10 август — Рӯзи варзишгарон бошаҳомат таҷлил шуд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дирӯз – 10 август — бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи варзишгарон силсилачорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва суҳбату мулоқот бо варзишгарон ва собиқадорони варзиш доир гардид.

Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 6:30 дар боғи Парчами давлатӣ, боғи Рудакӣ, Нишони давлатӣ, Сирки давлатӣ, саҳни бинои Опера ва балет ва Варзишгоҳи марказӣ беш аз 1000 нафар наврасу ҷавон машқи пагоҳирӯзӣ намуданд. Сипас, соати 9 дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” бо ишитироки варзишгарону мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиш маросими тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иштирок намуд.

Чорабинии ҷашнӣ бо иштироки варзишгарон ва собиқадорони соҳа дар ноҳияи Варзоб бо густурдани дастурхони идона аз ҷониби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ идома ёфт. Инчунин ба 30 нафар собиқадорони соҳа, 30 нафар варзишгарони муваффақ ва 16 нафар собиқадорони соҳаи футбол туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply