12 ҳазор доллар барои куштани додару ҷиян

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Тавре сомонаи ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 54-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва духтари 26-солаи ӯро ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба куштор дастгир намуданд.

Номбурдагон, охирҳои моҳи октябри соли 2017 аз сабаби муноқишаи оилавӣ ва маслиҳати пешакӣ, ба воситаи шахси зархарид (одамкуш) аз ҳаёт маҳрум намудани додараш, марди 47-сола ва писари 20-солаи додараш барои замини наздиҳавлигӣ, ки ба онҳо ҳамчун мерос монда шудааст, 12000 доллари амрикоӣ пешниҳод кардаанд.
Бо кӯшишу талошҳои кормандони милитсия аз ин ҷиноят пешгирӣ карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply