5000 сомонӣ ҷарима барои пӯшидани сатр

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Намояндагони Кумитаи дин ва танзими ойину маросимҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати пӯшидани сатр дар тӯю маъракаҳо меҳмони сатрпӯшро метавонанд то 5 000 сомонӣ ҷарима банданд. Барои ҳамин, мегӯянд онҳо, хуб мешуд, то соҳибони маъракаҳо тавсия диҳанд, ки меҳмонон бо чунин либос ба тӯй наоянду айши ҳама талх нашавад.

Дар рӯзҳои охир овозаҳое зиёд шудаанд, ки гӯё занҳои ҳиҷобпӯшро дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон барои пӯшидани ҳиҷоб ҷарима бастаанд. Бархе ҳатто дар бораи маблағи ҷарима ҳарф мезананд, ки гӯё аз 400 то 600 сомонӣ пул меситонанд.

Сомонаи «Ахбор” то куҷо воқеият доштани ин овозаҳоро дар сӯҳбат бо намояндагони Кумитаи дин ва танзими ойину маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон матраҳ кард. Як намояндаи расмии ин Кумита ба «Ахбор” гуфт, «кумитаи дин чунин салоҳиятро надорад, ки мардумро дар кӯча дошта, ҷарима бандад, вале барои вайрон кардани муқаррароти қонуни танзими расму ойинҳо ҷазо пешбинӣ шудааст.”

Дар поёни моҳи август ба қонуни танзими расму ойинҳои Тоҷикистон як силсила тағйирот ворид карда шуд, ки дар баробари манъи як силсила маъракаҳо, ба мисли ақиқа, Ҳоҷизиёрат, шаҳтоз, роҳбандон, манъи додани таом дар маъракаҳои азо ва манъи даъвати санъаткорон ба тӯйи хатна барои бори аввал пӯшидани либос дар ҷараёни маъракаҳоро низ танзим мекунад. Дар боби чоруми қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо” моддаи 14, прим 1 илова шудааст, ки пӯшидани сатру ҳиҷобро дар маъракаҳо манъ мекунад:»Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд.

Намояндаи Кумитаи дин мегӯяд, азбаски қонун пӯшидани либоси барои фарҳанги миллии тоҷикӣ бегонаро манъ мекунад, табиист, ки дар сурати вайрон кардани ин қонун муҷозот интизор аст: «Дар банди дуюми қонуни танзим омадааст, ки шахсони воқеъ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки муқаррароти ин қонунро риоя намоянд. Ӯҳдадор худи шахсест, ки қонуншиканӣ кардааст, яъне ӯҳдадорӣ инфиродӣ аст, ба зимми ҳар як шахс аст ва худи ҳамон шахсе, ки талаби риояи рукнҳои фарҳанги миллиро сарфи назар мекунад, ҳамон шахс худаш ҷарима баста мешавад.”

Намояндаи Кумитаи дин афзуд, шахсони ваколатдор аз комиссияи танзим ҳаққи ҷарима бастан ё муайян кардани маблағи ҷаримаро надоранд, балки ҳар мавриди нақзи қонуни танзимро протокол карда, ба суд месупоранд: «Суд ҳаҷми ҷаримаро вобаста ба вазъи шахси гунаҳкор ва ҳолати вайрон шудани қонун муаййян мекунад. Барои шахсони воқеӣ маблағи ҷарима барои вайрон кардани қонуни танзим то 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ҷаримаи шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдорон боз ҳам вазнинтар аст. Барои ҳамин ҳам хуб мешуд соҳибони маъракаҳо тавсия диҳанд, ки меҳмонон бо чунин либосҳо ба тӯй ҳозир нашаванду айши ҳамаро талх накунанд.

Аммо ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки дар мавриди риояи қонуни танзим масъулони комиссияи танзим бештар ба паҳлуи пешгирӣ аз ҳолатҳои вайрон кардани ин қонун тамаркуз хоҳанд кард: «Мақоми ваколатдор тибқи қонун вазифааш танҳо қапидану ҷарима кардан нест, пеш аз ҳама вазифаи ҷонии кормандони соҳа пешгирӣ аст. Ва ба банди шашуми қонун дар ҷумлаи салоҳиятҳои комиссияҳои танзим ҳатто як банди нав илова шудааст, ки пеш набуд: «Андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонун.»

Аз ин рӯ, масалан, агар ягон зан бо чунин либос ба тӯй меояд, пас бояд аввал ба ӯ бифаҳмонанд, то қонуншиканӣ пешгирӣ шавад, аз он ки ба амал меояд.”

Қаблан огоҳиномаи як идораи ақди никоҳи Душанбе нашр шуд, ки дар он арӯсу домодро ҳушдор медоданд, ки бо сатр ворид шудан ба Хонаи ақди никоҳ манъ аст.

Намояндаи як хонаи ақди никоҳи Душанбе гуфт, аз ақди никоҳи арӯсе, ки ҳиҷоб дошт, саркашӣ кардааст ва танҳо баъди онки арӯс рӯймолашро иваз кард, никоҳи ӯву домодашро сабт кардааст.

Ҳамин тавр, чанд нафар аз онҳое ки баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо тӯй кардаанд, мегӯянд, соҳибони тарабхонаҳо аз онҳо хоҳиш кардаанд, ки меҳмононашон бо ҳиҷоб наоянд, чунки ба онҳо гап мерасад.

Бознашр аз сомонаи Ахбор


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Ба рости, гап дар сатр нест. Гап дар он аст, ки бонуи сатрпуш то кадом дарача босатру хушахлок аст. Баъзе бонувон гуиё сатрпушанд, вале ба рангу бори руй, чашму абрую лаб ва либоси ба бадан часпидаи онхо, ки хама узвхои эшонро ба намоиш мегузорад, менигарию хайрон мешави. Ба акидаи банда агар онхоро нагузоранд, ки либоси танги ба тан часпида пушанду рангу бори зиёде ба лабу руй бимоланд, аксарият аз пушидани сатр худори мекунанд. Илова бар ин борхо шохиди он шудаам, ки ин гуна духтаракони сатрпуши дар нишастгоххои мусофиркаш нишаста аз чо хеста ба занони солхурда чойи нишаст намедиханд. Рузе аз як нафараш пурсидам, ки барои чи ба зани кудакдор чой намедихад, дар чавоб бо кахр гуфт, ки аз барои ким ки шуда дар пахлуи мардон рост намеистад ва ба худ гунох намехарад. Ачабоо…

  • Шумо рост гуфтед аммо дар замони хозира дар дохили мошинхои мусофиркаш зану мардонро болои хам бор мекунанд. Хатто базе мардони бадахлок ба узвхои занон дастдарози мекунанд. Худам бо чашмонам дидам ки чи хел зани чабрдида аз дасти як марди беномус ба дод омад. Ин тарафашро хам фикр кунед.

  • Зан бисёр нозук аст. Калби бисёр поку нозук дорад. Аммо боиси таасуф аст, ки бо ин хел турфа одамони нопок ва амалхои ночои онхо ба калби поки занон дог меафтад. Хеч гох зани боифат он догро аз дил бароварда наметавонад. Аз ин ру аз тамоми занони точик хохиш мекунам ки ба мошинхое, ки дар он мардони зиёд рост истодаанд, нашинанд. Нагзаш интизори мошини дигар шаванд. Дидед ки мошин чои холи дорад бад шинед. Умедворам ки дар солхои минбад шояд ин масала аз тарафи масулин халу фасл мегардад.

Leave a Reply