Набимуҳаммад Хоркашов як қадам то Ҷаҳонпаҳлавонӣ

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ҶАҲОН

Набимуҳаммад Хоркашев, ки чанд соли охир ҳатто дар мусобиқаҳои дохилиҷумҳуриявӣ иштирок намекард, дар арафаи чемпионати ҷаҳони мазкур  бо даъвати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи самбои Тоҷикистон ба машқу тамрин пардохт, вале ҳангоми нияти пайвастан ба мунтахаби кишвар  сардори раёсати варзиши Кумитаи номбурда Носир Бозоров ва ҳамзамон сармураббии дастаи мунтахаби кишвар ба ӯ гуфтааст, ки «ҳар касе хоҳиши ширкат дар ин мусобиқаро дорад, бо сармояи худаш ба Сочи сафар намояд».

Паҳлавони шинохта ба нанг омада, аз мушкилоти эҷодшуда бо кӯшишу талоши худ сарпараст пайдо намуд ва баъди ду рӯз  бо мадади клуби варзишии «Акбар»худро ба чемпионат расонд. Ӯ 12 ноябр дар намуди самбои варзишӣ пас се пирӯзӣ бар рақибонаш Александр Фисчетти (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Ҳакимҷон Исмоилов (Ӯзбекистон) ва Клауди Коумен (Камерун) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо ин  дар ин марҳилаи ҳалкунанда аз паҳлавони Русия Артём Осипенко, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон, бо бартарии камтарини 0:1 мағлуб гардида, ба гирифтани ҷойи дуюм ва медали нуқраи чемпионати ҷаҳон сарфароз шуд. Агар Набимуҳаммад дар марҳилаи мазкур дастболо мешуд, дар вазни +100 кг мисли С. Раҳимов Ҷаҳонпаҳлавон этироф мегардид. Вале ӯ исбот кард, ки боз солҳо метавонад дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил шаваду аз парчамбардорони варзиши миллӣ бошад.

Набимуҳаммад Хоркашов беш аз даҳ сол аст, ки дар вазни вазнинтарин унвони чемпиони самбои  кишварро дорад. Вай барандаи чор  медали нуқра ва як медали биринҷии чемпионати ҷаҳон ба шумор меравад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply