133-тоҷики ДИИШ-гаро

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Аксари хориҷиёне, ки дар Туркия дар роҳи сафар ба Сурияву Ироқ бо ҳадафи пайвастан ба созмонҳои назири ДОИШ ваё дар роҳи бозгашт аз он ду кишвари ҷангзада дастгир шудаанд, аз Русия, Чин ва Тоҷикистон будаанд.

Вазорати корҳои дохилии Туркия мегӯяд, ҳар нафари бистуме ки дар ин кишвар бо иттиҳоми узвият ваё иртибот бо созмони тундрави «Давлати исломӣ” (ДОИШ) дастгир мешаванд, шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Хабаргузории расмии Туркия – Анадолу – рӯзи 28 декабр омори расмии вазорати корҳои дохилии ин кишвар дар масъалаи муборизааш бо «Давлати исломӣ” нашр кард.

Бино ба ин омор, дар тӯли соли 2018 дар қаламрави Туркия 3359 нафар, бо шумули 1485 хориҷӣ, бо иттиҳоми узвият ваё ҳамкорӣ бо ин созмони тундрав дастгир шуда, 1313 нафар, бо шумули 679 хориҷӣ бо ҷурми ҳамкорӣ бо ДОИШ зиндонӣ шудаанд. Ҳамчунин Туркия 4019 нафари машкукро дар як соли охир аз қаламрави худ аз ҷумла бо гумони иртибот бо созмонҳои террористие, назири ДОИШ ихроҷ кардааст.

Ба ҳисоби мақомоти Туркия, ДОИШ тайи чанд соли вуҷудаш то 52 000 нафаро аз 145 кишвари дунё таҳти парчамаш гирд овардааст.

Вазорати корҳои дохилаи Туркия ҳамчунин омори панҷсолааш дар бораи боздоштҳову ҳабсҳои марбут ба «Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари ҷангӣ дар Сурияву Ироқро нашр кард. Бино ба ин омор, дар байни солҳои 2011 -2016 дар Туркия 7015 нафар, аз ҷумла 2712 хориҷӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир шуда, аз ин шумор 2304 нафар, бо шумули 932 тан аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба зиндон кашонда шудаанд.

Беш аз нисфи ин хориҷиҳои дар Туркия боздоштшуда атбои худи Сурия ва Ироқанд. Вале аз миёни кишварҳои дигар аксари хориҷиёне, ки дар Туркия дар роҳи сафар ба Сурияву Ироқ бо ҳадафи пайвастан ба созмонҳои назири ДОИШ ваё дар роҳи бозгашт аз он ду кишвари ҷангзада дастгир шудаанд, аз Русия, Чин ва Тоҷикистон будаанд.

Тайи солҳои 2011-2015 дар Туркия 328 шаҳрванди Русия боздошт ва 134 нафар зиндонӣ шудаанд. Аз Чин дар ин муддат 216 нафар дастгиру 72 тан зиндонӣ шудаанд. Аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар 5 сол дар Туркия 133 нафар боздошт гардида, 47 нафарро ба зиндон андохтаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply