Медали тиллои навбатии даванда Кристина Пронженко

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА

Яке аз намояндагони варзиши сабуки Тоҷикистон рекорди нави миллии кишварро дар мусобиқаи байналхалқӣ оид ба варзиши сабук гузошт ва ба хазинаи кишвар боз як медали тилло зам кард.

Дар даври 20-уми мусобиқаи анъанавии варзиши сабук барои ҷоизаи чемпион Татяна Колпакова дар Бишкек варзишгарон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон ширкат карданд. Ду дастоварди Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 54,70 ва 400 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 59,34 рекордӣ буданд. Ў рекордҳои нави ҷумҳуриро дар ин намудҳо гузошт. Пеш аз ин Кристина дар чемпионати Тоҷикистон рекорди миллӣ гузошта буд. Вай дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеаҳо медали тилло гирифт, ки натиҷааш 59,70 буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply