Мотосиклронҳои тоҷик Амрикоро фатҳ мекунанд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер

Дастаи мотосиклронҳои Тоҷикистон дар заминаи татбиқи лоиҳаи худии «Мо-тоҷикон»  дар Иолоти Муттаҳидаи Амрико пойгаи байналмилалӣ баргузор мекунанд.

Тавре Фарҳод Калонов, сарвари даста ба ВАО иттилоъ додааст,  пойгаи мазкур бори сеюм аст, ки амалӣ карда мешавад. Пойгаи аввалини байналмилалии «Мо-тоҷикон»  соли 2015 ба масофаи 13 км дар кишварҳои ИДМ ва Туркия барпо гардида буд. Соли 2016 пойгаи дуюми байналмилалии «Мо-тоҷикон-2»  масофаи 7 ҳазор километри 12 кишварро фаро гирифт, ки рӯҳияи тарғиби ватандӯстиро дошт.

Ҳадафи пойгаи сеюми байналмилалӣ-2017 таҳти унвони «Мо-тоҷикон-3. Роҳ ба Ғарб» шиносоӣ бо зисту рӯзгори мардуми ИМА мебошад.

— Мо парчами миллии  худро ба 20 иёли Амрико аз уқёнуси Аттлантика то уқёнуси Ором муаррифӣ карданием, — мегӯяд иштирокчии дигари пойгаи мотосиклронони тоҷик Форис Нурмуҳаммадов. – Барои ин моро лозим меояд, ки наздики 10 ҳазор километр роҳро паси сар намоем. Пойгаро аз нуқтаи ҷанубии ИМА Ки-Уэсти иоли Флорида оғоз карда, пасон иолҳои Майами, Орландо, Атланта ва  Ню-Йоркро мегузарем. Дар роҳ ба Вашингтон тоб хӯрда, бо сафири Тоҷикистон дар ИМА во хоҳем хӯрд. Бо тоҷиконе, ки дар Детройт ба сар мебаранд, мулоқот меороем.

Даста аз 6 нафар иборат буда, ба ИМА санаи 8 май раҳсипор мешавад. Онҳо барои  пойга 3 адад мотосикл ва мошини техникии ёрирасонро дар Майами ба иҷора гирифтанианд. Байкерҳои (мотосиклронҳои) тоҷик 10 ҳазор километрро дар тӯли 30 рӯз тай хоҳанд кард.

Лоиҳаи «Мо-тоҷикон-3. Роҳ ба Ғарб»-ро ширкати мобилии «МегаФон Тоҷикистан» сарпараст мебошад.

Ба дастаи мотосиклронҳои Тоҷикистон   Фарҳод Калонови 41-сола, сарвари даста, сайёҳи мотосиклгард, варзишгари мушкилиписанд (экстремал), Форис Нурмуҳаммадови 30-сола, байкер, соҳибкор, Сано Калонова, завҷаи Фарҳод, иштирокчии доимӣ, нахусттоҷикбонуи мотосиклрон (байкер), Мансур Остонаеви 44-сола, сайёҳи мотосиклгард (байкер), соҳибкор, Бахтиёр Шарипови 35-сола, техник, сайёҳ, соҳибкор ва Умед Аҳмадзодаи 37-сола, котиби матбуотии даста, хабарнигори ТВ «Варзиш» шомил гардидаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply