Ташаккур барои автогол, Ӯзбекистон!

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер

Мунтахаби 19-солаҳои Тоҷикистон ба ЧО-2018 роҳхат гирифт

Мунтахаби 19-солаҳои Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев вохӯрии охиринашро дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 аз дастаи пурқуввати Ӯзбекистон бо «задани» голи ягона бурид ва аз гурӯҳи «В»  сазовори роҳхат ба марҳилаи финалии ин мусобиқаи бонуфузи қитъа гардид.

Дар ин бозӣ воқеан бахти варзишӣ ё фортуна ба рӯйи футболбозони тоҷик хандид. Футболбози мунтахаби Ӯзбекистон Дилшод Саитов дар дақиқаи 53-юм зарбаи мизбононро монеа шудан хост, аммо тӯб ногаҳон аз ӯ ба дарвозаи мунтахаби меҳмонон дохил шуд. Беш аз 3500 мухлиси футбол аз шодӣ ба по хеста, каф кӯфтаю ғирев бардоштанд.

Ҳамон рӯз мунтахаби Бангладеш дар ҳузури 50 мухлис дастаи яккачини Шри-Ланкаро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дод.

Пас аз анҷоми бозиҳои марҳилаи интихобии ЧО-2018 байни мунтахабҳои ҷавонони 19-сола ҳамаи  иштирокчиёни марҳилаи финалии он маълум шуданд. Ба ин марҳила 10 дастаи мунтахаби кишварҳои АМА  (гурӯҳи «A»), Тоҷикистон («В»), Қатар («С»), Арабистони Саудӣ («D»), Урдун («E»), Кореяи Ҷанубӣ («F»), Хитой («G»), Вйетнам («Н»), Ҷопон ( «I») ва  Австралия («J») роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон, роҳхати финалиро ба ЧО- 2018  5 мунтахаби зерин, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро гирифтанд, соҳиб шуданд:

— Ироқ («С»), Таиланд («I»), КНДР («J»),  Тайбэй Хитой («Н») ва Малайзия ( «F»).

Мавриди зикр аст, ки аз кишварҳои аъзои Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба марҳилаи финалии ЧО-2018 фақат мунтахаби Тоҷикистон роҳ ёфтааст.

Марҳилаи ниҳоӣ ё финалии соли оянда аз 18 октябр то 4 ноябр дар кишвари Индонезия баргузор мешавад


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply