Кулулқаиқрон

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер

Аввалин Устоди варзиши СССР дар Осиёи Марказӣ

Андуҳам басо гарон аст, ба он хотир, ки варзиши миллати тоҷик талафоти бузург дод. 2-юми августи соли 2017 яке аз варзишгарони асил ва нотакрори риштаи қаиқронӣ, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, Мураббии шоистаи Тоҷикистон, ҷоизадори Спартакиадаи халқҳои СССР дар солҳои 1959, 1960, 1961  Кулул Қурбонов дар синни 81-солагӣ аз байни мо рафт…

Муаллим умри неку бобаракате диданд. Дар камолоти шогирдон, рушду инкишофи соҳа ба қавле «сарро сафед» карданд. Дар симои ҳар як шогирди ҳаваскори худ сарсабзию камолоти минбаъдаи қаиқронии миллиро медид. Бо устод Кулул Қурбонови қаиқрон лафзи бародархондагӣ доштам.  Бо тақозои пешаи қаламкашӣ аз фаъолияти ибратбахши устод, аз завқу барор, нокомию талхии бохти шогирдон ва мактабашон борҳо маводҳо навишта, симои баҳодуронаи он касро дар як саф бо шогирдонаш васфу талқин кардаам.

Соли 2000-ум бо супориши раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Саидмуъмин Раҳимов бурдубохти соҳаи қаиқрониро аз Мактаби варзиши маҳорати олӣ дар риштаҳои амалӣ ба ҷаласаи мушовара бояд пешниҳод менамудам. Он солиён сарварии ин даргоҳро шогирдаш Сайид Бобоев уҳда менамуд. Аммо ғайричашмдошт раис С. Раҳимов таъкид доштанд, ки ҳатман бо Кулул Қурбонов, ки бевосита аз асосгузорон ва бунёдгарони мактаби мазкур буданд, мусоҳиба доир намоям.

Кулул Қрбонов иброз доштанд, соли 1953 пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳафтсолаи ба номи Ворошилови ноҳияи Панҷ ҷиҳати таҳсил ба шаҳри Сталинобод, ба Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил мешавад. Мутаассифона, пас аз як сол қиблагоҳашон мефавтанд. Акнун барои Кулули ҷавон аз ҳама ҷиҳат гарон меомад. Салоҳ донист, ки ба парастории аҳли хонадон кафил шавад. Аз байн соле гузашту дар шаҳри Сталинобод  ҷаласаи кормандони тарбияи ҷисмонӣ доир шуд, ки дар он масъалаи омодагиҳо ба Спартакиадаи якуми халқҳои СССР ба таври ҷиддӣ матраҳ  гардид.

Бо ҳамин мақсад  бо иқдоми хоҳарзодаҳо Любов ва Надежда Денисоваҳо аз шаҳри Сталингард барои мактаби қаиқронӣ  ҷиҳати машқ ва тамрини варзишгарони тоҷик ҳама таҷҳизотҳои техникӣ оварда шуданд. Макони машқро барои заврақронони ҷавон дар кӯли деҳкадаи Хоҷамбиё  мувофиқ донистанд.

Баъд аз ҳисоби донишҷӯёни  техникум ва факултети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе беҳтарин ихлосмандон ба узвияти даста шомил гардида, зери сарпарастии Белов Александр Иванович ва хоҳарони заврақрон Любов ва Надежда Денисоваҳо ба омӯзиши  заврақронӣ дар Тоҷикистон шурӯъ намуданд.

Барои санҷиши маҳорати касбии заврақронон бори нахуст зери роҳбарии қаиқрони машҳур, олим ва табиби мумтоз Иброҳим Ҳасанов дар Тоҷикистон мусобиқаи сартосарӣ баргузор гардид. Донишҷӯи соли сеюми таҳсили техникум Кулул Қурбонов ҳамроҳи Саймурод Ҳакимов дар заврақи дунафара ғолиб омаданд. Соли 1956 ҳар ду  дар Спартакиадаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ) дар масофаи 10 км мақоми дуюмро сазовор гардиданд. Ҳамзамон, баромади Кулули навмашқ дар Спартакиадаи халқҳои СССР назаррас буд. Ӯ миёни 56 нафар довталаб мақоми 8-умро ишғол намуд. Барои ин комёбиҳо  Кулул бо медали «Барои меҳнати шоён» қадрдонӣ шуд.

Кулул Қурбонов тавассути пирӯзиҳои ҷолибаш торафт дар варзиши қаиқронӣ роҳу мақоми арзанда пайдо мекард. Бо рӯйи сурху сари боло аввал Техникуми тарбияи ҷисмонӣ ва сипас факултети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистонро аъло хатм намуд. Чун узви пайваста ва комилҳуқуқи дастаи яккачини Тоҷикистон дар чандин спартакиадаҳо ва мусобиқаҳои умумиитифоқӣ ҳамроҳи Саймурод Ҳакимов фаъолона иштирок кардааст. Бо ҳамтояш Саймурод Ҳакимов дар қаиқи дунафара дар Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо қаиқронони қазоқ ба марра сеюмин шуда расиданд. Пас аз ин ғолибият соли 1958 ҳар чор номзади Устодии варзиши СССР-ро дар қаиқи дунафара ба ҷо оварданд.

Соли 1959 Иброҳим Ҳасанов, Кулул Қурбонов ва Саймурод Ҳакимов дар Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мақомҳои аввал ва нуҳумро ишғол намуда, байни 15 ҷумҳурӣ Тоҷикистони азизро соҳиби ҷоизаҳо гардонданд. Баъдтар солҳои 1959-1960  ду навбат дар масофаи 10 км Саймурод бо Кулул дар Спартакиадаи навбатии ҷумҳуриҳои  Осиёи Миёна ва Қазоқистон  медали тилло гирифтанд. Ҳардуяшон 5 дафъа ғолибони мутлақи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ин мутахассисони пуртаҷриба солҳо барои инкишофи қаиқронӣ ба сифати сармураббиёни давлатӣ саҳм гузоштанд.

Имрӯз бо сари боло метавон гуфт, ки бо шарофати заҳматҳои беназири Иброҳим Ҳасанов, Кулул Қурбонов ва Саймурод Ҳакимов қаиқронӣ дар мактабҳои қаиқронии шаҳрҳои Душанбе, Чкалов, Истаравшан, Норак, Сарбанд ва ноҳияҳои Вахшу Муъминобод бо маром рушд доранд.

Мирзосафар Шамсиддинов,

воқеанигори варзиш

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply