Леонид Слутский ба истеъфо фиристода шуд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Мутахассиси рус Леонид Слутский, ки чанде сармураббии мунтахаби Русия оид ба футбол буд ва баъдтар сармураббии клуби футболи «Халл»-и Англия таъин гардид, аз ин вазифа ба истеъфо фиристода шуд.
Дар ин бобат ТАСС хабар дода, меафзояд, ки Леонид Слутский моҳи декабри соли 2016 маснади сармураббии ССКА-и Маскавро тарк намуд. Ӯ дастаи низомиёнро аз соли 2009 роҳнамоӣ карда, дастаро секарат чемпиони Русия, дукарат барандаи Ҷом ва Ҷоми олии Русия намуд. Мунтахаби Русия бошад, ба марҳилаи финали Чемпионати Аврупо-2016 роҳхат гирифт.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply