Аҷинабазм

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

«Мардак, ҳушёр шавед, ки ягон дев ё ҷин шуморо назанад»,- мегуфт кампири талхакафшуда ба мӯйсафедаш.

Тирамоҳ! Ҳаво якбора хунук шуд. Келини Ашраф Ситора дар печка алов кард, то ки кӯдаконаш хунук нахӯранд ва қарибии намози шом хокистари печкаро гирифта, ба таги дарахти чормағз партофт. Шаб, аҳли оила пас аз тамошои оинаи нилгун ба хонаҳои хоби худ даромаданд. Ашраф нав ба ҷойгаҳи хобаш даромада буд, ки завҷааш Васвасабону дарро ба шаст кушода, норозиёна ситеза кард:

-Мардак шуда, даррав хоб меравед-мӣ? Аҷинаҳо дар таги дарахти чормағз алов кардаанд. Зуд рафта оташро хомӯш кунед. Мабодо аланга занад, аз мошини импортниятон бенасиб мемонед. Кошкӣ, вай мошин арзон бошад.

Ашраф зуд аз ҷойгаҳ хеста, ҷомаашро сари китфаш партофту аз хона баромад.

-Мардак ҳушёр шавед, боз ягон ҷину аҷина шуморо назанад, ки касал шавед,-гӯён, занаш бели нӯгтезеро ба ӯ дароз кард ва маслиҳат дод, ки дуои ҷину  аҷинаро хонда-хонда равад. «Ҳамин, ки ҷину аҷинаҳо ба шумо ҳуҷум карданд, дуоро бо овози баланд хонеду нотарсона ба фарқи сараш занед!»-мегуфт ҳамсараш. «Занакҷон, зиқ нашав, ҳамин ки дуои Ояталкурсиро хондам, Худо хоҳад, ҷину аҷинаҳо мегурезанд»,-  гӯён, Ашраф бел дар даст ба сӯи оташи алангазада истода равон шуд. Дилашро ваҳм фаро гирифта бошад ҳам, вай сир бой надода: «Ё пирам»-гӯён, бо бел чунон сахт зад, ки баргҳои дарахти «сӯхта» истода ба чор тараф пош хӯрданд. Оташ бештар аланга гирифту Ашраф аз тарс аз ҳуш рафт. Завҷааш ӯро кашола карда, то назди айвон овард. Ҳар ду диданд, ки оташ боз чанд лаҳза сӯхта, баъд якбора хомӯш шуд.

Онҳо хеле хурсанд шуданд, ки базми аҷинаҳо ба охир расид ва худоро шукр гуфта, ба хонаи хобашон даромаданд.

Саҳарии барвақт Ашраф бо завҷааш аз хоб хеста, аввал ба назди дарахти чормағз рафтанд. Онҳо хеле бодиққат ба баргҳои сӯхтаю нимсӯхтаи дарахту хокистари атрофи он нигоҳ мекарданд. Келинашон аз ин рафтори пиру кампир ҳайрон шуда, ба назди онҳо рафта гуфт: «Тинҷӣ-мӣ, аз каллаи азон ба ин ҷо омадетон?!»

Васвасабону ҳодисаи шаб рухдодаро нарезондаю начаконда, ба келинаш Ситора нақл карда гуфт:

-Шаб ҷину аҷинаҳо дар таги ин дарахт гулхан афрӯхта хуб рақсу бозӣ карданд. Хайрият, ки амакат дар хона буду бо бел сари аҷинаҳоро аз танашон ҷудо кард, набошад ҳама ҷоро оташ мезаданд…

Ситорабону хеле завқ карда хандиду баъд ба хушдоманаш нигариста гуфт:

-Холаҷон, шумо аҷаб сода будаед, охир дар таги дарахти чормағз деву ҷину аҷинаҳо алов накардаанд. Ман дар таги дарахт хокистарро партофта будам, аз афташ ягон чарсаки оташ ба баргҳои хушки дарахти чормағз часпида сӯхтаанд…

Ашрафу завҷааш ба ҳамдигар нигоҳ карда лаб газиданд…

Қурбонбой Раҷабов


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply