Абармарде дар хотираҳо. Ба ёди Сайфиддин Муҳаммад Осимӣ

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Доктор Осимӣ, доктор Бадахшонӣ, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Масъуди Миршоҳӣ, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон, 1996

Доктор Осимӣ, доктор Бадахшонӣ, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Масъуди Миршоҳӣ,

шаҳри Душанбе, Тоҷикистон, 1996

Шиносоӣ бо Тоҷикистон

Давраи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда буд. Дар ин замон ҷаноби Сайфиддин Муҳаммад Осимӣ барои таҳияи китобе дар бораи таърихи Осиёи Миёна дар Юнеско ба Париж омада буд. Бо ҷаноби Осимӣ гуфтугӯ дар бораи поярезии анҷумане буд, ки битавонад тоҷикону форсизабонони ҷаҳонро гирди ҳам овард ва бад-ин гуна мо дар Аврупо (Париж) Анҷумани Рӯдакиро бо ҷамъе аз фарҳангиёни эронӣ поя гузоштем ва ҷаноби Осимӣ бо гурӯҳе аз фарзонагони тоҷик ва аз Афғонистон ба роҳбарии Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани «Пайванд»-ро бунёнгузорӣ карданд. Ман низ аз ҷумлаи бунёдгузорон шумурда шудам ва бад-ин гуна роҳи ман ба Тоҷикистон боз шуд.

Дидор бо Осимӣ дар Париж

Устод Осимиро барои нахустин бор дар Париж дидор кардам. Вай ба унвони яке аз шахсиятҳои баргузидаи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО барои фароҳам намудани таърихи Осиёи Миёна интихоб шуда буд. Хонуми Иран Муширӣ, ки як эронии корманди Созмони ЮНЕСКО буд ва дар бахши Осиёи Миёна кор мекард, маро аз ин ки профессор Осимӣ ба Париж меояд, огоҳ намуд. Мунтазири эшон мондам ва замоне, ки ба шаҳри Париж ташриф оварданд, ба дидани эшон ба меҳмонхона рафтам. Аз он ҷо, ки бемористон ва донишгоҳе, ки дар он кор мекардам, дар маркази шаҳри Париж буд ва наздик ба сохтмони ЮНЕСКО, ҳар рӯз аср ба дидани Устод мерафтам ва дар бораи масоили гуногун гап мезадем ва эшон ҳамеша бо меҳрубонӣ ба пурсишҳои ман дар бораи Осиёи Миёна посух медоданд. Ба эшон пешниҳод кардам, ки барои хӯрдани ғизои эронӣ меҳмони мо шавад ва бад-ин сурат ҳар шаб ба дунболи Устод рафта ва ба хона меовардам ва сипас ӯро ба меҳмонхона бармегардондам… Устод Осимӣ чандин бор ба Париж ба баҳонаи фароҳам кардани китоби таърихи Осиёи Миёна ба Париж меомаданд. Соли 1992.   Тоҷикистон тоза истиқлоли худро боз ёфта буд ва ҳар рӯз хабарҳои кашмакаш дар Тоҷикистон аз ахбори радиоҳо ва рӯзномаҳо шунида мешуд. Радиои “Фаронс интернатсионал” дар барномаҳои форсии худ ҳар шаб мардуми форсизабонро дар ҷараёни тозаҳо дар Тоҷикистон қарор медод. Дар яке аз ин сафарҳо духтарашон, ки Дилором ном дошт ва дар риштаи пизишкӣ дарсхондаро бо худ ҳамроҳ ба Париж оварда буд. Дар яке аз ин сафарҳо аз Устод хоҳиш кардам, ки дигар ба меҳмонхона наравад ва меҳмони мо бошад ва назди мо зиндагӣ кунад. Эшон бо хушрўӣ низ пазируфтанд ва аз он ҷо, ки падару модарам низ дар Париж буданд, ҳар шаб маҷлиси мушоира низ дар хона барқарор буд. Дар рӯзҳои поёни ҳафта ҳама бо ҳам ба нуқоти дидании Париж ва перомуни он мерафтем ва устод бо писарам, ки Каюмарс ва ё Сом ном дорад, ҳамеша шӯхӣ мекард ва ӯро Соми Наримон меномид. Писари мо низ бад-ин гуна аз кӯчакӣ бо лаҳҷаи тоҷикӣ ошно шуда буд ва онро хуб мефаҳмид ва бо устод суҳбат мекард. Устод дар китобхонаи мо мехобид, шабе дер вақт маро садо кард ва гуфт: «Бачам, ҳамин китобҳои Маснавӣ ва Девони Шамс, ки бузургҳаҷм ҳастанд ва болои сари ман қарор доранд ҷо ба ҷо кун, ки рӯйи сари ман науфтанд, то нагўянд, ки китобҳо рӯйи сараш рехт ва фавт кард. Бештари рӯзҳо тамоми вақт дар ЮНЕСКО буд ва бо дигар муаллифин аз кишварҳои осиёӣ, аз ҷумла ҷаноби Донӣ аз Покистон ва дигарон… қарори мулоқот дошт ва бад-ин гуна инҷониб низ бо онҳо ошно шудам. Устод гоҳе аз ман мехост, ки наққошиҳо ва тасвирҳои китоберо, ки ӯ масъул буд, бо ҳам баррасӣ кунем. Дар ҳамин росто, устод замоне хост, ки ман нақшаи давлати Сомониро фароҳам кунам, ки битавонанд аз он барои китоб истифода баранд.

Фурӯрдини Миршоҳӣ (падар) , Муҳаммад Осимӣ, Масъуди Миршоҳӣ, Бибинусрат Ҳусайни Бадахшонӣ (модар) дар Кохи Варсо, дар перомуни шаҳри Париж, Фаронса

Ду иттифоқи ногувор дар Париж бо ҷаноби Осимӣ фаромӯшнашуданӣ аст. Нахуст бузургдошти ситорашиноси машҳур Улуғбег дар Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО  буд. Медонем, ки Улуғбег, писари Шоҳрух ва Гавҳаршоди Темурӣ, зода дар шаҳри Султония дар Эрон, алоқаманд ба ситорашиносӣ, донишмандони давраи худ дар ин ришта, аз ҷумла Ғиёсиддини Кошониро дар перомуни худ ҷамъ кард ва расадхонаи Самарқандро дар соли 1420 мелодӣ бунён гузошта ва бо ҳамкории Кошонӣ Зиҷи Улуғбегро фароҳам намуд. Кошонӣ сипас ба дастури Улуғбег дар Самарқанд кушта шуд (1429). Бо ҳамаи инҳо натиҷаи корҳояш акнун ба номи Улуғбег машҳур аст. Улуғбег бист сол пас ба дастури писараш дар соли 1449 кушта шуд ва расадхонаи ӯ хароб ва бо хок яксон гардид. Рӯзи бузургдошт бо ҷаноби Осимӣ аз хона ба сӯи ЮНЕСКО равон будем. Дар дохили мошин радиои “Фаронс-култур” дар бораи бузургдошти Улуғбег дар ЮНЕСКО суҳбат мекард. Дар бораи Улуғбегу Самарқанд ва Ӯзбекистону ҳукумат ва мардуми он бо мутахассисин гуфтугӯ дошт. Дар ин миён гӯяндаи радио камлутфӣ карда мегуфт, ки шигифтовар аст мардуми Ӯзбекистон аз зери ҳукумати шӯроӣ берун омаданд ва акнун, ки худро озод ҳис мекунанд, бузургдошти қотилони хунхореро, монанди Чингизхон дар кишвари худ мегиранд ва ба ӯ ифтихор мекунанд. Ҳанӯз таъсироти Сталин дар назди онҳо аз байн нарафта, барои ӯ ҷонишин ёфтаанд… Устод аз ман пурсид, ки чӣ гуфтанд, он чиро, ки омад барои эшон шарҳ додам ва пурсидам, ки оё ин ҳарфҳо дуруст аст? Бо тааҷҷуб устод посух дод, ки оре, ҳамин гуна аст ва яке аз рӯзҳо ба номи Чингиз ва дигаре ба номи Темур ва ғайра мебошад. Ба ЮНЕСКО расидем ва ҷаноби Осимӣ ба дунболи ошноҳои худ мегашт. Ман ҳам барои нахустин бор бо ширкаткунандагоне, ки аз Самарқанд омада буданд, ошно мешудам. Дар ин миён бо намояндагоне, ки аз ҳукумат буданд ва ё бо ҳунармандони ширкаткунанда ба забони форсӣ суҳбат мекардам, вале ҳамин ки аз гурӯҳи онҳо касе ба мо дар ҳангоми гуфтугӯ наздик мешуд, онҳо ба ӯзбекӣ суҳбат мекарданд… Бо устод ба андаруни толор, ки қарор буд, барномаи бузургдошт, ки шомили суханронии намояндагони ЮНЕСКО, раиси ЮНЕСКО ва ҳамчунин суханронии ҷаноби Ислом Каримов ва сипас бо ҳунарнамоии ҳунармандон, ки аз гӯшаву канори кишвари Ӯзбекистон омада буданд, рафтем. Бо эшон дар радифҳои аввал, ки барои меҳмонони наздиктар омода шуда буд, нишастем. Ман дар ҷойи худ канори доктор Осимӣ нишастам, устод аз ҷояшон баланд шуданд ва барои аҳволпурсии дӯстонаш, ки каме дуртар нишаста буд, рафтанд… Ман дар ин фурсат бо ҷанобе, ки аз Ӯзбекистон омада буд ва дар канорам нишаста буд, аҳволпурсӣ кардам ва назарашонро дар бораи Париж ва барномаҳои вижаи Улуғбег мепурсидам. Бо ҳам ба форсии шево суҳбат мекардем…Дар ин ҳангом устод расиданд ва ба ҷанобе, ки дар тарафи дигари ман нишаста буданд, ба ӯзбекӣ аҳволпурсӣ кард. Дар ин миён ман думболаи ҳарфҳоямро ба форсӣ бо ҷаноб идома додам… Доктор Осимӣ ҳамин ки фаҳмид, ки ман бо дӯсташон ба форсӣ суҳбат мекунам, барафрӯхта шуд ва ба забони форсӣ ба ҳар дуи мо гуфт, ки ман ин касро беш аз бист сол аст, ки мешиносам, як бор нашудааст, ки бо забони модарияш бо ман суҳбат кунад, аҷиб аст, ки ин мардум бо донише, ки доранд, ин гуна аз ҳама арзишҳои ниёгонашон дур шудаанд ва пас аз он ба забони русӣ бо вай суҳбат кард, ки ман нафаҳмидам. Пасонтар, ки аз эшон пурсидам, гуфтанд, ки ӯро барои ин ки аз забони модарияш дар ҷое, ки лозим аст, истифода намекунад, бисёр сарзаниш кардааст… Дар ҳамин барнома навбати суханронии ҷаноби Ислом Каримов шуд ва ман ҳамон гуна, ки дар ин созмон расм аст, гӯшӣ ба гӯш гузоштам, ки тарҷумаи суханронии эшонро бифаҳмам.

Ҷаноби Ислом Каримов дар бораи Улуғбег ва сипас дар бораи Чингизу Темур ва соири амирони даврони Улуғбег сухан гуфт ва аз онҳо низ ба некӣ ёд мекард… Дар поёни суханронӣ аз ширкаткунандагон хоста шуд, ки кӯтоҳ агар пурсише доранд, матраҳ кунанд, яке ду нафар пурсишҳое доштанд, то ин ки устод даст баланд кард, ки ӯ ҳам суҳбат кунад ва ё агар пурсише дорад, матраҳ кунад. Микрофонро ба дасти устод доданд. Эшон дар муаррифии худ гуфт, ки раиси собиқи Академияи улуми Тоҷикистон будааст ва бо муқаддимае дар бораи Улуғбег идома дод, ки ЮНЕСКО ҷое нест, ки аз касоне монанди Темур ва Чингиз қадрдонӣ шавад ва мо медонем, ки онҳо тарафдори илм ба он маъно, ки имрӯз вуҷуд дорад, набуданд ва ба ҳамин ҷиҳат худашон ин шоҳзодаро, ки амири Самарқанд низ буд, аз байн бурданд… Ҷаноби Ислом Каримов дар посухи устод гуфт, ки шумо ҳанӯз ҳам барои мо Раиси Академияи улуми Тоҷикистон ҳастед, вале таърих бар он чӣ ӯ гуфтааст, гувоҳӣ медиҳад… Пас аз поёни барнома, устод гуфт, ки каме дигар меистем ва ба хона бармегардем… Ва пасонтар ба ман гуфт, ки ҷаноби Ислом Каримов ҳақ дорад, ки аз бузургони Самарқанду Бухоро ва ғайра таъриф кунад ва ба онҳо ифтихор кунад, вале Самарқанду Бухоро бузургони бешумореро ба дунё супурдаанд… Ҷаноб бояд ба онҳо ишора мекард ва ифтихор мекард, на ба Темуру иддае, ки дар дунё хушном нестанд…

Устод Осимӣ дар хонаи мо ( ба ҳамроҳи падар, сари мизи ғизо)

Иттифоқи ногувори дувум дар бораи марги бародарзодаашон буд. Шаб буд ва дар хона бо љаноби Осимӣ нишаста будем, ки телефони хабаргузори радиои байналмилалии Фаронса занг зад ва бидуни ин ки бидонад ҷаноби Осимӣ дар хонаи мо аст, сиҳҳати (рост будани хабари) террори бародарзодаашро аз ман пурсид. Гуфтам, ки хабар надорам ва ба ӯ фаҳмондам, ки устод акнун назди мо ва дар хона аст ва хоҳиш кардам, ки пасонтар ба ман телефон кунад. Ҷаноби Осимӣ низ аз ин иттифоқ огоҳ набуд ва ман намедонистам, ки ба эшон чӣ бигӯям. Дубора аз сӯйи радио ба ман телефон карданд, ки хабар дуруст аст ва хешованди эшон дар Тоҷикистон террор шудааст. Ба ҷаноби Осимӣ гуфтам ва эшон бидуни вокуниши хос гуфтанд, ки дастур будааст, ки доктор Осимиро бикушед ва онҳо бачаи бегуноҳро, ки доктор буд, куштаанд ва билофосила аз ман хост, ки каме дар берун ва ё боғи хона гардиш кунем. Ба ҳамсарам гуфтам, ки мо берун меравем, ҳамаи мо дар хона бештар нигарони Устод будем. Ба берун аз хона рафтем ва Устод хост, ки дар хиёбони пурдарахте, ки торик низ буд, роҳ равем. Дар торикӣ, Устод аз пешу ман аз пайи Ў ҳаракат мекардем. Ду-се соате гаштем ва дар боғи хона низ рӯйи нимкат бидуни ин ки гапе занем, нишаста будем, то ин ки Устод гуфт: «Бачам ба хона равем». Шаб шом нахўрданд ва ман ӯро ба китобхонаи кучаке, ки эшон он ҷо мехобиданд, дар хона роҳнамоӣ кардам ва каме хӯрдухӯрок низ хонумам барояшон гузоштанд.

Аз иттифоқоти ҷолиби дигар ин буд, ки Давлат Худоназаров, ҳунарманди машҳури тоҷик дар Париж буд. Соли гузашта дар ҳамон замон, дар Маркази “Жаржапмпиду”, ки як созмон ва сохтмони фарҳангии бисёр машҳуру зебо дар Париж аст, кинофестивалҳои Осиёи Миёнаро баргузор карда буданд ва китобе бад-ин муносибат низ мунташир намуда буданд. Дар ин миён Давлат Худоназаров меҳмони Вазорати фарҳанги Фаронса буд ва вай гоҳ-гоҳе ба унвони жюрии ҷашнвораи Кан дар ҷануби Фаронса даъват мешуд. Дар ҳамин замон ӯ низ дар шаҳри Париж буд ва ба хонаи мо низ меомад. Дар бархе аз маврид дар бораи масоили сиёсӣ ҷаноби Осимӣ ва Давлат Худоназаров дидгоҳҳои мувофиқ надоштанд, вале бо ҳама ҳар ду бо хубӣ ва бисёр дӯстона бо ҳам гуфтугӯ доштанд ва Давлат эҳтироми Устодро бисёр боло нигоҳ медошт.

Аз дӯстони наздики ҷаноби Осимӣ дар Париж хонуми Иран Муширӣ буд, ки вай низ бо хонаводаи ҷаноби Осимӣ дӯст шуда буд ва хонаводаи онҳо, бавижа хонуми Дилоромро ба хубӣ мешинохт.

Дар Париж бо Устод дар бораи масоили гуногун , забон, адабиёти тоҷику форс, шӯравии қадим, мардуми Тоҷикистон, мардуми шимолу ҷануби Тоҷикистон, академияи улум, Бухоро, Самарқанд ва бархе аз шахсиятҳои машҳури тоҷик, Садриддин Айнӣ, Аҳмади Дониш ва соири бузургоне, ки таассури муҳиме дар сохтори худмухтории Тоҷикистон ва бавижа дар шукуфоии фарҳанги ниёгон дар Тоҷикистон доштанд, суҳбат мекардем. Натиҷа ин шуд, ки пасонтар тавонистам ду китоб ба номи “Ҷусторҳо дар забон ва адаби Тоҷикистон” бо ҳамкории устоди бузург Муҳаммадҷон Шукурӣ ва дӯстони дигар, фарҳехтагон Парвона Ҷамшед ва Муаззам Диловар фароҳам ва дар Эрон ба чоп бирасонем.

Ҷаноби Осимӣ барномаи бунёнгузории Анҷумани «Пайванд»-ро дар барнома доштанд ва ҳамеша аз як силсилаи занҷираи фарҳангӣ суҳбат мекарданд, ки битавонад ҳамаи кишварҳои форсизабон ва ё бо фарҳанги муштараки ҷаҳони эрониро гирди ҳам оварад. Бо пуштибонии ҷаноби Осимӣ ва бо ҳамкории хонуми доктор Ҳумо Нотиқ, устоди донишгоҳи Сорбан ва ҷаноби доктор Обтини Сосонфар, устоди донишгоҳ дар риштаи ҳуқуқ, ҷаноби Манучеҳри Фарҳангӣ, раиси омӯзишгоҳи байналмилалӣ дар Мадрид ва ҷаноби доктор Раҳом Ашо, забоншинос ва мутахассис дар адабиёти бостонӣ дар Париж тавонистем дар ҳамин росто, ки қарор буд, Анҷумани «Пайванд» дар Тоҷикистон ташкил шавад, мо низ Анҷумане ба номи “Рӯдакӣ” дар Париж бунёд гузорем. Анҷумани “Рӯдакӣ”, ки як анҷумани расмӣ аз сӯйи давлати Фаронса мебошад, бо ҳадафи кӯшиш дар шукуфоии фарҳанги муштараки кишварҳои Қафқоз (Озарбойҷон ва Осетия), Осиёи Миёна (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) ва Эрону Афғонистон ва гирдиҳамоии андешамандони ин кишварҳо хориҷ аз марзҳои сиёсӣ аст. Ҳадафи дигар барқарории робитаи фарҳангӣ байни ин кишварҳо ва кишвари Фаронса мебошад.

Дар ростои ҳадафҳои Анҷумани “Рӯдакӣ” дар Париж, ҷаноби Сосонфар як маркази фарҳангӣ ба номи «Фарҳангсарои ориёӣ ба номи доктор Обтини Сосонфар ва хонуми Меҳрафзуни Фирӯзгар» дар шаҳри Истаравшан сохтанд. Хонуми Ҳумо Нотиқ китобхонаи хусусии худро дар ихтиёри Академияи улуми Тоҷикистон мегузорад, доктор Раҳом Ашо ба унвони устоди забонҳои қадимӣ иртиботи танготанг ба Академияи улуми Тоҷикистон дорад ва аз сӯйи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ ҳарсола ҷоизае дар Академияи улум ба фарҳехтагони тоҷик месупорад. Лозим аст ёдоварӣ шавад, ки ҳамаи ин барнома ба ибтикори Анҷумани “Рӯдакӣ” ва бо поси хотири нависандаи ин хотирот анҷом шудааст ва муҳаррики ин силсила корҳо дар Тоҷикистон устоди бузурги мо — Сайфиддин Муҳаммад Осимӣ будаанд. Дар замоне ки ин кӯтоҳро менависам, мутаассифона хонуми доктор Ҳумо Нотиқ, ҷаноби доктор Сосонфар ва ҷаноби Манучеҳри Фарҳангӣ, ҳама монанди устод Осимӣ ин дунёро тарк кардаанд ва ёди онҳо гиромӣ бод.

Дидор бо Осимӣ дар шаҳри Душанбе

Дар соли 1993 ҷаноби Осимӣ аз инҷониб хостанд, ки битавонем бо иддае аз эрониёни бурунмарзӣ дар Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ширкат намоем. Инҷониб дар Париж ва ҷаноби Масъуди Сипанд дар шаҳри Сан Хузаи Америка кӯшиш кардем, ки беш аз бист нафар алоқаманд ба ин сафарро аз кишварҳои Америкаи Шимолӣ, Канада ва Аврупо гирдоварӣ карда ва аз роҳи Москва ба Тоҷикистон ҳаракат кунем. Ҳама дар шаҳри Москва гирди ҳам омадем ва ҷаноби Толибов, ки як ожонси туристӣ дошт, аз мо пазироӣ карда,  моро дар ҳолатҳои наздик ба Майдони Сурх (ҳотели Москва) ҷой дод. Рӯзи дигар ҳама аз фурудгоҳи дигаре аз Москва ба сӯи шаҳри Душанбе парвоз кардем. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҷаноби Осимӣ ба ҳамроҳи чанд навҷавони духтару писар бо нону намак ва карнойи тоҷикӣ аз мо пазироӣ карданд… Шаҳри Душанбе ҳанӯз бисёр ноором буд ва ҳамаи моро нахуст дар ҳотели «Тоҷикистон» ва сипас дар бӯстонсаро ҷой доданд. Дар ин барнома мо бори нахустин бо мардуми Тоҷикистон ва фарҳанги онон ошно шудем. Бахшида ба ҷашни Истиқлол дар толори “Борбад” ҳунарнамоиҳои ҳунармандон бисёр зебо ва дилангез буд. Моро бинобар барномае, ки Анҷумани «Пайванд» бо роҳбарии устод Осимӣ тарҳрезӣ карда буд, ба ҳама бахшҳои таърихӣ ва осорхонаҳо, китобхонаҳо ва театрҳои шаҳри Душанбе бурданд…

Соли 1994 низ ба ҳамин тартиб ман бо гурӯҳе бо беш аз бист нафар роҳии шаҳри Душанбе шудем. Дар ҳамин сол низ бузургдошти “Шоҳнома”-ро низ Ҳукумати Тоҷикистон дар раъси барномаҳои Анҷумани «Пайванд» ва Академияи улум қарор дода буд… Дар замоне ки Устод дар Париж буданд, барои эҷоди ҳамбастагӣ байни фарҳехтагони густари фарҳанги эронӣ қарор шуд, ки як силсила ҳамоишҳое дар гӯшаву канори ҷаҳон анҷом гардад ва дар он бавижа ба фарҳанги муштараки ҳамаи кишварҳои Қафқоз, Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна, ки ҳаммонанди фарҳанги ниёгон ва ё фарҳанги бостон аст, таваҷҷуҳ шавад. Дар ҳамин сафар, ки ба Тоҷикистон доштам, дар ин бора бо ҷаноби Осимӣ суҳбат кардам ва қарор шуд, ки дар соли 1996 дар замони Ҷашни Истиқлоли кишвари Тоҷикистон , барои нахустин бор ин ҳамоиш бо ҳамкории Анҷумани «Пайванд» дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Дар соли 1995, замоне ки боз ҳам бо гурӯҳе ба даъвати Анҷумани «Пайванд» ба шаҳри Душанбе омада будем, муқаддамоти Ҳамоиши соли 1996-ро бо Устод омода карда ва даъват барои суханронӣ дар барномае ба номи «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон ва шинохти Авесто»-ро тарҳрезӣ намудем. Ин барнома қарор шуда буд, ки аз дувум то ҳафтуми моҳи сентябри соли 1996 дар шаҳри Душанбе дар сохтмони Академияи улум баргузор шавад.

Дар ин давра иттифоқоти аҷибе афтод, ки бештари барномаҳои моро дигаргун намуд. Нахуст яке аз ҳамкорони фарҳангии мо дар Париж кушта шуд. Доктор Куруш Ориёманиш, устоди қадимии Донишгоҳи Теҳрон, ки дар Париж зиндагӣ мекард, тавассути фиристодаҳои иртиҷоии мазҳабӣ дар хонаи худаш, ки дар перомуни Париж буд, бо корд аз пой даромад ва қотили аслӣ ба Эрон баргашт. Иттифоқан пеш аз ин ҳодиса ба ҳамроҳи вай ва чанде аз дӯстон қарор доштем ва дар бораи нахустин ҳамоише, ки қарор буд дар Тоҷикистон баргузор шавад, бо ҳам гуфтугӯ доштем ва қарор буд, ки посухи пурсишҳои онҳоро ман аз устод Осимӣ бипурсам ва ба онҳо бирасонам. Дар ин миён чанд бор дар ҳамон рўз ба доктор Ориёманиш телефон кардам… Посух надод ва дар паёмгир паём гузоштам. Баъд аз ду рўзи дигар фаҳмидам, ки дар ҳамон шаб вайро ба қатл расондаанд. Иттифоқи дигар кушта шудани Олимпур, рӯзноманигори машҳур дар Тоҷикистон буд, ки албатта, дар бораи омилони он камтар огоҳӣ дорам. Иттифоқи сеюм низ аз по даровардани устод Осимӣ буд. Ман дар яке аз шаҳрҳои Америка будам, ки хонумам телефонӣ хабар дод, ки устод Осимиро низ дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон куштаанд.

(Давомаш дар шумораи ояндааи «Тоҷикистон»)

Масъуди Миршоҳӣ,

Париж

ابرمردی در خاطره ها، به یاد سیف الدین محمد عاصمی

Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply