошоев, баъзе раисони ноҳияҳо, вакилони шӯрои вилоятӣ ва дигар ашхоси маъруфи вилоят як ҷаласаи ғайрирасмие баргузор шуд. Дар он як масъала — интихоби раиси нави комиҷроияи вилоят муҳокима гардид. Чандин фикрҳо баён гардид. То ин вақт аз байни вакилони Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ суханрониҳои бомантиқ ва муфид менамуд, ҷасорати шахсӣ ва сиёсатмадориву ҳунари волои роҳбариаш ба хубӣ аён буд, аз дигарон фарқ карда меистод. Аз ин рӯ, ман таклиф намудам, ки Эмомалӣ Раҳмон ба раисии Комитети иҷроияи вилоят пешбарӣ гардад. Аксарият таклифро тарафдорӣ карданд ва аз ҳисоби вакилон комиссия ташкил намуда, барои фаҳмидани фикру андешаи қумондонҳои саҳроӣ машғул шуданд. Аксари қумондонҳо, алалхусус бобои Сангак розигӣ доданд. Баъди чанд рӯз ҷаласаи Шӯрои вилоятӣ баргузор шуд ва Эмомалӣ Раҳмон раиси комиҷроияи вилоят интихоб гардид.

Чаро иҷлосия дар Душанбе барпо нашуд?

Тирамоҳи соли 1992 ҳам дар водии Вахшу ҳам аз ҷониби Норак ва ҳам аз водии Ҳисор мавқеи мухолифин танг мешуд. Фақат пойтахт таҳти тасарруфи яроқбадастони мухолифин ва орому осоиши мардум ҳамеша зери хавфу хатар буд.

Тавре ҳама шоҳидем, Президенти ҳамонвақтаи Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз тарафи яроқбадастони мухолифин дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт гардид ва таҳти фишор ба истеъфо гуселонида шуд. Акнун Сардори давлат Акбаршо Искандаров ба ҳисоб мерафт. Мухолифин дарёфт, ки қувваҳои тарафдори ҳукумати қонунӣ дер ё зуд ғолиб меоянд. Бинобар ин, таклиф ба миён омад, ки рӯзи 16 ноябри соли 1992 дар Хуҷанд Иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад. Вакилони Шӯрои Олӣ аз вилояти Кӯлоб ду рӯз пеш аз ҷаласа ба Хуҷанд омаданд. Дар комиҷроияи вилоят бо фаъолон маҷлиси вохӯрӣ баргузор шуд. Маълум буд, ки ҳама тарафдори барқарор шудани давлати қонунӣ мебошанд.

Набиев бо дили нохоҳам истеъфо дод

Як рӯз пеш аз оғози Иҷлосияи Шӯрои Олӣ (15 ноябр) масъала ба миён омад, ки ба назди Президенти собиқ Раҳмон Набиев равем ва ӯро баҳри иштирок дар кори сессия даъват намоем. Мехостем ӯро бообрӯ, ҳамчун Президенти собиқ ба нафақа ва тамоми имтиёзҳо гусел кунем. Иҷрои ин вазифаи нозук ба зиммаи ману Абдумаҷид Достиев, Мулло Ҳайдар Шарифзода ва Шаҳоб Шарифов вогузор шуд.

Сари дастурхон аз ину он хеле суҳбат кардем, лек ҳеҷ кас ба сари мақсад намеомад. Маҷбурташаббусро ба даст гирифта, ба гап сар кардам.

-Раҳмон Набиевич, миссияи мо он қадар фараҳбахш нест. Ҳамчун намояндаи вакилон мо омадаем, ки шуморо ба сессия даъват кунем ва ботантана, бо тамоми имтиёзҳои президентӣ ба нафақа гусел намоем.

Раҳмон Набиев дурудароз хомӯш монд, ранги рӯяш чанд бор дигаргун шуд. Маълум, ки розигӣ додан намехоҳад. Мансаби лаънатӣ ширин, ба гумон аст, ки аз он ягон вақт ягон кас бо хоҳиши худ даст кашад. Аммо он замон Набиев аллакай ҳамчун Президент мавқеашро аз даст дода буд.

Баъди чанд лаҳза Раҳмон Набиев изҳор намуд.

-Ман бо Сангак Сафаров бо телефон гап задам, — гуфт ӯ, — фикрҳои ӯ дигар хеланд.

-Раҳмон Набиевич, — боз ба ӯ рӯ овардам ман, — ин ҷо ягон хели дигараш намешавад. Мо аз пеши худ наомадаем. Роҳбари вилоят фикрҳои Сангак Сафаровро гирифтааст. Масъала пурра ҳал шудагӣ.

Инро шунида, ҳамсари Раҳмон Набиев ба гап ҳамроҳ шуд:

-Шумо дар ҳама ҷо мегуфтед, ки барои ҳукумати қонунӣ мубориза мебаред. Ҳукумат, ки барқарор шуд, чаро намегузоред Набиев ба ҷояш баргардад? Монед, ақаллан се-чор моҳ кор кунад.

-Вақте мардуми Кӯлоб ва мардуми дигар навоҳӣ мубориза мебурд ва хун мерехт, чаро Раҳмон Набиев натавонист, ки аз Ленинобод гурӯҳеро ба кумак фиристонад? Хайр, фарз кардем, одамон гапашро нагирифтанд, чаро ягон фарзандашро равон накард?… Ана, имрӯз забонаш дароз мешуд.

Ҳамин тариқ, гуфтугӯи мо чор соати расо тӯл кашид. Мо баргашта, ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додем.

ИҷлосияиXVIШӯрои Олӣ

Пеш аз оғози иҷлосия фикрҳои вакилон ҳархела буд. Мо — вакилони Кӯлобу Ленинобод ҳамфикр будем. Як гурӯҳи депутатҳо ҷонибдори оппозитсия буданд, ки роҳбарашон демократ Аслиддин Соҳибназаров буд. Гурӯҳи сеюми депутатҳо Далер Шораҳматуллоеви бадахшиасли душанбегиро гӯш меандохтанд, ки онҳо оппозитсияро тарафдорӣ мекарданд. Вазъият дар Хуҷанди онрӯза мураккаб буд, низомиёни зиёд аз мақомоти гуногун он ҷо ҳузур доштанд. Депутатҳои Кӯлоб ҳама Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекардем.

Аз ибтидои иҷлосия вакилон нагузоштанд, ки Акбаршо Искандаров дар он раисӣ кунад. Ман раиси маҷлис интихоб шудам.

Раҳмон Набиев ба иҷлосия омаду се бор аз ӯ хоҳиш шуд, ки ба истеъфо равад, розӣ намешуд, аз гапаш гашта буд. Мегиранд мебарандаш берун, аз он ҷо меорандаш дарун. Яке маслиҳаташон бо Эмомалӣ Раҳмон пухт ва раҳматӣ хеста, аризаи истеъфояшро хонданд.

Иҷлосия хеле душвор мегузашт, масъалаҳои хеле ҷиддӣ муҳокима мешуданд, ҳатто дар танаффусҳо низ баҳсу муҳокимарониҳо идома меёфт.

Дар яке аз танаффусҳо маҷлиси намояндагони вакилон баргузор шуд, ки дар он ҳам ман раисӣ мекардам. Таклиф ба миён омад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шавад. Мо аввал ба ӯ пешниҳод кардем, ки биё яку якбора вазифаи президентиро бар дӯш бигир, вале он кас рад карда гуфтанд, ки ҳамин Раиси Шӯрои Олӣ низ сардори давлат аст.

Вақте иҷлосия оғоз ёфт, ин таклифро вакил Мирзоев ба овоз монд ва намояндагони халқ тарафдорӣ карданд. Ҳамин тариқ, яке аз қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон гардид.

Аз вазъи имрӯзаи кишвар, ба сулҳу ваҳдат мушарраф гаштани миллати азияткашидаи тоҷик, дар як қитъаи хурдтараки давлати бузурги Сомониён пойдор ва устувор мондани давлати Тоҷикистон, ба душвориҳои иқтисодиву молиявӣ нигоҳ накарда, бунёд ёфтану тарҳрезӣ шудани сохтмонҳои азим аҳамияти калони стратегӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта — истгоҳҳои барқии обӣ дар Помир, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи автомобилгарди Қулма-Хоруғ-Кӯлоб, ки моро ба шоҳроҳи Қароқурум мепайвандад, истгоҳҳои барқии обии Сангтӯда ва дигар бунёдкориҳо исбот месозанд, ки вакилон дар иҷлосияи Хуҷанд хато накардаанд ва шахси сазовор Сарвари давлат интихоб шуд…

Ҳукумати вилояти Ленинобод оши оштӣ дод, ки дар он намояндагони ҳар ду ҷониб иштирок доштанд.

Ба дафтарчаи меҳнатии Эмомалӣ Раҳмон имзо гузоштаам

Дертар бо роҳи интихоботи умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Миллати мо бо вуҷуди душвориҳои зиёди аз сар гузаронидааш хушбахт ва хирадманд будааст, ки чунин сарвар интихоб кард, дар атрофи ӯ муттаҳид шуд ва ба комёбиҳо ноил гашту ноил мегардад. Ман хушнуд ва хушбахтам, ки дар иҷлосияе, ки Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуд, раисӣ кардам. Дар дафтарчаи меҳнатиаш имзо гузоштам.

Дар ин иҷлосия, инчунин, Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима ва тасдиқ гардиданд. Қумандонҳои саҳроӣ, аз ҷумла фармондеҳи Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров Парчами Тоҷикистонро бӯсида, қасам ёд карданд, ки барои тантанаи сулҳу дӯстӣ ва ободиву шукуфоии кишвар то нафаси охирин мубориза мебаранд.

Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Эмомалӣ НАЗАРОВ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply