3 талоқ аз рӯи клип

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом кормандони “Оила”.  Мухлиси газетаи шумо ҳастам ва ҳоло аз беморхона бароятон нома навишта истодаам.

14-рӯз пеш байни ману шавҳарам моҷаро сар зад. Сари қаҳр хостам кӯдаконамро гирифта баромада равам, вале шавҳарам то қади роҳи калон аз пасам давида, зӯран писаронамро аз дастам кашида гирифт ва “ҷавобатро додам” гуфту дигар ба пасаш нигоҳ накарда рафт. Дар байни роҳ яккаву танҳо монда, он қадар гиристам, ки аз ҳол рафтам. Кадом ҳамсоя ҳоли маро дида ба хонаамон занг задааст. Бародарам аз моҷаро хабардор шуда, ба суроғам рафт ва маро ба мошинаш шинонда ба хонаи модарам овард. Падарам сабаби ҷангу ҷанҷоламонро пурсон шуд. Гириста-гириста гуфтам, ки шавҳарам дар клипи як ҳофиза нақш бозидааст. Ҳамсояҳо он клипро тамошо карда, маро масхара карданд, ки шӯят зани “звезда” ёфтаасту ту хабар надорӣ?! Оташи рашкам аланга зада аз гиребони шавҳарам гирифтам, ки ту бо он ҳофиза чӣ муносибат дорӣ. Ба ҷойи бахшиш пурсидан шавҳари булҳавасам дар рӯям ошкоро гуфт, ки ту ба як нохуни пойи ҳамон ҳофиза намеарзӣ, барои ҳамин қаҳр карда аз баҳраш гузаштам. Падарам маро коҳиш намуд, ки беақлӣ карда, аз пушти як суруд хонаи бахтамро бо дасти худам оташ задаам, вале модарам тарафи маро гирифта гуфт: “Сари вақт лаҷоми мардакро накашӣ, ҳар рӯз дар болоят як зан мегирад. Хуб кардӣ, ки қаҳр кардӣ!” Падарам модарамро сарзаниш намуда гуфт: “Дар вақташ ман ҳам ошиқи шайдои як ҳофизаи номдор будам, вале аз ту ҷудо нашудам-ку, духтарат бояд сабру таҳаммулро пеша намуда, аз гиребони шавҳараш намегирифт. Акнун ҳоли вай бе кӯдаконаш чӣ мешавад?!”

Янгаҳоям маро дилбардорӣ намуданд, ки зиқ нашавам, дер ё зуд суд албатта кӯдаконамро ба ман бармегардонад, чунки ҳанӯз хурданд.

Ҳамин тавр аз байн як моҳ гузашту шавҳарам худаш кӯдаконамро оварда дод. Ба бародаронам гуфтааст, ки ман барқасди хоҳаратон ҳамон ҳофизаро ба занӣ мегирам. Аз минбари “Оила” ба шавҳари зану фарзандбезорам гуфтаниям:

-Фаррух, барои ман дигар фарқ надорад, ки ҳофизаро ба занӣ мегирӣ ё бо духтари шоҳи париён хонадор мешавӣ!  Барқасд ягон мардаки аз ту зеботару доротарро ёфта нагирам, номам Шаҳло набошад!

Шаҳло, ш. Қурғонтеппа.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

6 комментарий

  • Пушаймон Мешен шавхаратонро ба аллох супоред хамаш хуб мешавад бовар кунед

  • Телефонамро диҳам ё худат аз Tajikistan times суроғаамро мегирӣ?))))

  • Ха, Шумо оташи рашкатонро хомуш накунеду шавхари булхавасатон аз паси хофизахои хонавайронкун давида гардад, ду фарзандатонро фикр накунед, ки онхо бе падар ва ё бе модар чи пешомаде минтизор аст! Барои Шумо мардак ёфтан «ду карат ду», вале намеандеши ки шавхари ёфтаат барои тифлаконат падар мешавад ё не?!!! худхох набошед, фикри фарзандонро кунед, дилашонро нашиканед.

  • Хоҳари азиз! Мутаасифона мо занҳо пас аз фарзанддор шудан барои худ не,балки барои фарзандонамон бояд зиндаги намоем.
    Аксари мардон чунинанд.Вақте,ки аз зиндагӣ дилгир мешаванд ҷои дигар дилхуши мекобанд ва аз домани кадом сабукпое гирифта,никоҳи муқаддасро зери по менамоянд.Мо занон бахшандаем табиати мо чунин аст.Ба хотири фарзандонат,ки бепадар намонанд уро бубахш.Боқи дар паноҳи Худованд бош!

Leave a Reply