1миллион дуздиду ба даст афтод

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Як ноболиғи 15-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони дуздии 1 миллиону 705 ҳазор рубли русӣ, 400 доллар ва 10 ҳазор сомонӣ аз манзили як марди 60-сола дастгир шудааст. Ин ҳодиса ҳанӯз 21 май рух дода буд, вале гумонбарро танҳо баъди 7 моҳ тавонистаанд ки дастгир кунанд.

Аз навори хабарҳои рӯзҳои 28-29 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дуздии маблағи ҳангуфт аз ҷониби ноболиғ

Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров марди 60-солаи сокини ноҳияи мазкур, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми майи соли 2017, тахминан соати 12:45-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 10000-сомонӣ, 400-доллари амрикоӣ ва 1 миллиону 705 ҳазор рубли Федератсияи Россияро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Бо роҳи фиреб гирифтани маблағи зиёд

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2016, марди 30-солаи сокини ноҳияи Восеъ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 400000-сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ҳамин ШВКД марди 30-солаи сокини пойтахт, соҳибкор, бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки номбурда моҳи феврали соли 2016 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10000-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Марди 30-солаи гумонбар дар қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, ба панҷаи қонун супорида шуд.
Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дуздии телефони мобилии тамғаи «Айфон-7”

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 21-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 27-уми декабри соли 2017, тахминан соати 14:00- дақиқа, ҳангоми дар назди «Автоцентр”-и пойтахт қарор доштанаш, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-7”, ки арзишаш 6650-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар мардони 25 ва 27-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Амали хилофи қонун беҷазо намемонад

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 24-солаи сокини шаҳри Панҷакентро бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир намуданд.
Номбурда, рӯзи 22-юми декабри соли 2017, тахминан соати 23:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи «Хайфей”-ро, ки ба марди 23-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дошта, дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ғорат намудани телефонҳои мобилӣ аз дасти ноболиғон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муроҷиат намудааст, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2017, тахминан соати 13:15-дақиқа, ҳангоми дар бозори «Корвон” қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасти духтари ноболиғи 8-солааш телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси А-5”, ки арзишаш 2700-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 24-уми декабри соли 2017, тахминан соати 13:40-дақиқа, ҳангоми дар бозори «Корвон” қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасти духтари ноболиғи 7-солааш, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-6”, ки арзишаш 7000-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, татфишот идома дорад.

Дуздии ашёҳои гуногуни арзишнок аз корхонаи ордбарорӣ

Яке аз маъмултарин шаклҳои ҷиноят дуздӣ ба ҳисоб рафта, ба хотири ба даст овардани маблағу даромади муфт равона гардидааст. Содиркунандагони ин шакли ҷиноят гумони онро доранд, ки бо ба даст овардани маблағ аз ҳисоби меҳнати дигарон, зиндагонии осоишта дошта бошанд. Вале дер ва ё зуд ба даст афтида ба кирдори худ дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.

Новобаста аз шакли содиршавии ҷиноят имрӯз кормандони мақомоти милитсия бо тактика ва роҳу усулҳои навин ҷиноятҳоро ошкор ва нафарони содирнамудаи онро дастгир менамоянд.
Ду нафар бародарон Ҳасан ва Ҳусейн Кабировҳо, соли таваллудашон 1992, истиқоматқунандагони ноҳияи Рудакӣ, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешуданд, ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби кормандони ШШМ ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дастгир гардиданд.

Гумонбарон то лаҳзаи аз фаъолият боз мондани корхонаи ордбарорӣ, воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт, ки ба шаҳрванд Холиқов Фаридун тааллуқ дорад, ба ҳайси посбон фаъолият намуда, аз мавҷудияти ашёҳои гуногуни арзишнок огоҳӣ доштанд. Аз ин рӯ ба хотири ба даст овардани маблағ ва даромади муфт дар чанд маврид аз моҳи августи соли равон сар карда, пинҳонӣ аз коргоҳи мазкур муҳаррик, трансформатор, контейнер ва як қатор ашёҳои дигарро ба яғмо бурдаанд.

Ин ду бародар Ҳасан ва Ҳусейн бо маслиҳати пешакӣ гуруҳи ҷиноятиро созмон дода, аввалҳои моҳи августи соли ҷорӣ вориди ин коргоҳ шуда, аз он ҷо ҳафт адад муҳаррикро пинҳонӣ тасарруф кардаанд. Ашёҳои дуздидашударо бо маблағи ночиз ба фурӯш гузошта, ба манфиати худ сарф намуданд.
Ин гуруҳи ҷиноятпеша кирдорҳои ҷиноятиро идома дода, боз такроран моҳи ноябри соли равон аз дохили корхонаи мазкур ду адад трансформаторҳои барқдиҳандаро, ки ҳар яке аз онҳо арзишҳои гуногун доранд, тасарруф намуда, аз фуруши онҳо манфиат ба даст овардаанд.
Баъд аз дастгир гардидани ин гуруҳи ҷиноятпеша ду адад трансформатори барқдиҳанда, ки ба фурӯш гузошта буданд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.
Маҳз ҳирси соҳиб шудани маблағ буд, ки ин гуруҳи ҷиноятӣ маротибаи сеюму чорум, вориди ин коргоҳ шуда, ин дафъа як миқдор лавозимоти сохтмонӣ, 6-адад дучарха, яъне мототсиклҳои корношоям ва ду адад контейнерро ба даст оварда, дар корхонаи оҳангудозӣ ба ҳайси оҳанпора фурӯхтаанд.

Бо бурдани корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбарон бо содир намудани маҷмӯи кирдорҳои ҷиноятӣ ба ҷабрдида ба маблағи 15-ҳазор доллари амрикоӣ бо асъори миллӣ зиёда аз 130-ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамаи манфиатҳои хилофи қонун ва бидуни арақи ҷабин ба даст омада, оқибати нохуб дошта, дер намепояд. Айни замон гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 244-Коддекси Ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Сироҷиддин Шукуров, нозири гуруҳи ахборотии РВКД дар ш. Душанбе, лейтенанти-милитсия


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply