46 % пур кардани нақшаи тирамоҳии даъват дар 10 рӯз

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз иҷрои 46 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати наваскарон тайи 10 рӯзи аввал хабар дод.

Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати дифоъ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ВМКБ бо иҷрои 71 фоизи нақша пешсаф буда, аллакай дар ин вилоят ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоб аз иҷрои 100 дарсадии нақша хабар додаанд.

Манбаъ афзуд, нақшаи даъват дар вилояти Суғд 58% буда, дар ин минтақа ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Истиқлол, Спитамен, Зафаробод ва Шаҳристон нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 44%-ро ташкил додааст. Аз 25 шаҳру навоҳии Хатлон нақшаи даъват тайи 10 рӯз дар ноҳияҳои Носири Хисрав ва Шамсиддин Шоҳин 100 фоиз иҷро гардидааст.

Вазорати мудофиа  афзуд, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 36 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад, он ба 40 фоиз баробар аст.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш якуми октябр шурӯъ гардида, то ноябр идома хоҳад кард. Имсол ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хизмати Модар-Ватан мераванд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply