Ҷоми Осиё-2019: Тоҷикистон — Яман- 0:0

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер

Бозии интихобии даври панҷум байни мунтахабҳои Тоҷикистону Яман барои роҳхати Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» бегоҳии 14 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо мухлисии беш аз 12 ҳазор нафар диданӣ ҷараён гирифт. Аммо афсӯс ки ғолибро муайян карда натавонист. Ҳисоби мусовии 0:0 ба ҳар ду даста фақат 1-холӣ оварда, мавқеъашонро дар гурӯҳ тағйир надод: Яман бо 7 хол дар ҷойи дуюм ва Тоҷикистон бо ҳамин қадар хол мақоми сеюмро таҳким бахшиданд.

Вохӯрии мунтахабҳои Непалу Филиппин низ бенатиҷа – 0:0 анҷом ёфт. Ин дастаҳо дар гурӯҳ ду ҷойи охиринро касб намудаанд.

Вохӯриҳои  охирини гурӯҳӣ  миёни мунтахабҳои Филиппин– Тоҷикистон ва Яман – Непал  27 марти соли 2018 баргузор мегарданд. Футболбозони тоҷик ҳоло низ имконияти ба финали Ҷоми Осиё-2019 роҳхат гирифтанро доранд, ба шарте ки филиппиниҳоро шикаст диҳанд


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply