Тоҷикистон беҳтаринҳоро ба 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ интихоб мекунад

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории омодагӣ ба 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки 12-22 майи соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир мегардад, баргузор шуд.

Тасмим гирифта шуд, ки федератсияҳо номзадҳои арзандаро ба Кумитаи миллии олимпӣ пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, масъалаи либоси ягонаи варзишгарон баррасӣ гардида, шакли ниҳоии он рӯзҳои наздик тасдиқ карда мешавад.

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ яке аз чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар қитъаи Осиё ба ҳисоб меравад. Ин бозиҳо як марҳилаи хуби омодагии варзишгарони мо ба Бозиҳои Осиё дар толорҳои пӯшида (сентябри 2017, Ашхобод) ва Бозиҳои Осиё-2018 маҳсуб мешавад


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply