Абдулқаюм Кӯчай бо Путин вомехӯрад

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз сафири нави Афғонистон дар Маскав Абдулқаюм Кӯчай ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин номаи эътимод месупорад. Тоҷикистонро кишвари мафиёӣ номидани Кӯчай дар аввали сол боиси як таниши шадид байни Душанбеву Кобул гардид.

Кремл хабар дод, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 16 март номаҳои эътимоди сафири нави 18 кишварро қабул мекунад. Дар миёни ин 18 сафири ҷадид, ки ба мулоқоти Путин мераванд, якеаш сафири нави Афғонистон дар Маскав Абдулқаюми Кӯчаймебошад.

Абдулқаюми Кӯчай амаки раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ашраф Ғанӣ буда, тобистони соли 2016 ба ҳайси сафири нави Кобул дар Маскав интихоб шуд. Матбуоти афғон навишт, ки раҳбари ҳукумати Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ шадидан мухолифин ба ин мақоми фиристодани Кӯчай буд, вале раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз номзадии амакаш пуштибонӣ кардааст.

Маъмурияти Кӯчай дар Маскав аз як ҷанҷоли пурсарусадое, ки ба як таниши бесобиқа дар равобити Тоҷикистону Афғонистонм унҷар шуд, оғоз ёфт.

Ин дипломати баландпояи афғон дар поёни моҳи декабр дар як мусоҳиба Тоҷикистонро як кишвари комилан таҳти нуфузи Русия номид ва гуфт, кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистонро мафияҳои фаъол дар Русияву Тоҷикистон идора мекунанд.

Кӯчай дар як гуфтугӯи видеоӣ бо блогнависи афғон Шафеъ Аёр гуфт, «маводи мухаддирдар Афғонистон кишт мешавад, вале пушти он шумо(яъне Русия) ҳастед, пушти онмафияи Тоҷикистон аст.» Абдулқаюм Кӯчай дар ин сӯҳбат афзуд, ки «мафия дар Тоҷикистон хеле фаъол аст.” Ӯ ин кишвари ҳамсояи як кишвари хурди зери нуфузи комили Русия ба қалам дода гуфт, ки мардуми тоҷик ҳатто наметавонанд хатти худро дошта бошанд ва ҳам ҳуруфу ҳам тақвимашон то ҳол русист.

Ин мусоҳиба вокуниши тунди мақомоти Тоҷикистонро ба бор овард. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 31 декабр сафири Афғонистон дар Душанбе Залмай Юнусиро даъват карда, аз ӯ шарҳи суханони Абдулқаюм Кӯчайро талаб кард ва ба сафири афғон ёддошти эътирозии ҷониби Тоҷикистонро супурд. Шарҳи Залмай Юнусӣ мабнӣ ба ин ки изҳороти Кӯчай назари шахсии худи ӯст, на мавқеи расмии ҳукумати Афғонистон, Душанберо қаноат надод ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 12 январ бо нашри як шарҳи расмӣ аз сӯҳбатҳои, ба таъбири Душанбе, «ғайри қобили қабул” ва «таҳқиромез”-и сафири Афғонистон дар Русия изҳори нигаронии шадид кард.

Ҷониби Тоҷикистон, бино ба шарҳи расмии вазорати хориҷааш, аз сафири афғон дар робита ба ин изҳороти Кӯчай тавзеҳоти мушаххас талаб карда, ба ҷониби Афғонистон «қотеъона тавсия дод то суханони номатлуб, ки аз ҷониби шахси расмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон садо доданд, ҳамаҷониба таҳлил гарданд ва чораҳои муассир андешида шаванд.”

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон вокуниши ҳукумати Афғонистонро, ки гӯё суханони сафираш дар Русия андешаи шахсии ӯянд, на мавқеи расмии Кобул, «боиси таассуф” номид ва гуфт,»чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанд, боиси таассуф буда, муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд.”

Суханони Абдулқаюм Кӯчай дар бораи Тоҷикистон ва Русия, кишваре, ки ӯ бояд дар он аз номи Кобул намояндагӣ кунад, ба вокуниши тунди парлумони Афғонистон низ рӯбарӯ шуд.Аҳмадшоҳ Рамазон, як вакили парлумони Афғонистон гуфт, ки вакилон дар як нома ба раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ хостори билофосила аз мақоми сафорат дар Русия фаро хондани амакаш Кӯчай шудаанд.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистону Покистон низ моҳи январ гуфт, «дар изҳори назарҳои сафири нави Афғонистон нисбат ба раҳбарон, ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ибораҳои ғайри қобили қабул ва таҳқиромез садо додаанд. Ҳар ончӣ ки гуфта шуд, аҳмақиҳои беасосанд. Баёнияҳои вай ғайри қобили қабуланд. Тоҷикистон як иттифоқчии стратегиии Русия аст ва ҳар навъ таҳқир нисбат ба Душанбе ба вокуниши мутаносиб дучор хоҳад шуд.”

Интисоби хешовандони наздики раҳбари аввал ба мақомҳои сафорат дар ҳукумати Афғонистон зоҳиран як амри маъмул будааст. Дар аҳди раёсати Ҳомиди Карзай мақоми сафири Кобул дар Русияро амаки ӯ Абдухалили Карзай бар дӯш дошт. Як амаки дигари Карзай тамоми 14 соли раҳбарии ӯ ба ҳайси сафири Афғонистон дар Ҷумҳурии Чех ифои вазифа карда буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply