ПСЖ ва «Бавария» пеш аз муҳлат ба марҳилаи 1/8 финал баромаданд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

31 октябр  бошгоҳҳои футболи  «Пари Сен-Жермен» (ПСЖ)- и Фаронса   ва  «Бавария»-и Олмон пеш аз муҳлат ба даври ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳо роҳхат гирифтанд. Ин рӯйдоди варзишӣ пас аз баргузории бозиҳои чоруми   давра гурӯҳии мусобиқа маълум гашт.

ПСЖ дар майдони худ дастаи «Андерлехт»-и Белгияро бо ҳисоби калони 5:0 торумор кард. Голҳоро Марко Верратти (дар дақиқаи 30-юм) , Неймар (д. 45) ва Лейвин Курзава (д. 52, 72, 78) муаллиф шуданд. «Бавария» дар меҳмонӣ бартарии техникӣ нишон дода, «Селтика»-и Шотландия  2:1 мағлуб кард. Тӯбҳоро аз «Бавария»  Кингсли Коман (д. 22)  ва Хави Мартинес (д.77),  аз«Селтика» Каллум Макгрегор (д.74) ба тӯри дарвозаҳо расонданд.

Баъди ин пирӯзӣ дар гурӯҳи  B ПСЖ ҷойи якумро бо 12 хол гирифт.

Пас аз он дастаҳои «Бавария» (9 хол), «Селтик» (3 хол), «Андерлехт» (0 хол) мавқеъ гирифтаанд. Бад-ин минвол, (ПСЖ)- и Фаронса   ва  «Бавария»-и Олмон пеш аз муҳлат соҳиби роҳхат ба даври ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳо гардиданд.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply