Донишҷӯён ба Сурия рафтанд

Слайдер, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, Боймурод Ҷуманов, донишҷӯи тоҷики донишгоҳи ҳарбии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Сурия рафта, ба сафи созмони тундрави ДОИШ пайвастааст.

Ҳамроҳи ин зодаи деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ҳамсинфаш Анӯшервон Аҳмадалиев низ қасди сафари Сурияро кардааст, вале дар Туркия боздошт шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз пайвастан ду ҳамсинф аз деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт ба созмони тундрави «Давлати исломӣ” (ДОИШ) хабар додааст.

Тибқи иттилоъи инманобеъ, Боймурод Ҷуманов ва Анӯшервон Аҳмадалиев, сокини деҳаи номбурда, ки ҳарду ҳамсинф мебошанд, моҳи августи соли гузашта аз Федератсияи Русия тариқи убури марзи Туркия қасди пайвастан ба созмони тундрави «Давлати исломӣ» кардаанд, аммо Анӯшервон Аҳмадалиев дар Туркия боздошт шуда, Боймурод Ҷуманов худро ба қаламрави Сурия расондааст.

Боймурод Ҷуманов тариқи барномаи «Зело» шомили ДОИШ шудааст. Ҳоло Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба зидди ин ду ҳамсинф ва дӯст парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҳардуро дар кофтукови расмӣ қарор додааст.

Боймурод Ҷуманов бо моддаи 401, иловаи 1 ва Анӯшервон Аҳмадалиев бо панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ аз моҳи октябри соли 2017 дар кофтуков қарор доранд.

Боймурод Ҷуманов, донишҷӯи яке аз донишгоҳи ҳарбии шаҳри Санкт- Петербурги Русия будааст.

Аз манбаъҳои муътамад бармеоянд, ки аз деҳаи Хиштхона ҳоло раиси бахши ноҳиявии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Шавкат Шарипов низ берун аз Тоҷикистон буда, дар кофтуков қарор доштааст. Шавкат Шарипов, ба гуфтаи ин манобеъ, ҳамроҳ бо оила ва модараш дар Австралия қарор доштааст. Бародарони Шавкат низ дар пайи сахт шудани мубориза бо аъзои ҲНИТ тарки деҳа кардаанд.

Моҳи август дар бораи боздошти дастикам 16 нафар аз аъзои собиқи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт гузориш шуда буд. Аксари онҳо аз ҷамоати Понғоз, аз ҷумла аз Хиштхона буданд.

Дар гузашта Собир Ашуров, фарзанди собиқ омӯзгор ва раиси кумитаи маҳаллаи ин деҳа дар Сурия ба ҳалокат гардидааст.

Моҳи январи соли равон се сокини ҳамин деҳа Завқиддин Усмонов, Шавкат Норматов ва Розиқ Имомов бо ҷурми пайравӣ ба ҷараёни мамнӯи Салафия ба чор соли зиндон маҳкум шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тайи чанд соли охир беш аз 1100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи созмонҳои тундрав, асосан ба ДОИШ пайвастаанд. Даҳҳо нафари онҳо зану фарзандони худро низ ба он ду кишвари ҷангзада бурдаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати дастикам 300 ҷангии тоҷик дар Сурияву Ироқ гузоришҳо ба даст расидаанд.

Баъди танг шудани ҷои пои ДОИШ дар Ироқу Сурия дар бораи боздошти даҳҳо зану кӯдаки ҷангиёни тоҷик аз Ироқ гузориш шуда буд. Онҳоро то замони муайян шудани сарнавишти баъдиашон дар ду урдугоҳ дар канори шаҳри Мосул нигоҳ медоранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply