986,534 тонна ёрии гуманитарии Қазоқистон

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

23 декабри соли равон дар Маркази барқию гармидиҳии шаҳри Душанбе маросими супурдани ёрии гуманитарии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ин ёрии  гуманитарӣ аз 986,534 тонна мазут иборат буда, барои  фаъолтар гардидани кори Маркази барқию гармидиҳии шаҳри Душанбе дар мавсими зимистони равон пешбинӣ шудааст. Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов иброз намуд, ки  ёрии гуманитарии мазкурро Кумитаи давлатии захираҳои моддии Вазорати дифоъ ва аэрокосмосии Қазоқистон  ба ихтиёри Кумитаи давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордоди тарафайни ду давлат амалӣ месупорад. Ёрии гуманитариро аз ҷониби Тоҷикистон муовини директори Кумитаи давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев қабул кард. Таъкид шуд, ки ин мазут набояд мавриди истифодаи тиҷорат қарор гирад.

Э. НАЗАРОВ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply