Вазиров: Харкушҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд!

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Хадамоти байтории Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар хостааст, барои афроде, ки дар куштани хар ва интиқоли пӯсти он ба хориҷа даст доранд, ҷазо таъйин кунад. Ин дархостро Хадамоти байтории Вазорати кишоварзӣ аввали имсол фиристодааст.

​Дар санад  гуфта нашудааст, ки барои забҳи хар чӣ гуна ҷазо таъйин шавад, аммо ин номаро барои баррасӣ ба ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ, додситонӣ, кумитаи амният ва вазорати кишоварзӣ фиристодаанд, то назари онҳоро дар робита ба ин масъала бигиранд. Дар ин нома бо имзои Шералӣ Вазиров – сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба ҳукумат гуфта шудааст, ки ҳашт сол боз баъзе аз сокинони кишвар ва хориҷиҳо, махсусан шаҳрвандони Чин, талоши бунёди корхонаи коркарди пӯсти харро доранд. Ӯ гуфтааст, онҳо ба ин кор ризоят надоданд.Вале бо вуҷуди ин, ба қавли раҳбари Хадамоти байтории Тоҷикистон, мавридҳои забҳу талоши содироти пӯсти хар ба хориҷ сабт шудааст. Аз ҷумла, Файзуллохоҷа Юсуфов – раиси корхонаи “Файзи Мастчоҳ” – барои сар буридани даҳҳо хар 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Мақомот мегӯянд, Файзуллохоҷа Юсуфов барои “риоя накардани қоидаҳои байториву санитарии ҳамлу нақл” ва “забҳи хар дар ҷойҳои муқаррарнашуда” айбдор аст.

Дар номаи Хадамоти байторӣ аз боздошти як “Дулан” бо 130 хар ёдоварӣ шудааст, ки бидуни санадҳои байторӣ аз ҷануби кишвар ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол ёфта буд. Ҳамчунин, моҳи январи имсол дар гузаргоҳи сарҳадии “Қарамиқ”-и ноҳияи Лахш 3 ронандаи тоҷик қасди интиқоли 120 харро аз хатти марз доштанд. Аммо кормандони нуқтаи назорати сарҳадии байторӣ онҳоро ба сабаби надоштани иҷозатнома ва шаҳодатномаи байторӣ бо борашон пас гардондааст.

Ба ҷуз ин, ба гуфаи манобеи наздик ба тафтиши қазияи забҳи хар, ахиран дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Хадамоти байторӣ ду мавриди дигари сар задани шумораи зиёди харро ошкор кардаанд. Вале мақомоти ин ниҳод нахостанд, ҷузъиёт ва омилони онро ошкор кунанд.

Моҳи январи соли ҷорӣ наворҳои забҳ ва пӯст кандани даҳҳо хар дар вилояти Суғд ба Интернет роҳ ёфта, оташи баҳсҳои пуршӯреро байни сокинон доман зад, ки пӯсту гӯшти ин ҷонварро барои чӣ истифода мекунанд. Як манбаи наздик ба таҳқиқи парвандаи ин қазия, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад,  гуфтааст,ки  он манзараи ваҳшатнокро дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷн Ғафуров кормандони мақомот ба навор гирифтаанд, ки онҷо даҳҳо харро барои коркард дар корхонаи мазкур пӯст меканданд.

Ӯ гуфт, “гӯшту каллаву почаи даҳҳо хар дар як ҷои селгузар парешон буд. Кормандони санитарию байторӣ рафта, ҷамъ карданд. Баъд сӯхта безарар гардониданд ва болояш хок пӯшониданд”.

Гузашта аз ин сару садо дар бораи роҳ ёфтани гӯшти хар ба кабобпазиҳову ошхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд баланд шуд. Аммо мақомот ин эҳтимолро қотеона рад мекунанд ва мегӯянд, ягон мавриди фурӯш ё дар таҳияи ғизо истифода кардани гӯшти хар дар шаҳри Хуҷанд ошкор нашудааст.

Мардуми мусалмони Тоҷикистон аз истеъмоли гӯшт ва истифодаи пӯсти хар парҳез мекунанд. Қонунгузории Тоҷикистон барои забҳ ва истифодаи пӯсту гӯшти хар маҳдудият ва ҷазое пешбинӣ намекунад.

Пешниҳоди Хадамоти давлатии назорати байторӣ ба ин маъност, ки мақомот ба хотири ҷилавгирӣ аз забҳи саросарии хар ва интиқоли он ба берун аз Тоҷикистон бояд аз чораҳои сахттар кор бигиранд ва омилони онро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд.

Зимнан, бо он ки гӯшти хар дар миёни чиниҳо талабгорони зиёд дорад, ба навиштаи рӯзномаи Guardian, пӯсти ин ҳайвон низ дар тибби суннатии чинӣ хосияти табобатӣ доштааст. Тавре ки ин рӯзнома менависад, чиниҳо аз маҳлули ҷӯшидаи пӯсти хар моддае ба даст меоранд, ки аз он барои муолиҷаи бехобӣ ва сулфа истифода мешавад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply